— Ин хел не. Онаҷонам мегӯяд, ки падари ман солиёни зиёд шабу рӯз дар андешаи ободонии Самарқанд буд. Хеле пурсуҷӯ кард, то бидонад, ки дар куҷои шаҳр обу ҳаво хуш бошаду барои сохтани қасри бузург мувофиқ. Оқибат ҷойи табъи дил ёфту кушки шоҳаншоҳӣ сохт ва Самарқандро пойтахти дуюми Хоразмшоҳиён эълон кард. Азбаски пас аз шармандагӣ бо пӯсту рӯйи сӯхта ба Ғӯрганҷ баргашта наметавонад, хоҳад-нахоҳад ба Самарқанд меравад.
— Ин хулосаи модаркалони туст. Вале раъйи падаратро худаш медонаду Худо. Вай пошоҳ аст, куҷое хоҳад-меравад!
— Акнун наметавонад! Онаҷонам мегӯяд, ки бефаросатиҳои фарзанди ғаюрро хеле сабру тоқат кардем, то кор ба гӯшу чашму забон буд. Акнун корд ба устухон расидаасту дигар ҳоҷати таъхир нест. Акнун вайро аз подшоҳӣ маъзул мебояд кард…
— Ин ғадри модар оё хиёнат ба фарзанд нест?
— Баръакс, онакалонам мегӯяд, ки худи писар дасти модарро озод кардааст, то лаҷоми мулк ба дасти валиаҳди ҷавон супорад. Яъне акнун ман подшоҳ мешавам!
— Ин табаддулот носипосӣ, бевафоӣ ва кӯрнамакии писар дар ҳақи падар мешавад. Ҳаргиз ноҷавонмардӣ накун, то оқипадар нашавӣ!
— Ман аҳдшикан нестам. Лекин онаҷонам мегӯяд, ки мо ба як сӯ шавем аз пеши подшоҳ ва Самарқанд ба ӯ супорему худ дар Ғӯрганҷ монем. Ту бо ман мемонӣ!
— Саросема нашав, ки ҳолӣ подшоҳ нестӣ. Тақдири маро бародари бузургат ҳал мекунад.
— Касе намедонад, ки Ҷалолиддини Манкбурнӣ мурда аст ё зинда?! Агар аз дасти сармо раҳида бошад, ҳамроҳи падар мемонад. Онаҷонам мегӯяд, ки мо вайро ба ҳалқаи худ ҷой намедиҳем. Яъне ки ту хоҳӣ-нахоҳӣ дар Ғӯрганҷ мемонӣ! Ту акнун они манӣ, ҷони манӣ, ҷонони манӣ!!
Узлоғшоҳ худро подшоҳ ҳисобид магар, ки бебок пештари «ҷонона» парида, ӯро бӯсидан хост. Нигина кафи дасти чап ба сандуқи дили шӯридасар ниҳода, вайро қафо тела доду бо дасти рост ба рӯяш нармакак силӣ зад ва бо нози сохта гуфт:
— Эй турктоз ошиқи бадбахту бешарм! Бӯса изҳори ишқ асту муҳаббат кори ҳар нодон нест. Оне ки на шарм дораду на сабр, ошиқ нест!
Узлоғшоҳро аз номеҳрубонии даст ва кинояҳои забони Нигина қаҳру хиҷолате ба рӯ омад. Хост ба як зарба вайро ба фарш афтонаду кораш тамом кунад. Аммо «то дилат хун нашавад, меваи ширин наёбӣ» ва «барои гул заҳмати хор мебояд кашид» гуфтанҳои модаркалонашро ба ёд оварду сухан бо нармӣ идома бахшид:
— Эй нозанин! Агар аз зарби дасти ту ман кушта шавам, бо хурсандӣ мегӯям, ки бақои умри ту бод! Бо поят маро помол кунӣ ҳам, чизе нагӯям. Чунки дар роҳи ишқи ту хортар аз хоку хасам. Фақат… бовар кун, ки ман ҳам дил дорам ва туро дӯст медорам!
— Хуб кардӣ, ки ошуфта нашудӣ, — аз каломи гарм дили сарди Нигина андаке гарм гашт. — Мардуми араб мегӯянд, ки «зарбул ҳабиби забибун!» Яъне, зарбаи маҳбуба чун мавиз ширин аст…
— Онаҷонам мегӯянд, ки ошиқкушӣ савоб аст!
Ҳарду ба завқ хандиданду Нигина бо шавқи аввала пурсид:
— Боз чиҳо мегӯянд онаҷонат?
— Мегӯянд, ки ошиқи неканҷом аз подшоҳи бадфарҷом беҳтар асту ошиқро мурод ба зар дуруст мешавад, на бо номи падар.
— Ин гапҳои онаҷонат ба ман маъқул…
— Онаҷонам боз мегӯянд, ки ошиқ барои аз маҳбуба як бӯса ситондан бояд хоки дари вайро ҳазор бӯса занад…
— Ин панди хуб аст, ҳамеша дар хотир нигоҳ дор.
— Имрӯз онаҷонам гуфт, ки оби дарёи ишқ ба нӯшидан кам намешад…
— Ман мегӯям, ки оби пок ифлос аз нӯши магас мешад!
– Ҳар чӣ ба даҳонат ояд, гуфтан гир. Ту шаҳду ман магас, ту асалу ман занбӯр, ту шамъу ман парвона, ту гулу ман булбул…
– Ҳеҷ кас ҳаргиз аз парвона садое нашунидааст, лекин ту мисли занбӯр дар буни гӯшам ғинг-ғинг мекунӣ?
— Баръакс, мисли булбули шӯрида чаҳ-чаҳ мезанам. Магар дурри гаронсанг ба гӯши ту гаронӣ кардааст, ки нолаи зори маро намешунавӣ? Намебинӣ, ки ман мисли садҳо ошиқи роҳгумкарда аз ҳар тараф ба ту қаробат меҷӯям… Ту, ки шеър менависӣ, хуб медонӣ, ки гул шукуфад, булбул масту ғазалхон мешавад. Охир ту ҳам шукуфон шав, то ман маст шаваму гӯям, ки бар бӯи пероҳани ин нозукбадан мирам!
— Агар дил шод набошад, чӣ сон тавон шукуфтан? Ситоише, ки сабук бошаду хушку осон оқибат бори гарон орад!
— Боз дӯғу даранг мекунӣ? Чаро? Охир то ҳол сухане тунд нагуфтаам, фиреб надодаам, дурӯғ набофтаам ва бад накардаам, ки бад мукофот диҳӣ. Чаро сухани дурушт гуфта, маро девона мекунӣ?
— Барои он ки туро нон гандумист, аммо суханҳоят ҷавин. Фақат аз номи очаҷонат гап мезанӣ, аз дили худ сидқан ҳарфе ба забон наовардӣ…
— Гапи худам ҳамин, ки агар дар ҷоми ман заҳр андозӣ, хомӯш менӯшам! Чун ки як ангушт аз шаҳди забонат маро позаҳр асту мехоҳам, ки Нигина маро аз ин мурод бознадорад.
– Ҳушёр бош, эй Узлоғшоҳ, ба кӯйи Нигина ҳар кӣ дар талаби шаҳд ояд, умед нест, ки дигар ба ақл бозояд!
— Забон нигаҳ дор, эй ишвафурӯши деҳотӣ! Ба мани девона худат фаҳмон: ту кистӣ ба чунин ҷамолу зебоӣ, ки ақлу ҳушам рабудию дилам ба ғорат бурдӣ?
— Ман духтари паридорам…
– Ҳа-ҳа-ҳа! Гумон доштам, ки ман бандаи заминию ту фариштаи осмонӣ! Мехоҳӣ, дар бораи як духтараки гулпарӣ ҳикоят кунам.