— Ба ман пайза-чайза даркор не! Найзаи ман пайзаи ман аст! Маҳмуди Ялавоҷ ҳам масъалаи маро ҳал карда наметавонад. Ман бояд бо Қудқоон рӯ ба рӯ сӯҳбат кунам. Миёни Пирам Шайх Маслиҳатдин ва Чингизхон аҳду паймон шуда буд, ки агар Мирмалик муҳорибаро бас карда, ба Хуҷанд баргардад, амон меёбад. Муғулҳо ӯҳдадоранд, қавлу лафзи нахустподшоҳи худро нигоҳ доранд.
— Ин хел бошад, муомила ранги дигар мегирад ва мо метавонем вилоят хостан! Ҳар дуямон ба Хуҷанд меравем. Агар масъала табъи диламон ҳал шавад, он гоҳ Нигинаю Мирмӯҳсинро ҳозир мегардонем.
Ин қарордодро ман ҳам маъқул донистам ва ҳамроҳашон рафтам…
Муғулҳои дарвозабони Хуҷанд кӣ будани Мирмаликро чу донистанд, дарҳол ба дастонаш завлона зада, назди Қудқоон расонданд, ки дар фароғатгоҳи Исток бо ёронаш айшу нӯш дошт. Гирдогирди хони муғул ҳафт-ҳашт сарҳангу маъмурони ширакайф менишастанд, ки бесилоҳ буданд. Аммо андаке дуртар дастаи сарбозони мусаллаҳ ҳушёру тайёр меистоданд. Ясовули Қудқоон, ки вазифаи тарҷумониро ҳам адо мекард, Мирмаликро нихта зада, фармуд, то ба зону нишаста, бо таъзими заминбӯс эҳтироми хони бузургро баҷо орад.
— То имрӯз ба касе заминбӯсӣ накардаам ва нахоҳам кард! — монанди шери жиён ғуррид Мирмалик. — Агар ин ҷо Чингизхон ҳузур медошт, вайро шоиста эҳтиром мекардам, ки бузург асту шоҳи шоҳон! Аммо агар бори дигар маро нихта занӣ, андоми туро бо лагад бисоям, ки ба ҷуз ин дигар ҳеҷ чиро сазовор нестӣ!
Қудқоон ясовулро аз гапу ҳаракати зиёдатӣ нигоҳ дошта, ба Мирмалик рӯ овард:
— Зону задан шарти маҷбурӣ нест! Гуфтанӣ бигӯ!
— Эй қоони рамузфаҳм, ба мағрурӣ айбам макун! Ҳама медонанд, ки паймоншиканӣ ба Чингизхон нисбате надорад. Вай маро ваъдаи амон додааст!
— Инро ҳама қоонҳо ва пайвандони Ёғу медонанд. Амри он аълоҳазрат дар ёсоқи Улуғ Ҷағатой махсус таъкид шудааст. Мо ягон амру насиҳат ва сухани нахустодподшоҳи худро фаромӯш намекунем…
— Агар сухани Чингизхонро ба хоки сиёҳ напартоед, чаро дасти ман андар завлона банд аст? Оё маро амон нест?!
— Ирвес, ки ба таслим омадааст, дасташро аз банд озод кунед! Агар хоҳӣ, худи ҳозир бархезаму ба девон равам, то барои ту пайза ва суюрғол навишта орам…
— Эй қоони некрой, ишрати имрӯз ба фардо магузор. Агар метавонӣ, ҳозир маншуре бидеҳ, ки ивази хати амонӣ бошад.
Бо ишораи Қудқоон ясовул ба амонёфта пайзаи чоркунҷаи филизӣ ҷудо карду дар пешу қафояш ному насаби Мирмаликро бо ҳуруфи форсию муғулӣ сабт намуд.
Қудқоон бо заҳрханд пурсид:
— Акнун бовар кардӣ, ки мо амри Ёғу — қоони бузургро бекаму кост иҷро кардем?! Боз чӣ мехоҳӣ?
Мирмалик даст ба сандуқи сина ниҳода, бо нишони миннатдорӣ сарашро андак поён хамонд.
— Бовар кардам, миннатдорам ва қоони дурустпаймонро аҳсант мегӯям. Иҷозат аст, ки равам?
— Саросема куҷо мешитобӣ? Имрӯз, ки фурсат ҳасту амон ёфтӣ, дами беғам бизан! Май менӯшӣ?
— Кайҳост, ки май наменӯшам. Тарки шаробу соғар кардаам…
— Баъди мағлуб шудан тарки шароб кардӣ?! Оъ… вақти шер будан гов барин менӯшидӣ… Баъде ки саг барин саркӯфта шудӣ, шароб аз гулӯят нагузашт?! Ҳа-ҳа-ҳа!!!
— Шароби ноб аз гулӯям мисли об мегузарад. Лекин… бо хару хук наменӯшам!
– Ҳой Ирвес! Аз ҳад нагузар!! Мо туро амон додем, акнун миёни ману ту ниқор нест, чаро мисли саг ак-ак мекунӣ?!
— Саги зирак шағоли ваҳмакро бинад, барои тарсондан аккос мезанад!
— Шағол нею рӯбоҳ гӯй. Саги нодон рӯбоҳи зиракро бинад, аз нодонӣ ак-ак мекунад, бехабар аз он, ки аз пасаш бабри дамон меояд…
Ҳой Ирвеси саг, ба қафоят нигар!
Мирмалик чобук гирд гашту даҳ қадам дуртар муғули қадпастеро дид якчашма ва рӯйбурида, ки аз шиддати хашм ва қаҳр беист меларзид ва оташи ғазаби ваҳшиёнааш аз як чашми танг берун меҷаҳид. Дар китф камоне ва дар даст тири бепайконе дошт.
Хони муғул аз ҷой хесту паҳлуи камондори якчашма омад ва лакнатдор пурсид:
— Эй Ирвеси лаънатӣ, ин сарбозро шинохтӣ?!
Биёбони гарму ҷангҳои сахти пайдарпай, талвосаи ҷонканию набарди мушту хекиртак, таъқиби се муғулу бо се тири камон, яке бепайкон танҳо монданаш ва мумул шудани ин муғули қадпасту гурехтани дуи дигар тира-тира Мирмаликро пеши назар омад. Аз нохуни по то фарғи сараш тасфид ва овози баланди Қудқоонро бо душворӣ шунид:
— Мо аҳду паймони қоони бузурги худро як сари мӯ нашикастем ва ягон хуҷандиро озор надодем. Фақат… ба ин сарбози ҷабрдида… зани туро бахшидем! Бубин ӯро!
Бо садои гӯштароши нақора аз паси парда Ойчечак ларзон берун омаду бо ҷилваи нозебо гирди сарбози якчашмаро чарх гашта, худро ба пеши пойи ӯ партофт ва дигар сар набардошт.
Чашми Мирмалик тирафом гашт. Ёдаш омад, ки пас аз таваллуди Мирмӯҳсин ҳамсари аввалаш Ойчечакро дигар илтифот накард. Вайро ғам бар ғам афзуд ва аз ранҷурӣ бемор шуд. Ҳолаш напурсид. Ба Ғӯрганҷ рафтан хост. Иҷозат надод. Маълум мешавад, ки хато кардааст…
Муғулҳо қарсак мезаданду фарш меларзид. Аз он бештар вуҷуди таҳамтан меларзид. Замин намекафид, ки Мирмалик дарояд ва аз шарму хиҷолат наҷот ёбад…
Овози Қудқоон аз пештара мутантан садо дод: