Аввалин шуда, Аҳмади Аспил қуръа кашиду Афзали Бевараспро ҳариф интихоб кард. Ҳасани Исфарангӣ бо Ҳасани Хуҷандӣ ҷуфт афтоданду бояд аз ду яке мемонд. Ҳусейн бошад, ҳарифи Заҳири Истаравшанӣ шуд. Яъне хавфи аз бозӣ баромадани дугоникҳо ба амал омад. Раҳими Купол ҳарифи Мирмалик гардиду Рустами Аштӣ бо Амини Фалғарӣ ва Абдуллои Роғӣ бо Нӯъмони Кандӣ ҷуфти сазовор шуданд.
Мирмалик ҳарифашро мешинохт. Чандин бор дар кӯчаву бозор вохӯрда, ҳамсӯҳбат ҳам шуда буданд. Вай марде буд филпайкару қавитан ва гурзи гароне дошту барои ҳамин Купол лақаб гирифта буд ва дар маҳаллаи Арабон зиндагӣ мекард. Яъне ба тоифаи аъробиёни хуҷандишуда тааллуқ дошт. Аспаш низ мисли соҳибаш зоти арабӣ буду гардандароз ва монанди Рахшон чобукпо.
Абдулсайид самандҳои ҳамҷаворро муқоиса карда, лутфомез гуфт:
— Дар урфият «ҳар касу дави аспаш» мегӯянд. Вале ин ду саманди бодпоро қиёс карда, «ҳар касу бахташ» мегӯям.
— Вале ман аспу савораро ба ғилофу шамшер ташбеҳ медиҳам, — бо шеваи хос гуфт Абдулмаҷид. — Агар савора шамшер бошад, мағлуб мешавад, лекин агар саворӣ шамшер шавад, соҳибашро ғолиб мегардонад. Зеро кор ба майдон шамшер мекунад, на ғилоф!
— Ман ба шамшеру ғилоф кор надорам! — бетоқатона ба муколамаи мардҳо шарик шуд Назокат. — Дилам пур, ки Мирмалик ғолиб мебарояд!
Каломи қотеъ ба духтар шодмонӣ овард: дар майдони набард Раҳими Купол шамшер шуду аз давра баромад. Ҷонибдорони Мирмалик шод гашта, мушоҳида карданд, ки шаш ҷавонмарди ғолиб пас аз гирифтани инъом боз қуръа кашиданду се ҷуфти довталаб чунин таркиб ёфт: Ҳасану Ҳусейн, аммо яке хуҷандию дигаре исфарангӣ, Афзалу Рустам ва Мирмалику Нӯъмони Кандӣ…
Аз эшон то даври ниҳоӣ Афзалу Мирмалику Ҳусейни Исфарангӣ расиданд. Аммо дигар қуръакашӣ нашуд. Мири мусобиқа ҳар серо мусовӣ бо ишорахат саф орост ва фаҳмонд, ки кадоме пештар ба марра расад, ғолиб ҳамон мешавад.
Тамошобинҳо Афзалу Ҳусейнро ва онҳо ҳамдигарро, ҳусну қубҳи аспони худро медонистанд, вале барои ҳама Мирмалик шахси ноозмуд ва дави аспаш номаълум буд. Бинобар ин, бо назари ташхис ва кунҷковӣ ӯро менигаристанд. Фақат хуҷандиҳо ва аксари ворухиён нигоҳи пурмеҳр доштанду исфарагиҳо дуандеш буданд — аз нисф зиёд тарафдори ашадии Ҳусейн, боқимондаҳо — ҳаводори Мирмалик. Андешаи парокандаи онҳоро Абдулмаҷид дар як ҷумла ҷамъ овард:
— Афзалу Ҳусайн шаҳди ғалабаро борҳо чашидаанд, акнун шаҳдситонӣ навбати Мирмалик!
Нигина хулосаи шоирро бо ишораи сар маъқул дониста, нохост чашмаш ба Сабзалӣ афтид, ки тозиёна болои сар алвонҷ додаю ангушти ишоравӣ боло бардошта, бо додархондаш хитобе дорад. Саропо гӯш шуду охири ҷумларо баръало шунид:
— …ба аспи хуб як тозиёна басай!
Бонги дуҳул баланд шуд. Ҳарифони шитобзада тозиёна бар сағрии аспҳо заданду аз ҷаҳиши ногаҳонӣ чанги сабуке боло хест. Аммо Мирмалик бо маҳмез Рахшони хеш ба пеш хонд. Аксари тамошобинон аз ин ҷавони хушасп, аммо камтаҷриба дарҳол умедашонро канда, ба ду човандози пештоз таваҷҷӯҳ оварданд, ки баробар пеш мепариданду фосилаи байни онҳо ва савораи сеюм лаҳза ба лаҳза меафзуд. Ин ҳолатро мушоҳида карда, духтарон безобита шуданд. Рухсораҳои мисли себи хубонӣ суп-сурхи Назокат ширранг гашту баробари суст шудани гардиши хун дили ҳассосаш қариб буд, аз тапидан бозмонад. Назорат нисбатан бепарво метофт, аммо Нигина хуни дил мехӯрд. Лекин ҳаяҷони дилро бо азобе фурӯ нишонда, бо умеду боварӣ Мирмаликро менигарист. Вай дилпур буд, ки ин ҷавони ҳушманд нақшаи амиқ дораду аспаш доно ва тавоност.
Баъде ки нисфи марра тай шуд, пешсафон барои ғолиби мутлақ шудан ҷон коҳонда, ба сағрии аспон боз тозиёна заданду ҷонварони ранҷкашида чанг ба осмон бардошта, ҷонҳавл пеш тохтанд. Фурсате, ки Мирмалик интизор буд, фаро расид ва тозиёна ба кор овард. Рахшони рамузфаҳм якбора аз ситора ҳам авҷрафтор шуду дар як мижазанӣ пешсафонро дарёфт. Афзали аввалмақом аз тағйири ҳолат саросема шуда, хинги худро бо зарби тозиёна ба пеш ҳадаҳа намуд. Ҳусейни калопатра ҳам тозиёнаю ҳам маҳмез ба кор андохт. Аммо Мирмалик фақат банди лаҷом ҷунбонд. Рахшон мақсади соҳибашро бехато фаҳмида, суръати дав биафзуд. Акнун саманди сиёҳ ончунон метохт, ки Мирмалик намедонист, дар замин аст ё осмон! Лаҳзае гумон кард, ки савори аспи обист, вале бонги тамошобинҳо вайро зуд аз олами рӯъё ба аспрез баргардонд. Акнун ҳама ба ҷунбиш омада буданду чун Рахшон ба мавқеи дуюм гузашт, ними мардум ҳаводораш шуданд. Вақте пешсаф шуд, ҳама мафтун гардида, бехудона «Рахшон! Рахшон!!» мегуфтанд. Амакдухтарон низ аз ароба сар бароварда, бо кафкӯбӣ мардонро ҳамсадо шуданд.
Афзал аз ин гардиши ногаҳонӣ худашро тамоман гум кард, вале маҳмезу тозиёна дигар ӯро мададгор нашуд. Дод мегуфту аз даҳонаш бафч мерехт, лек аспаш торафт суст мешуду аз даҳонаш кафк мебехт. Ва дар чунин ҳолати риққатангез аз ҳама оқиб ба марра расид.
Мирмалик бо сари баланду дили пурнишот гирди аспрезро давр зада, чобук ба замин ҷаҳиду сару гардани Рахшони вафодор ба оғӯш гирифт. Аз ҳар сангу бутаи дашти Моҳпарӣ овозе мешунид, ки «Дуруди Худо бар Мирмалик!» мегуфт. Назокат дастзанӣ мекарду Нигина кафкӯбӣ ва Назорат ҳар дуро шодишарик буд.