— Ин Қутбиддин Муҳаммади сонӣ аст. Қутбиддини аввал нахустфарзанди Анӯштегин буда, камолоти вай маро ба андешае мебарад, ки банда агар хоҷа шавад, хоҳ-нохоҳ умеди салтанат мекардааст. Анӯштегин низ албатта, орзуҳои хаёлӣ дар сар дошту ба тарбияи нахустфарзандаш эътибори махсус дода, аз хурдсолӣ дар дили кӯчаки ӯ нисбати илму адаб шӯълаи меҳру муҳаббатро фурӯзон сохт, Қутбиддинро дар беҳтарин мадрасаи Марв — Шоҳи ҷаҳон сабақ омӯзонид. Фарзанди қобили падар бо иштиёқи том таҳсили камолот кардаву дар аксари фунун камоли маҳорат ёфта, кори дину ҳикмати бисёр омӯхта, олиме фасеҳ ба Ғӯрганҷ баргашту назди аркони Салчуқиён мӯҳтарам гардид ва баъди фавти падар мансаби вайро соҳиб гашт. Андактар бо иродаи султон Санҷар волии Хоразм шуду иқтоъдор ва Хоразмшоҳ лақаб гирифт. Зеро бо панди падар бетақсир амал карда, ҳурмати хонадони салчуқиён сидқан нигоҳ медошт ва фарзандонашро низ насиҳат мекард, ки «ба забон дигар магӯй ва ба дил дигар мабош…»
Қутбиддин Муҳаммад муддати сӣ сол халқро одилу уламоро меҳрубон буд. Чун озодмарди худотарс шӯҳрат дошту мардумро ба хайри худ умедвор карда… Хоразм аллакай дар он айём таъна бар Мисру Чин мезад ва аъёну акобири замон садри Хоразмро бо эҳтиром «подшоҳ, қутби дунё ва дин Абулфатҳ Мӯъйин Амир-ал-мӯъминин» мехонданд.
Қутбиддини аввал бо ин ҳама бузургӣ ва ҷоҳу ҷалол ҳамоно бандаи содиқи салчуқиён буду хироҷи муқарраршударо як сару мӯ кам накарда, дар вақташ бехиёнат месупорид. Чун офтоби умраш бар сари девори дунё расид, меҳтарписараш Алоуддини Отсизро ба хилват хонд ва гуфт: «Савганд хӯрдаам, ки то ҷон аз ман набарояд, хонадони салчуқиён гиромӣ дошта, хидмати эшон ба ростон ва бенуқсон адо намоям. Кори Хоразм акнун мунтазам асту дар уфуқи салтанат хуршеди саодати ту тобон омада… Ҳоло, ки маро кор аз даст ва тир аз шаст меравад, суботи мулку бунёди давлати мо дар изни туст. Халқро дӯст дору молро душман ва ба ноҳақ аз раъияти Хоразм ягон дирҳам наситон, то туро ба ними он нафрӯшанд…
Бахти ҳумоюнист, ки туро бо оли салчуқ ягон савганд дар миён нест. Ҳолиё эшон бо хештан мағруранд, даъвии тоҷу тахт бо хун мекунанд, бо якдигар ҳарбу зарб доранд. Ту на бо меҳтар бошу на бо кеҳтар. Бо аҳли Хоразм нек бошу некӣ талаб ва рӯзи нек дарёб, ки худ толеи нек дорӣ…»
Отсиз васияти падар бо гӯши дил шуниду баъде ки Султон Санҷар бе ҳеҷ дудилагӣ ба номаш хати маншур дод ва ба тахти хоразмшоҳӣ шинонд, доии хешро сидқан дуо ва сано хонда, камари хизмат бо рағбат ба миён баст. Ин ҷавонмарди бистунӯҳсола турке буд мубориз, аммо донишманду нуктасанҷ. Мисли падар ва бо ҳидояти ӯ дар Марви бузург таҳсили илм карда, ҳамзамон бо удабо ва шуарои замон ҳамнишин гаштаву аз файзи сӯҳбати эшон баҳраҳо бардошта, ҳатто ба тоҷикӣ қасидаву рубоӣ эҷод мекард.
— Отсизро турк гуфтеду боз мегӯед, ки ба тоҷикӣ шеър менавишт…
— Мардуми Хоразм ва Аҷам ҳама аз як гавҳаранд, хеши якдигаранд ва ҳамкешанд. Мегӯянд, ки Зардушт дар ин диёр зуҳур намуда ва дини габроӣ оварда… Хати хоразмиёни қадим ба алифбои суғдию портӣ монанд асту идҳояшон то ба имрӯз якхела… Аҷоиботи таърих ин аст, ки араб ба мулки Хоразм дини ислом оварду… лафзи дарӣ! Ин забони шеъру шоирӣ забони қадимаи хоразмиро тадриҷан танг карда, аз арса берун оварду дар Хоразми имрӯза ҳама турку қипчоқу араб ба тоҷикӣ ҳарф мезананду менависанду давлатдорӣ мекунанд ва тавре ки гуфтем, ҳатто шоҳ Отсиз ба тоҷикӣ шеър менавишту васияти падарро мӯ ба мӯ иҷро карда, аҳли илму адабро гиромӣ медошт.
Муносибати хайрхоҳонаи шоҳ Отсиз ба олими забардаст Исмоили Ҷурҷонӣ исботи ин фикр асту бовар дорам, ки ту ин номи табаррукро шунидаӣ…
— Бале, асари олиқадри Ҷурҷониро дар кошонаи Маҳастӣ хондаам, — дарҳол посух гардонд Нигина. — Бо забони содаи пуртаровати дарӣ навишта шудааст. Осори гаронбаҳои илми тиб бошад ҳам, монанди шеъри фасеҳ равону оммафаҳм…
— Номи китоб дар хотират ҳаст?
— Агар хато накунам, «Захираи хоразмшоҳӣ». Ба хотирам омад: муаллиф дар муқаддимаи китоб навиштааст, ки ҳукми боду ҳавои Хоразмро дида, ин ҷо мақом ихтиёр кардам…
— Дуруст гуфтӣ, аммо ноқис! — Сайфуддин аз хурҷин китоби муқовааш чармин бароварда, варақи аввалашро кушод. — Чанд ҷумлаи пешгуфторро мухтасаран мехонам, бодиққат шунав: «…Тақдири Эзади таъоло чунон буд, ки ҷамъкунандаи ин китоб қасди Хоразм кард ва ба хидмати Худованди некбахт… Абулфатҳ Қутбиддин Муҳаммад… шуд андар соли понсаду чаҳор аз ҳиҷрат. Хушии ҳавою оби ин вилоят бидид ва сирату сиёсату адли Худованди Хоразм бишнохту ин ҷо мақом ихтиёр кард ва андар сояи адлу давлати ӯ биёсуд, ба неъмату ҳашмати ӯ мустаҳзир гашт… Чун осори неъмати ӯ бар аҳволи худ бидид, аҷаб донист ҳаққи неъмат шинохтан ва шукри он гузоридану расми хидмат барҷой овардан… Бар ин ният… самараи илмӣ, ки муддате аз умри хеш андар он гузаронидааст, ба номи ин Худованд ҷамъ кард ва китобро «Захираи Хоразмшоҳӣ» ном гузошт, то ҳамчун номи ӯ андар офоқ маъруф гардад ва ҳамчун хубномаи ӯ андар ҷаҳон дер бимонад…»
Сайфуддин китобро пӯшиду бо табассум гуфт: