— Агар бо чашми хештан намедидам, ҳаргиз ба гапи Комгор бовар намекардам… Ин қавми ҳунармандро бингаред, ки аз дасти замона чӣ ҳоли табоҳ доранд! Аз хони сагон ба ҷаҳд устухоне мерабоянд, то вақти ҳоҷат нафси худ ором намоянд… Дар Самарқанду Бухоро борҳо дида будам, ки ҳунармандони асил бо машаққати алим рӯз мегузаронанду гурӯҳе беҳунару хушомадгӯ айшу тараб доранд. Дар Ғӯрганҷ низ бо чанд шоире тарнамои хушкдил ҳамсӯҳбат шудам, ки шеърашон киштии дур аз баҳр дар хушкӣ часпидаро монад. Вале… Дар назарашон ман дар шеър аз эшон камтарам ва беҳуда ба Ғӯрганҷ омадаам. Мисли ин лӯлиёни ҳиндӣ, ки ҳунарашон мояи нонгадоист…

— Маъзарат устод, локалом! — хуни гарми дили шоири ҷавон якуякбора сахт ҷӯшид. — Илтимос, дигар ҳарфе ба ин оҳанг нагӯед. Шумо бо изни худ ба Ғӯрганҷ наомадаед. Шумо бо зинҳори падари бузургвори ман омадаед ва малик-ул-каломи дарбори бобои азимушшаъни ман хоҳед шуд!

— Аммо он шоирон мегӯянд, ки унвони малик-ул-калом ҳамроҳи Заҳириддини Форёбӣ понздаҳ сол муқаддам хатм шудааст…

— Норост мегӯянд онҳо! Падари мо зинҳордори шоирони дарбор Ҳусайни Самарқандӣ, Халили Вахшӣ ва Музаффари Пайкандист, ки ҳар кадоме каломи олигуҳар доранду ин мартабаро шоистаанд. Вале шумо аз онҳо як сару гардан болотаред!

— Арслони Марвазӣ мегӯяд, ки андешаи Сафии Бӯстӣ дигар асту ба Ғӯрганҷ омадан ҳамон маро бозгашт ба Исфара мефиристад…

— Худи Арслонро ҳамин рӯз ба Марв бадарға мекунам!

— Оташин нашавед, эй фарзанди шоҳчеҳра! — алангаи сӯҳбатро паст кардан хост Шакархонум. — Мо, раққосаҳо, мегӯем, ки «ҳампеша ҳампешаро душман дорад». Интухин, маълум мешавад, ки шоирон ҳам ҳасад доштаанд…

Нигина бадоҳатан муносиби ҳол байт хонд:

Нест бо неку бади ҳампешагон коре маро,

Синаам соф аст чун оина, ҳар ҷо меравам!

— Офарин, Нигина! — дар чеҳраи беғубори Камоли Исмоил андаке табассум падид омад. — Эй устоди бузургвор, худатон дар сӯҳбати аввал ба падарам ишора карда будед, ки «зари пок аз маҳак наметарсад». Арслони бадбахт зари дағал асту ба шумо ҳасад мебарад. Лекин вуҷуди шумо зари ноб аст, ки дар ҳама ҷо қадру қиматаш волост. Вақте бобоям ба Ғӯрганҷ оянд, бо даҳони пур мегӯям, ки шумо қудрати қалам ва каломи шоири асилро ба ҳама нишон медиҳед:

Қалам ба соате он корҳо тавонад кард,

Ки оҷиз ояд аз он корҳо қазову қадар…

— Каломи ту равшан аст Камол, аммо кай ба Ғӯрганҷ омадани бобои ту номаълум… Нигар, рӯз ҳафта шуду ҳафта моҳ, фасли баҳор мераваду мавсими хазон меояд, хор ҷойи гул мегираду зоғ ошёни булбулро… Бар ивази боди роҳатфизо шамоли сард вазида, рухсораи барг зард гардонда, аз дарахтон мерезонад… Лекин аз шоҳаншоҳи олам дарак не…

Бар хатти ихтиёр қалам даркашидаам,

Пои диле ба домани ғам даркашидаам.

Аз нанги ҳамдамон, ки чу мушанд зери бор

Чун хорпушт сар ба шикам даркашидаам.

В-аз тори риши хармагасон гирди хештан

Чун анкабут парда ба ҳам даркашидаам…

— Ман ҳам аз заволи гул ва хазони сабза дилхастаам, устод! Лекин бо даму нафаси бобоям завол ба камол табдил меёбад. Назар ба шунидам, чоршанбеи оянда очакалонам ташкили базми шоҳаншоҳиро тарҳрезӣ мекунад. Яъне омадани бобоям анқариб аст!

* * *

Гапи Камолиддин дуруст баромаду Турконхотун баъди як ҳафта шайхулислом, муставфӣ, мири маҷлис, шаробдор, солори матбах, сарвари ромишгарон устод Комгору шоир Сайфуддинро ба ҳузур пазируфт. Мужда расонд, ки Султон Муҳаммади Хоразмшоҳ душмани деринаро саркӯб намуда, ғолибу сарбаланд ба роҳ баромадааст ва мебояд шоҳи музаффару боз ҳам баландмартабагаштаро бо гулбонги осмонкаф истиқбол гирифт. Модари хушбахт фарзанди фирӯзразми хешро Искандари сонӣ хонду даъватиёнро муаззаф сохт, ки перомуни истиқболи пуршукӯҳ пешниҳод ва андешаҳои худро мӯъҷаз ва мушаххас иброз намоянд.

Мири маҷлис, ки ба сол аз дигарон кӯчактар буд, аввалин шуда, иҷозаи сухан пурсид:

– Қабл аз ҳама, мунодиёнро бифармоем, то дар кӯю маҳаллаҳои шаҳр бонг зананд, ки дар фулон рӯзи муборак ба шарафи ғалабаи бузурги шоҳаншоҳи Хоразм бар кофирон дар Ғӯрганҷ базми ҷамшедӣ ороста мешавад. Азбаски меҳмонсарои мӯҳташам ва мусаффои қасри подшоҳӣ базмгоҳи асосист, онро оҷилан бо дебои қиматбаҳо ва зарфҳои нави пурҷило ороста гардонем ва барои аъёну ашроф курсиҳои мурассаъ бигузорем, хони алвонӣ бикушоем ва мураббоҳои гулшакару асалтамъ, меваҷоти рангину хушлаззат, полудаву қанду ҳалвои хелмахел ва таомҳои накӯ бигузорем, ки ҳама аълосифат бошанд ва хурмо аз Мисру афлесун аз Рай ва харбузаи амирӣ аз Сарахс биёварем ва ончунон базми ҷамшедӣ барпо кунем, ки дар таърих беназир бошад, рашки шоҳони олам шавад!

Перейти на страницу:

Похожие книги