— Поко Парвардигоро, давлати Хоразмшоҳиёни Кабирро обод гардон! Мулкро бегазанд, лашкарро фармонбардор, раъиятро ором нигаҳ дор! Шоҳаншоҳи музаффар ва одили моро баландахтар гардон! Шоҳаншоҳи олампаноҳи мо, ал-муайид ли дин-ул-лоҳ ва ал-мунтасир ли оли Расулилоҳ27 дар паноҳи исмати хеш сайидтолеъ ва фархундаҳол нигаҳ дор! Омин ё Раббулъоламин.
Бо амри шиҳна ду ҳазор сипоҳии озодаву тозанафас дарзамон ҳозир шуда, дар ду тарафи роҳрави мармарфарши кӯшки подшоҳ баробар истоданд. Сипас ғуломони тануманди ҳинду ҳабаш тахти равон оварданд, то шоҳаншоҳро назди халоиқ бароранд ва аз он ҷо ба доруззиёфат расонанд…
* * *
Баъди зиёфат базми ҷамшедӣ барпо нашуд. На аз он сабаб, ки табъи нозуки шоҳаншоҳ набардошт, балки зарурати таъхирнопазире ба миён омад: лаҳзаи омодашавӣ мунҳӣ28 ба подшоҳ бехгӯшӣ хабар расонд, ки аз ду тарафи олам ду сафири олимақом ба Ғӯрганҷ ворид шудаанд — аз ҷониби шимол гумоштаи махсуси Чингизхон, аз самти ҷануб фиристодаи халифаи араб Носири Аббосӣ. Азбаски дар ойини давлатдорӣ омадани сафири подшоҳ ташрифи худи ӯ ҳисоб мешавад, Муҳаммади Хоразмшоҳ таъхирро хилофи одоб дониста, ба амири ташрифот амр кард, ки бо риояи комили расмияти қабул меҳмононро ба толори пазироӣ ҳозир намояд. Худ ба хилватхона гузашт, то андешаҳояшро мураттаб ва либосашро мутобиқ созад.
Қутбиддин аз хурдсолӣ, вақте валиаҳд шуданаш аён гардид, дар дил як орзуи ширин мепарварид — билоди Чинро тасриф намудан ва тамоми боигариҳои онро ба даст овардан! Зеро аз таърихномаҳо хондаву аз бузургворон шунида буд, ки Офаридгори олам ҳама сарвати дунёро ду ҳисса намуда, қисмати аввалро дар бағали кӯҳ ва зери хоки Чин пинҳон намуда, боқимондаро дар Мочин — яъне дигар кишварҳои рӯйи замин тақсиму тарака кардааст.
Баъди охирин сафари бобарори ҳарбӣ, ки мулки қарахитоён зеру забар гашту шоҳи ин қабилаи кӯчӣ зери замин рафт, барои ҷомаи шодӣ пӯшонидан ба орзуи айёми кӯдакӣ имконияти фарох фароҳам омад ва шоҳи ғолиб хост, оҳанро дар гармогармӣ кӯбида, сари лашкар ҷониби Чин гардонад. Вале писараш Ҷалолиддин хаста шудани сипоҳиён, дурии роҳ ва наздик расидани мавсими сарморо пеш оварда, нияти падарро то баҳорон мавқуф гузоштан хост. Дар ҳамин ҳол ҷосусон хабар оварданд, ки лашкариёни Чингиз барои ҳуҷум кардан ба Чин тайёрӣ мебинанд. Ин навиди шубҳанок, аммо даҳшатангез шасти Қутбиддинро паст гардонд, аммо ниҳоли орзуяшро нашикаст ва ба Ғӯрганҷ омадани гумоштаи Чингизхонро фоли нек ҳисобид. Бовар дошт, ки тоҷири утрорӣ Йусуф Канка барои равшан намудани торикиҳо кӯмак мерасонад.
Йусуф — гумошта ҳамроҳи худ тӯҳфаи бисёре оварда буду боз як армуғони хоса аз бузургнойон Чингизхон ба Султон Хоразмшоҳ — тиллосанги азими худрустае шабеҳи гардани шутур, вале калонтар аз он!
— Бо чашми сар дидам, ки Чингиз-қоон ин тиллопораро бо дасти тавонои худ аз Тиллокӯҳ канда, ба халтаи заррин андохта, болои ароба ниҳод ва моро фармуд, ки ин тикшимишро якҷоя бо номаи сарбамӯҳр шахсан ба дасти мубораки шоҳи Хоразм супорам, — гуфт бо оҳанги эҳтиром ва ифтихор сафир ва лӯлакоғази абрешимӣ бо ду дасти адаб ба Хоразмшоҳ супорид.
Ҳадяи гаронмоя ва бесобиқа ҳамаро дар шигифт гузошт. Аммо шоҳаншоҳ фақат бо кунҷи чашм онро нигаристу аввал ба нома чашм давонд. Зеро барояш муҳим он буд, ки Чингизхон чӣ навиштааст?!
Мактуб ба забони порсии дарӣ, вале бе риояти одоби номанигорӣ иншо гардида, мухтасару сода буд: «Бо арзи салом ба Хоразмшоҳ ин сухан мегӯем: ман султони машриқ ҳастаму ту султони мағриб! Хоҳони онам, ки байни мо аҳду паймони сулҳу дӯстӣ мустаҳкам бошад, тоҷирон ва корвонҳо байни мамлакатҳои мо бемалол равуо кунанд. Молҳои қиматбаҳо ва дигар ашёи рӯзгор, ки дар мамлакати ман ҳаст, дар мамлакати ту озодона фурӯхта шаваду ҳама гуна молу ашё аз мулки ту дар мулки ман бе ягон монеа ба савдо гузошта шавад. Хеле хуб мешавад, агар ба якдигар халал нарасонем ва душманӣ накунем. Подшоҳи машриқзамин ба подшоҳи мағрибзамин офият мехоҳад».
Иқрори дӯстӣ кардани Чингизхон ба Хоразмшоҳ писанд омад. Ҳарчанд худро подшоҳи ними дунё ҳисобидани як муғули чаласавод ба табъаш нафорид, лекин нияти ҷанг надоштанашро дониста, равшандилу осудахотир шуд. Номаълум оҳи сабуке кашида, мулки Чинро фурӯ гузошту чашми тамаъ ҷониби Бағдод дӯхт, ки фатҳи он рози пинҳон андар ниҳонхонаи дилаш буд ва лаҳзае вайро ором намегузошт. Ҳамеша фурсати муносиб мекофт, то кори нотамоми падарро ба анҷом расонда, Носири Аббосиро маҷбур намояд, ки Султони Хоразмро шоҳаншоҳи олами ислом эътироф карда, дар Бағдод хутба ба номи ӯ хонад.