— Бас! Ҷалолиддин амонат бе хиёнат ба мо супурд. Акнун Аҳмад надиму Нигин надимаи ман! Фазлу ҳунари гулу булбули Исфара маро маълум шуд ва ҳар дуро мӯҳтарам гардондам. Шод бошед ва бе ягон гапу ҳарфи зиёдатӣ фармони маро иҷро кунед!! Шароби дарғамӣ ба шодӣ бо шоҳи надимпарвар нӯши ҷон кунед!!!
Хоразмшоҳ бо як бардоштан ҷоми пурмай холӣ карду Сайфуддин аз нисф камтар, аммо Нигина пиёла ба лаб бурду ҳеҷ нанӯшид. Дарзамон оразаш арғувонӣ гашт. На аз таъсири шароб, балки аз шарм. Чашм ба замин афкандани ӯро дида, шоҳ завқ бурду бо ишораи абрӯ шоирро ба саҳна хонд ва фармуд:
— Чаҳоргона бихон, эй шоир, ки маро шодӣ физояд ва Нигин аз ангуштари хиҷолат бадар ояд!
Аз ҷой хестани шоирро дида, мутрибони рамузфаҳм оҳанги навозиш тағйир доданду раққосаҳо ба канори майгусорон нишастанд ва рубоии бадоҳатан эҷодшударо бо шавқ шуниданд:
Хоразмшоҳ лаззати том набардошт магар, ки ба чапу рост сар ҷунбонду «Ҷуфт шавад, аммо рубоӣ нашавад!» гуфт. Сайфуддин даст ба рӯйи дил бигзошту ба тараннуми шеъри нав пардохт:
Хоразмшоҳ дасти рост боло бардошту ба ангуштарини тавқеъ, ки нигинаш мӯҳри подшоҳӣ буд, ишора намуда, рубоии нав фармуд, ки «тавқеъ» дошта бошад…
Нигина аз тарс лаб газид, аммо шоири хушилҳом фар-фар сароид:
Хоразмшоҳ аз ҷой нимхез шуду ширакайф нидо кард:
–Ҳаббазо, эй шоир! Барои се чакомаи чак-чакӣ се қадаҳ шароби сеякӣ бояд бинӯшем! Соқиро садо деҳ!
Сайфуддин бо табассуми малеҳ лаҳзае нафас рост карда, соқиёни базми хосаро нигарист ва мастона қадам ниҳода, назди соқибачаи хубчеҳрае омаду даст ба китфаш ниҳода, хитобаи шоҳона хонд:
Соқибача ончунон ба ваҷд омад, ки бехудона аз мағзи ҷигар нидои дӯстгонӣ баровард:
— Шод бош, шоир!!
Дигарон низ офарин хонданду ба маҳорати шоир қойил шуданд. Аммо шоҳи сархуш инҷиқиро давом дода, хост шоири хушилҳомро мот намояд:
— Эй шоир! Дар як чаҳоргона соқиро се бор садо деҳ!
Андалеби Исфара дарҳол мақсади ниҳонии шоҳаншоҳи Хоразмро фаҳмиду бо таъзими сабуки шоирона супориши олиро пазируфт ва бо лаҳни гӯшнавоз рубоии нав хонд: