Чунин ҳолат бори аввал набуд ва надимону канизону гулрухони бисёре аз васли шоҳи сармаст ноумед гашта, тасфи дили беқароргашта бо дигарон паст мекарданд. Аммо Нигина мисли онҳо ангушти ҳасрат нагазид, балки аз нобарорӣ шод гашту аввал ҳадяи гаронбаҳоро бозгашт ба ангушти подшоҳ ниҳод. Сипас ба фаррошу канизони махсус фармуд, ки шоҳаншоҳи оламро тавассути тахти равон беозор ба хобгоҳаш расонанд. Нигоҳубини Сайфуддинро ба Комгору шогирдонаш супориду ба қафояш нигоҳ накарда, ҳамроҳи Шакархонум ва канизак ба манзили худ шитофт.
* * *
Хоразмшоҳ рӯзи дигар чоштгоҳон ба ҳуш омад. Худро дар хобгоҳи барҳавои хеш, рӯйи болини мулоим ва роҳатфизо дида, ҳайрон шуд. Муддате ба сақфи гулнақш нигариста, карахт хобиду хост рӯйдодҳои дирӯза ба ёд оварад. Сӯҳбат бо вакилдорон, шеърхонии малик-ул-калом, рақси Нигина дар лавҳи хотираш падидор гашт. Дигар ҳеҷ чиз ба ёдаш наомад. Бо надомат оҳ кашида, ба паҳлуи дигар гашту чашмаш ба ангуштари тавқеъ афтид. Аранге рӯйдоди асосӣ ба ёдаш расид. Саросема ба атроф нигарист: чаллаи ҳадяшуда дар дасташ буд, аммо аз Нигина ному нишоне набуд! Ҳақиқати ҳолро бо рамуз, тахминан муайян карду сахт маҳзун шуд ва дубора оҳи сард кашид. Якбора сараш сих заду сахт ба дард даромад. «Нигина ҳеҷ куҷо намегурезад, — худ ба худ ғурунгид Хоразмшоҳ. — Аввал илоҷи дарди сар бояд ёфт, баъд…»
Дар доруззиёфат лаҳву тараб идома дошт. Вакилдорон бо ҳарифони кокулпарешон арҳаму дарҳам нишаста, шароб менӯшиданду ишрат мекарданд. Дар кунҷе ошиқе бо дӯсте маст хуфта буду дар кунҷи дигар ёре аз дидори дилдоре шодмонӣ дошт. Бонги чангу руди мутрибони хуморшикаста бо бонги нӯши соқиёни майгусор ҳамқирон буду шоир Сайфуддин камари шодгуна дар дасти чапу қадаҳи шароб дар дасти дигар байти ошиқӣ мехонд. Омадани подшоҳро дида, миёни ёр раҳо карду бо нидои «Бархезед, ёрон! Хусрави фаррухсияр омаданд!» гӯён ба истиқбол шитофт ва чакомае лоиқи вақт хонд:
Хоразмшоҳ, ки бағоят саргаранг буд, ҷоми сабӯҳӣ то қатраи охирин нӯшид, бо рағбати том рухи соқии гулнор бӯсид ва дарзамон аз дарди сар фориғ гашту ба шодмонӣ печид. Нигина, ки дар пушти дар интизорӣ мекашид, хиромон ба маҷлисгоҳ даромад ва дасту китфи шоҳро бӯса зада, бо ноз ҷоми заррин ба каф гирифт ва соқии ширинзабон шуд. Шоҳи ташналаб қадаҳи дуюмро низ ҳарисона қоқ карду шарму хиҷолатро барҳам зада, гӯё ягон гапу коре нашуда бошад, бо лаҳни меҳрубонӣ пурсид:
— Эй ёри писандида, куҷо будӣ? Кайфияти аҳвол бар чӣ минвол аст?
Нигинаи чеҳрахандон, ки мисли гулдухтарони хоразмӣ пироҳани лоҷуварду шалвори сурх, сарандози зард ва кӯлоҳи заррин пӯшида, барои ҳама гуна рақсу бозӣ тайёрии том дошт, аз лабони ақиқи шакаролуда дурри сухан фишонд:
— Тамоми шаб мисли моҳи мунир дар осмони торик яккаву танҳо ва андаке рӯсиёҳ будам. Чеҳраи офтобии Шуморо дидан ҳамон мисли гул шукуфтам, навниҳоли орзую умедам сабзу хуррам шуд.
– Ҳаббазо, эй ёри фархундаҳол! Ҳаббазо, эй офтобниҳол! Акнун сухани маро бо гӯши дил бишнав: ҳадяи подшоҳ пойи пас надорад! Ман тӯҳфа барнагирам! Ангуштари нигинаш дурри Адан зеби ангушти офтобниҳоли чаман аст! Ангуштаре, ки аз ангушти ман берун ояд, дигарбора ба ангушти ман наояд!
Боз мегӯям, ки ангуштарини дили маро беҳтарин нигин ту ҳастӣ!!
Хоразмшоҳ ин карат бо чолокии ҳайратангез чаллаи заррин ба чилики маҳин андаровехт. Аҳли маҷлис ба ҷавонмардию ҳиммати баланди шоҳи арҷманд ҳазор аҳсан гуфтанд ва қадаҳро то қадри имкон баланд бардоштанд. Сайфуддин яке аз онҳо буд ва ҷоми муборакбодро тиҳӣ гардонда, шоирона ноз кард:
— Пора бодо дилам, агар аз шоҳаншоҳи олам тӯҳфае нагирам!
Хоразмшоҳ қоҳ-қоҳ хандиду яке аз канизони нозанинро бо имои ангушт пеши худ хонд ва пурсид:
— Чӣ ном дорӣ?
— Дилафрӯз.
— Чӣ номи мувофиқ! Эй шоир, хоҳишат пазируфта шуд. Аз ҳамин лаҳза, ин нозанин Дилафрӯзи туст! Дар сояи давлати мо дилафрӯзи ҳамдигар бошед!
Мавҷи табрик баробари қадаҳ баланд хесту канизак бо таъзими фарох паҳлӯи хоҷаи наваш гузашт ва «ҳар чӣ фармоед, фармонниюшам» гуфт. Сайфуддин аз тӯҳфаи ғайриинтизор ба шигифт омаду китф дарҳам кашид ва пурсид:
— Ин лӯхтакро чӣ кор кунам?
Хурду бузург баробар хандиданд.
— Ба ман фурӯш! — луқма партофт яке.
— Моли нағзро ба ҳеҷ кас надеҳ! — маслиҳат дод дигаре.
– Ҳар чӣ мехоҳӣ, бикун! — фармуд сеюмӣ.
— Аввал ба ақди худ дарор, баъд дуди димоғаш барор! — тавсия дод чаҳорумӣ.
Маслиҳати охирон ба гӯши Сайфуддин форид. Дасти Дилафрӯз ба даст гирифту «Рафтем ба пеши шайхулислом» гӯён мастомаст қадаме пеш гузошт. Вале сахт калавиду агар канизак намебуд, болои хон меафтид. Саҳл ҳушёр шуда, узромез ба Хоразмшоҳ нигарист, ки бо доруға саволу ҷавоб мекард:
— Шайхулислом чаро наёмад?