Эй фарзанди азиз! Туро фазлу диёнат ва тақвою исмат комил аст. Вале, маслиҳати мо бишнаву ҳар лаҳза бохабар ва ҳушёр бош. Зеро дар чапу рост хӯрдагирони бисёр дар каминанд, валекин барои шаҳриёри Хуҷанд кабутари ҳарам армуғоне аз гулзори биҳиштист. Ҳазор офарин бар меҳмоне бод, ки нохондаву бо меҳр ба дар ояд ва ҳазор ҷон фидои мизбоне бод, ки эшонро хуш пазирояд!»
Инак, шумо меҳмон омадеду шодиям дучанд шуд!
— Акнун хурсандият садчанд шавад! Эй Нигини дилам, шодиёна деҳ: Султон Ҷалолиддин кабутари ҳарамро аз банд озод карду ба ман бахшид!!
— Зиҳӣ саодат! — Нигина дастонашро мисли ду боли кабутар ба ду тараф афшонда, бо табассуми барқ беибо худро ба оғӯши Мирмалик андохт ва бо ашки шаккарин дубора хитоб кард: — Зиҳӣ хаёле муҳол!!
Мирмалик як оғӯшро ҳазор оғӯш намуда, хирмани гули шабнамҷило ба канор кашид, сару рӯяшро бӯсид, бӯйид ва бо ҳаловати беинтиҳо пичирос зад:
— Шукр ба Худо, аз висолат дили хуррам дорам!
Шукри беҳад, ки туро танҳо ёфтам, эй Нигини дилам! Мо метавонем бе тарсу ларз сухани дил фошофош гӯем…
— Солҳост, ки дар талаби рӯйи накӯ ман ҳам кӯ ба кӯ дарбадарам. Сипоси беҳад Худованди раҳимро, маро аз дарбадарӣ халос карду ба сарбасарӣ расонд.
— Оре, оре! Эй Нигини дилам, маро низ фикри сипос бар сар асту шишаи дилам тоби санг надорад! Мехоҳам ҳар чӣ зудтар рухсораи Арӯси ҷаҳонро бо зевару ҷавоҳирот ороста гардонам. Мо бояд чобук бошем ва минбаъд дари кошонаи муҳаббат бебок кушоему асло напӯшем!
— Малики дилу дида шумоед, ҳар чӣ фармоед, хушнудам. Зеро бовар надорам, ки дили шумо ба роҳи хато моил бошад…
— Эй тозатар аз барги гули тоза! Худо шоҳид, ки шодию андӯҳи туро ҳамеша шодию андӯҳи худ медонам. Даҳсола ранҷу заҳмату сабру интизории маро чор сатри равон дар худ меғунҷонад:
Нигина шармнок ба Мирмалик нигарист ва худро бо ноз аз оғӯши гарм раҳо карда, ба раъноӣ гуфт:
— Лутфи шуморо ба гӯши дил шунидам… Илтимос, ягон шеъри дигар хонед…
— Ба чашм, эй Нигинаи беадал:
— Ин шеър эҷоди худатон?
— Порсол аз Зиёуддини Хуҷандӣ хоҳиш карда будам, ки махсус барои ту аз номи ман шеъри нағз нависад, то пайғом фиристам…
— Зиёуддин озодмардест бошараф ва некшеър! — гуфт бо лабханд Нигина. — Меҳрномаи хуб аст, сипос дорам.
Мирмалик аз хушҳолӣ ангушт ба ангушт зада, инони хештандорӣ ва шарм андаке раҳо карду ба чодари Нигина даст расонда, булбули шайдо шуд:
— То ба имрӯз медонистам, ки чобуктар аз кабутари ҳарам ба ҳама олам ҳунарвар нест ва ҳар гоҳе чун кабки дарӣ ба рақс ояд, тарабу роҳату шодӣ физояд. Имрӯз донистам, ки зеботар аз ту ба ҳама гетӣ ҳарирандом нест!
Эй орзуи ҷонам! Дар орзуи онам, ки гуле аз боғи васлат чинам!!
— Дилаздастрафтаи ман! Бовар надорам, ки шери Хуҷандро нафси бахил бар ақли нафис ғолиб ояд.
— Булбули боғи тарабро ба ақли нафис чӣ кор?! Дод аз ин зулфу абрӯи шикасту микаст! Пештар биё, ҳамдигарро сер бинем!
— Аз шитоб дурӣ ҷӯед, эй булбули шӯрида! Соате пеш аз дурии шумо худро ғариб медонистам, агарчӣ дар ватан будам… Баробари шуморо дидан гумон кардам, ки офтоб ба кулбаи эҳзон даромад! Худро аз Махдумаи ҷаҳон зӯртар ҳис кардам…
— Ту дигар бекасу ғариба нестӣ, эй маликаи дили ман! Ту Маликаи Тирози ҷаҳони манӣ!!
— Хубаш, малак103 гӯед. Тирози ҷаҳонро шумо Малик, ман — Малак!!
— Оре, ту малак астӣ, эй бадри Ворух! Фариштае дар сурати одамӣ ту! Агар ишқи фаришта гуноҳ аст, ман малики гунаҳкорам…
— Чӣ хушбахтӣ! Имрӯз ду бузургвор маро фаришта гуфтанд ва калимаи ишқ ба забон оварданд!
— Боз кадом бузургвор?
— Саъдӣ.
— Кадом Саъдӣ?!
— Шоир Саъдии Шерозӣ, ки аз асилони Аҷам аст.
— Оре, бузургвор аст Саъдӣ! Шеърашро мепарастам ва ба номаш арҷ мегузорам. Вайро дар куҷо дидӣ?
— Мо ҳамроҳ кӯҳи Рухакро гузашта, ба шаҳр омадем… Раҳмат ба хуҷандиён, ки моро хуш истиқбол карда, некӯ фуруд оварда, манзили босазо дода, мизбонии шигарф карданд.
— Меҳмоннавозӣ одати мост. Акнун бигӯй, ки Саъдӣ туро дар роҳ фаришта гуфту ишқ изҳор кард ё дар ин хона?!
– Ҳама шоирон ошиқпешаанд. Пиру барно бо шеъри онҳо ишқ меварзанд ва коми дил ба даст меоранд. Сайфуддини Исфарангӣ ҳам муҳаббатзада асту ошиқниҳод…
— Дарвоқеъ, ҳоло вай дар куҷост?
— Дар Исфара. Шояд фардо ба Хуҷанд биёяд. Саъдӣ гуфт, ки бо ибтикори Зиёуддин дар Хуҷанд маҳфили шоирон ороста мешавад…