— Ба шаётин ҳамқирон будани шоҳи муғул аз назари мо пинҳон нест, — сухани бародараш Нуриддинро тақвият дод Шайхи Бузургвор. — Бефарҳангу бетавфиқ, бераҳму бешафқат, бешарму бемурувват ва бенамаку бефарҷом будани Темучинро ҳам медонем. Яъне вай шоҳи бад асту чун бадӣ пеш ояд, мо бояд аз бадтар битарсем ва нек бияндешем. Маслиҳат дар он мебинам, ки қабл аз ҳама мулоҳизаи ҳоли имрӯз ва фардои занону кӯдакон кунем…
— Оре, дар ин масъалаи тақдирҷунбон таъхир кардан кори хирадмандон нест, — гуфт Бобои Мирфозил. — Мӯйи ман, ки сапед чу шир аст, аз шамшеру тир ҳаргиз наметарсам, аммо аз найрангбозиҳои тақдир сахт меҳаросам.
— Ин хел ки бошад, бо муғул ҷанг кардан чӣ даркор? Дарвозаҳоро калон кушода, бо гулдастаю нону намак пешвоз гирем, на сих месӯзад, на кабоб!
— Холаи Фотима дуруст мегӯяд. Чунки ҳар касе дар узлат бошад, аз вай интиқом намеҷӯянд.
— Ин хелак не, Гулсимо! Ба чашми муғул ҳар кадоми мо сартаул. Яъне, инсони дуюм-сеюм дараҷа. Хоҳ ба зорӣ, хоҳ ба зар худро таслим кунем, моро хар карда, ба болоямон савор мешавад!
— Ман ҷонибдори Бобои Мирфозил. Ҳақиқатан ҳам назди хар хармӯҳраву гавҳар якай. Муғули тангчашм мора ба ду пули пучак намегирад. Хоҳем, ки зердаст нашавем, бояд зурдаст шавем!
— Эҳтиёт бош, Сабзалӣ, ки зӯри беҳуда миён мешиканад! Мардуми Хуҷанд аз об кулӯхи хушк намеҷӯянд!
— Холаи Фотима дуруст мегӯяд. Эй Сабзалӣ, оташе, ки куштан мехоҳӣ, муҳол аст! Хубаш, бо муғулҳо мурофақат кунем…
— Мурофақаташ чияй?
— Бо муғулҳо ҷанг накарда, ёру рафиқ шавем…
— Нафас ях, эй хола! Ин хаёли ту амри муҳолай! Фикри ту хомай! Гапи ту ношуданияй!! Мардуми мо мегӯянд, ки беразмӣ ноҷавонмардияй!!! Охир, ҳама медонанд, ки кӯҳи азима ай ҷо ҷунбондан муҳолай. Хубаш, кампиракҳо ҷоғшона банданду хирадмандҳо гап зананд!
Шайх Маслиҳатдин, ки футаи фохиру дастори бузург дошт, чеҳраҳои ҳазинро бо нигоҳи гарм навозиш карда, бо лаҳни нарм, вале оҳанги қатъӣ гуфт:
– Ҳама хуҷандиён имрӯз дармондаю саргаранг ва оҷизем ва бо як овоз мегӯем, ки дареғ бувад, агар муғул дар шаҳри мо ватан кунад. Ҳарчанд хуб медонем, ки молу матои дунё дастобадаст гузарон асту молики ҷовид фақат он Ягона асту ҳукм ҳукми ӯст! Бо вуҷуди ин, азбаски орифон «инсон боумед, шайтон ноумед» гуфтаанд, барои беҳбуди зиндагӣ алоқадри ғайрат, ҳиммат ва хирад ҷаҳду ҷадал мекунем. Яъне, аз тақдир ҷойи гурез нест, аммо тақдирҷунбонро сарфи назар кардан хилофи одаму одамгарист.
Дар паси пардаи тақдир нақшу катибаи бисёре ниҳон асту ба ман фақат ҳамин қадар аён гардид, ки иншоаллоҳ Хуҷанди зебои мо вайрону валангор намешавад ва ба хароба табдил намеёбад. Вақте дар субҳи солеҳон ба нияти натиҷагирӣ китоб кушодам, ояти дуюм аз сураи «Ал-ҳашр» пеши назар омад: «Фаътабару ё ули-л-абсор!» Яъне, Худованд мефармояд: эй соҳибони басират, панду ибрат бигиред!
Гумон мекунам, ки ин ояти шариф илҳомбахши устод Рӯдакӣ аст, ки мегӯяд:
Талқини ояти муборак ва байти таборак он аст, ки мо хуҷандиёни соҳиби басират бояд аз ҳарвақта бештар ҳушёру зирак ва дурандешу доно бошем, аз мушоҳида ва мулоҳизаи аҳволи дигарон дар ин айёми тақдирсӯз сабақ гирем, то ба хатои дағал роҳ надиҳем.
Имрӯз баъди намози пешин ҷамоате аз машоихи вилоят, шоирону олимон ва пешавару деҳқонон гирд омаданд ва гуфтанд: «Чора дарёбед, то мусулмонӣ табоҳ нашавад». Эшонро гуфтам: «Бо дили парешон чора натавон сохт, то пагоҳ ба осудагӣ нек тааммулу тафаккур намоед, пасон ҳамроҳ назди садри Хуҷанд равем ва бо маслиҳат тадбиру рой андешем. Зеро чораи асосӣ он аст, ки бо Мирмалик дасту дил як кунем, то Хуҷандро ҳифз намоем ва ҳам номи нек дар дунё ба ёдгор гузорем».
Эй садри оташдилу оҳанбозу! Даст бар рӯйи даст ниҳода, ягон лаҳза аз ғазо ором нашин, то аз саҳмулғайб115 бенасиб намонӣ. Ту акнун сари озодагону тоҷи бузургон ва садри сафшикану нангбардори Хуҷанд ҳастӣ. Камони пайғамбарӣ ба ту месупораму бо ваколат аз Товуси Ҳарамайн дуоят мекунам: вуҷуди поки ту пур аз аз нур бод! Ба нангбардори Хуҷанд ҳар кӣ дарафтад — барафтад!!
Ҳама даст ба рӯй кашиданду Мирмалик тибқи одат чашми умед ба модар дӯхт ва якбора сахт ба ҳаяҷон омад. Зеро чашми модар талх-талх ашк мерехт.
— Эй модарҷон, шуморо чӣ ранҷ расид?
– Қазо расад, оби чашм худ аз худ мерезад, писарам. Ин дили зору низори ман, ки ҳамеша саргарми туст, дар миёни обу оташ қарор дорад.
— Мефаҳмам, модарҷон, ба шумо душвор. Бастаи хуни ҷигар дидаи оламбини шуморо азият медиҳад. Афсурда нашавед, модар, дуо кунед, ки оқибати кор бахайр шавад.
— Бидон, эй писарам, ки то зинда бошам, дуогӯ дар паҳлӯят ҳастам. Агар умр вафо накунад, мурдан пеши фарзанду дӯст зиндагии накӯст. Фақат… орзуи муқаддаси модар ин аст, ки бар матои умри фарзанди азизаш доғи ҳеҷ мотам мабод! Намехоҳам, ки дар канори Сайҳун аз дарду доғи пайвандону дилбандон дарё-дарё ашк резам…
— Суханҳои ҳасана гӯед, модарҷон…