Дар базмгоҳ садои карнаю сурнай ва дафу чанг баланд гашту шаҳри бо дебоҳои ҳарир ороёфта ба по хест. Аммо дар шабистони хилват шаҳриёр назди арӯси Тирози ҷаҳон ба зону нишаст: тамошои чашмони шаҳло ва рухи гулфом гуворо буд бар булбули шайдо! Бӯйи гул аз даҳани ғунчаи гул ба машомаш хуш расида, сония бар сония сармаст мегардонд. Дидаи чор аз тамошои ёри маҳрухсор сер намешуд, зеро арӯси нозанин лаҳза ба лаҳза мешукуфту ҳусайну хушрӯй мешуд, ҳусну сураташ аз моҳу хуршед баланд мерафт ва ба назари Мирмалик чунин менамуд, ки фариштаҳо ҳусни оламиёнро аз нав тақсим мекунанду малоикаҳо ба наварӯси худ ҳусн болои ҳусн тӯҳфа меоранд.
Мирмаликро шавқи муҷомаат ва ҳирси мубошират ончунон афзуд, ки сабру қарор дар вуҷудаш намонд. Чун шери жаён чолок барҷасту ҷома аз тан кашид, то манкӯҳаи ҳаққи ҳалоли хеш беҳарос дар оғӯш кашад. Нигинаро низ орзуи хилват падид омада буд. Вале ҳар ду ҳамон лаҳза ҷамъ нашуданд. Кабутари ҳарам, ки аз парвози дурмадароз фуруд омада, дар бистари мулоиму хушнакҳат орому хуш мехобид ва шабеҳи оҳуи хуфта дар марғзор буд, пеш аз он, ки ба дасти шери Хуҷанд инони хеш пурра биспорад, бо садои пичирросӣ пурсид:
— Шаҳриёрам, никоҳи мо мутъа, яъне муваққатӣ аст?
— Не, азизам! Мутъа дар замони Расули акрам буд, дар аҳди халифа Умар бартараф шуд.
— Мегӯянд, ки ду зан дар никоҳи як мард ҳаром аст…
— То он вақт, ки «Таврот» мунзил гашт, ду духтар дар никоҳи як кас раво буд. Баъд дуникоҳӣ барои ҷуҳудон ҳаром шуд. Тибқи шариати ислом марди мусулмон ҳақ дорад, чор зан дар никоҳ дошта бошад.
— Яъне, ки банда акнун зани никоҳӣ, завҷаи ҳалоли шумоям?
— Бале, азизам!
— Худоро сипоси бекарон мегӯям, вале як илтимос дорам.
— Гӯшам ба фармони туст…
— Ваъда диҳед, ки чун ба ман дастёб шавед, Ойчечакро фаромӯш намекунед ва озор намедиҳед…
— Чаро чунин мегӯӣ?
— Агар Ойчечак набудӣ, Нигина раққоса нашудӣ! Балхи дастобрези Узлоғ шудӣ. Аз ин боис, агар раҳкушоям тинҷу осуда бошад, виҷдонам орому осуда хоҳад буд. Агар аз Хуҷанд ронда шавад, сахт андӯҳгин шавам ва тамоми умр худро мазаммат кунам.
— Осуда бош, азизам! Ҳама кор табъи дили ту мешавад. Пештар биё, Нигини дилам…
Мирмалик сару чашми Нигинаро гарм бибӯсиду нарм ба оғӯш кашид. Вақте дил ба дил часпид, ишқи пуршӯри ҷамол-ул-хитоб ба нуқтаи олӣ расид. Дар соати мубораки шаби муқаддас малик ва малак ба ҳам пайвастанд.
Мирмалик дар карпоспораи оҳарӣ доғи хоби аввалро диду хотирҷамъ шуд. Аз он ки оқибат ба висоли ёри дилхоҳ расид, мамнун гашт. Аз он ки Нигинаро дӯшиза дарёфт, сараш ба осмони ҳафтум расид…
* * *
Нигина медонист, ки чиллаи арӯсӣ дар Хуҷанд аз якчанд маъракаи хурду калон иборат асту аз ҷумла яке «домодталабон», дигаре «дадобинон» ном дорад ва тибқи таомул бояд дар манзили духтар баргузор шавад. Лекин азбаски Ворух дур буду роҳи кӯҳсор душвор, ҳалли ин масъала ҳамаро ба андеша водор кард. Очаи Моҳсимо бо оҳанги мулоим аз Нигина пурсид:
— Духтарҷони ширин, туро нияти Ворух рафтану моро ба сайру тамошо бурдан ҳаст ё не?
— Номи Ворухро шунавам, дилам гум мезанад, модарҷон, лекин илоҷе надорам. Акнун ихтиёр пурра дар дасти Шаҳриёр…
— Меравем! — овози Мирмалик қатъӣ садо дод. — Ҳам саёҳат мекунему ҳам зиёрат, ҳам падару модарро мебинему ҳам тағою аммаро, ҳам зиёфат медиҳему ҳам зиёфат мехӯрем!
— Чӣ хел зиёфат медиҳем?
— Дар базми арӯсӣ аз Ворух касе набуд. Ба аҳли деҳа оши наҳор медиҳему ба хешу ақрабо ва ҷавонон — зиёфат! Бигзор тӯй болои тӯй шавад!
Шаҳриёр Сабзалиро фармуд, ки асбоби базму тараб ва фароғатро фароҳам оварда, бист шодгунаю хунёгару мутриби олимартабаро ҳамроҳ гираду бетаъхир ба ҳаракат дарояд ва қади роҳ ҳокимони Канду Исфараю Фарғонаро ба Ворух барои иштирок дар базми арӯсӣ даъват намояд. Аз ғайрату ҳиммати садри муаззам димоғи Нигинаи муаммил111 муанбар гашту Сабзалиро ба хилват хонда, ду киса зари холис дод ва гуфт:
— Падари маро салом бирасон ва гӯй, ки домоди бузургвораш ба зиёфати шоҳона сазовор аст!
Базму зиёфат ва саёҳат табъи дили малик ва малак ташкил гардиду се рӯз деҳаи бузург ба тӯйхонаи калон табдил ёфт. Нафақат хешу табор, балки аксар мардуми меҳмоннавози Ворух паёпай бо ҳадяҳо меомаданд, то наззораи сурати дилпазири домод кунанду эҳтиромашро ба ҷо оранд. Ҳамзамон ба гирди Нигина парвона буданду аз дидор ва сӯҳбаташ серӣ надоштанд, ки ӯро шарму ҳаё иҷозат намедод, то аз ҳиҷоб берун ояд.
Хайрият ки рӯзи чаҳорум шумораи ояндаю равандаҳо кам гашту ба қавли кадхудои деҳа Иброҳимхоҷа «таги по холӣ шуд» ва барои истироҳату фароғати меҳмонон имконияти бештар фароҳам омад. Амакбузурги арӯс Аҳмадсайид, ки аз ҳама бештар бо домоди олимашраб каруфар мекарду дар бӯстонсарои лаби дарё барои шоҳу моҳ саройи олӣ бо фаршу дебои алвон фарохури ҳокими вилоят омода сохта буд, ҷуфти навпарвозро дарҳол ба он ҷо кӯчонд, то дар алоҳидагӣ аз таомҳои лазиз, ғизоҳои мувофиқ ва манзараҳои зебо баҳраи том бардошта, ширинтарин лаҳзаҳои умри хеш ба хубию хушӣ гузаронанд.