— Ишорати падари дилнигаронро фаҳмидам ва мефаҳмонам. Лекин… душман дар таги манаҳ… Оё онҳоро аз ҷойи тинҷ кӯчондан бехатар аст?
— Дил фарох доред, падар. Ҷосус хабар овард, ки дар ҷанги шабона Улоқ Нуйон ҷароҳати ҳавлнок бардошта, хеле ваҳшатзада шудааст. Муғулҳо сафинаҳои ҷангиро тилисми Пири Хуҷанд пиндошта, ба тилисмшикани калони худ шикоят бурдаанд. Вале Чингизхони танфигор ба кушодани банди Бухоро банд асту барои сархорӣ имкон надорад… Ғайр аз ин, фасли зимистон омада, барфу сардӣ паёпай ҳукмфармо мешавад. Чингизиён аз нотавонӣ нафаси сарди зимистонӣ мекашанд. Яъне, то омадани табар кунда меосояд…
Ман сипоҳро ба соҳил ором медиҳаму шумо ба Ворух меравед, ба хешу табор дуруди маро мерасонеду ҳамроҳи тағоям маро бо дуои хайр сарфароз мегардонед ва ин навиштаро ба Нигина мерасонед…
Номаи Мирмалик бағоят мухтасар буд: «Ҳаҷри азизони дил лангари сабрамро гусаст. Шуморо дар Ворух дигар ҳоҷати истодан нест. Ҳарчӣ зудтар ҳамакаса ба Хуҷанд биёед!»
Дар поварақ байте буд нимхом:
Барои модару фарзанд шаби ялдо адо шуд…
Равзанаи ҳаштум. Назари эҷоб ба анҷоми ғазои ғазанфари ҷангӣ ва оғози ҷиҳоди паланги обӣ
Зимистон гузашту навбаҳор наздик омад, вале боғу роғ ҳамоно бараҳнадӯш ва беравнақ буд. азбаски офтоб ҳарорати андак мебахшид, гуле ё сабзае ҳаракати нашъунамо надошту насими форами Сайҳун чун вазиши тири камон ба гӯшу гардан таъсири сӯзнок мерасонд. охирин нафасҳои сармои дай ба рагу пай карахтӣ оварда, ба боди найсон имкони вазидан намедод.
Рӯзе осмонро абри сиёҳ пахш карду як соат зиёдтар яхча борид. Нигина, ки бо исрори Мирмалик ба қалъаи обӣ омада буд, болои бораи ғафсу баланд истода, оби яхолудро тамошо мекард. Ҳарчанд Мирмӯҳсин ҳамроҳаш набуд, осуда ба атроф менигарист. Зеро кӯдаки нимсолаашро дояи ҳалиму меҳрубон Мавлудабонуи кулангирӣ аз фарзанди хеш азиз медошт ва мисли модар мекӯшид, то писари хубрӯй монанди падар паҳлавону номҷӯй шаваду дар фазои ором бегазанд камол ёбад.
Интизорӣ тӯл накашид ва Мирмалик ҳамсарашро ба хилват талабид. Чун ҳамеша оғози сӯҳбат шоирона шуд:
— Ташрифи сарви равон маро ороми дилу фароғати ҷон гардид!
— Маро низ райҳони роҳат дар бӯстони дил сабзид!
— Ин бомдод хаёли рӯйи ту маро ногаҳон пеши назар омад. Ҳарчанд фурсати сархорӣ надорам, лаҳзаи дидор ғанимат шуморидам, то ҳарфи хайрбод гӯем.
— Худош хайр диҳад, ҳар кӣ сухани хайр меҷӯяд. Лекин… чаро сухан ба изтироб мегӯед?
— Хабар расид, ки Ҷағатой — писаркалони Чингиз бо бист ҳазор сипоҳӣ ва панҷоҳ ҳазор ҳашарӣ роҳи Хуҷандро пеш гирифтааст.
– Ҳашарӣ ҳам сарбоз аст?
— Сипоҳиёни асирафтодаю мардуми таслимшударо муғулҳо ҳашарӣ мегӯянд ва дар ҷангу қалъакушоӣ пеш меандозанд, то ҳар балое биёяд, аввал онҳоро дарёбад. Ба қавли Чингиз мардуми ҳашарӣ аз лашкарӣ беҳ аст.
— Яъне ки ба шаҳри мо қушуни ҳафтодҳазора ҳаракат дорад. Лашкари шумо чӣ қадар?
— Мо ҷамъулҷамъ даҳ ҳазор муҳофиз дорем. Лекин ман бо ҳазор сарбози яккачин бо муғул ҷангидан мехоҳам!
— Вой ман мурам! Оъ… як кас ба муқобили ҳафтод кас чӣ хел истодагарӣ мекунад?
— Гурдҳои силаҳшӯри ман аз нахустин нусрати хеш бар муғулон ҷудо ҳам рӯҳбаланд, бо ғайрати даҳчанд ба набарди ҳалкунанда тайёр шудаанд. Ҳама дар ойини мардию мардонагӣ тарбият ёфта, аз ҷони ширин ноумед нестанд, аммо тани хешро батадриҷ бо марг ошно кардаанд. Ин шоҳбайт шиори ҳар кадоми мост:
— Дар кори лашкар бағоят ҳушёр ва сахт кушо будану ҳар доим сипоҳиёнро навозиш фармудани шуморо медонистам. Акнун фаҳмидам, чаро шуморо аз бисёр будани душман боке нест ва дил қавӣ медоред. Шумо дар ҳақиқат марди бузургед, эй ғазанфари муҳориб!
— Акнун бузургӣ дар ҳарб аст! Ман ҳисори обӣ дораму дувоздаҳ киштии ҷангӣ, ки барои душман дастнорас аст. Қалъаро аз тиру пайкон, шамшеру камон, найзаю сипар ва сангу ханҷар пур кардаам. Ғизою либос ҳам кофист. Сарбозҳои мунтахаби ман шертану девбанд, силоҳварзу сипоҳшикан ва далерони ҷангҷӯшанду айёрпешаи сарфароз. Ҳама муридони Пирам Подшоҳмарди валӣ! Тиру камони пайғамбарию анори Ёсин, тӯмори нигаҳдошт ва дуои ин бузургвор балогардони мост! Муридон сабақи махсус омӯхтаанду агар бо зарбу махраҷи хос дуои киштиронӣ «Бисмиллоҳи маҷроҳо ва мурсоҳо инка рабби ло ғафуру раҳим»119 дар дил хонда, сафина ба об ронем, иншоаллоҳ, ягон зараре намерасад…
— Ин хел дилпур бошед, ки бо хайли ҳазора ҳарб бояд кардан — бикунед, зеро шумо беҳтар медонед. Аз ибтидо то интиҳои муҳориба ба Худо муқтадо мекунам, ки тавфиқ ба шумо рафиқ гардонад. Лекин… одамҳо мегӯянд, ки дар сипоҳи Чингиз ҳар марди даҳум мисли Рустам паҳлавон аст. Яке Субудай — баҳодур будаасту дигаре Толучар — баҳодур…