— Офарин туро, эй ҷони ширин, ки ҳофизаи хуб дорӣ! Он замон аъроб шикаст хӯрду муддате ҳеҷ кас ҷуръати ҳуҷум надошт. Халифаи ниқорталаб сарлашкараш Қутайбаи ҷаррорро бо қушуни бистҳазора маҷбуран ба Хуҷанд сафарбар кард.
Ин замон дар ҷанги аввалия Улоқ мағлуб шуду Чингиз писараш Ҷағатойро бо бист ҳазор хунхор ба шаҳри мо равона кардааст.
Он замон мардуми шердили Хуҷанд аҳлона ба набард хестанду онҳое, ки силоҳ надоштанд, калтак ба даст гирифта, ҷанг карданд. Муҳориба даҳ сол тӯл кашиду бо сулҳи муваққатӣ анҷом ёфт…
Нигина мутанаффир гашту бо оҳанги малул гуфт:
— Худоё, аз боди рӯзгори бадгавҳар дар паноҳат нигаҳ дор, ки аз Чин то Бухоро пур аз лашкари Чингиз шудааст. Он замонро донистам, ин замон чӣ мешуда бошад?
— Инашро Худо медонад. Ҳамеша сипос бар Аллоҳ мегӯям, ки ғайр аз ҳисори олию киштиҳои ҷангӣ ва камонғӯлаки хуҷандӣ боз як паноҳи басо мӯҳкам дорем…
— Кадом аст он?
— Дарёи Сайҳун. Ба қавли Саъдӣ зи дарё сад манофеъ бешумору ман худро фарзанди дарё меҳисобам ва азбас чор тарафи қалъаи баланди мо муҳот бо об аст, он моҳии малакист, ки шаст фурӯ нагирад. Яъне, агар нолаи об аз ноҳамвории замин бошад, фиғони муғул аз мавҷи дарё хоҳад шуд! Зеро қавме, ки ба ҳарби мо омадааст, сахтҷӯш ва хонасӯз аст, вале шиновар несту ба гирдоб расад, ғарқа мешавад.
— Илоҳо, дили Чингиз ғарқа дар хуни ҷигар шавад! Дар Сайҳун ғарқа гардаду асло амон наёбад!
— Яқин медонам, ки дуои неки модарон алмудом мустаҷоб мешавад, эй гиромитар аз ҷони ширин! Ҳамеша аз Парвардгори олам илтиҷо намо, ки фарзанди шоистаамонро нобуд нагардонад, меваи диламонро хомсӯз накунад, то дасти падар дар ҳаво холӣ намонад… Дарвоқеъ, эй мағзи ҷигар, чаро нури басари маро бо худ наёвардӣ?
— Момодоя Мирмӯҳсинро ба Кулангир бурд, ба меҳмонии бобои Мирфозили дилпазмон… Аз ин ҷо ман ҳам бо роҳи миёнбур наздашон меравам. Шумо ҳам меравед?
— Бо ҷону дил мерафтам, лекин… гуфтам-ку Ҷағатой дар остонаи Хуҷанд…
— Эй Малики дилам, агар иҷозат диҳед, ҳамроҳи шумо истам.
— Чаро?
— Маро иштиёқ ва ҳаваси бисёр аст, ки шуморо дар корзор бинам…
— Ман ҳам туро дар паҳлуи худ истондан мехоҳам. Лекин фурсат мусоид нест ва ту бояд ҳар чӣ зудтар равӣ, то доимо паҳлу дар паҳлуи Мирмӯҳсин нигоҳ дорӣ…
Нигина дилкашол хилъат пӯшида, ҳаракати рафтан кард.
— Исто! — овози Мирмалик омирона садо дод. — Бо ҳамин хилъати нафис меравӣ?
— Барои меҳмонӣ мувофиқ либос пӯшидаам…
— Намешавад! Ту бояд мутанаккир шавӣ.
— Инаш чӣ гуфтанӣ гап? Имрӯз ин қадар бисёр ибораҳои арабӣ кор фармудед? Аз ин пеш «мафқуд» гуфтед, ки маънояшро ба тахмин фаҳмидам…
— Барои он ки Мирмӯҳсин мафқуд нашавад, ту бояд мутанаккир шавӣ! — гуфт бо ҷиддияти том Мирмалик ва сипас оҳанги гуфтор мулоим кард. — Азбаски сухани сабук хоколуд аст, аз лафзи кӯчагӣ ҳазар дорам. Акнун он ҷумларо бо лафзи хуҷандӣ шунав: э занак, барои он ки бачата аз бағалат кашида нагиран бидӣ-бидӣ накада, дарров афту башарата мардона када, алакимчихел анҷоми дигархелак пӯш, ки ягон бетутуруқ нашиносадат.
— Барои чӣ??
— Дар урфият «аз бало-ҳазар» мегӯянду ҳусну ҷамоли зебо ҳамеша офати ҷон аст. Туро, ки ҷони манӣ, мебояд сахт эҳтиёт кард. Зеро ба ман гуфтанд, ки Аҳмадаки баззоз Нигинаро ба Чингиз бахшида, авлоди худро наҷот додан мехоҳад.
— Наход?! Чаро он аблаҳро сазовор ҷазо намедиҳед?
— Барои гуноҳи нокарда ҷазо муқаррар нашудаасту дар ҳама ҳолат аз эҳтиёт гузир нест. Яъне ту бояд ҳатман мутанаккир шавӣ. Ана акнун фаҳмидӣ?
— Фаҳмидам ва итоат мекунам. Аммо чӣ гуна мутанаккир шуданро намедонам.
Нигина бо дастури Мирмалик куртаю шалвори мардона ва пойафзоли сабуки чармӣ пӯшида, ҷавшани ҳалқа-ҳалқа ба тан кашиду кӯлоҳи ҷангӣ дар сар ниҳода, сипаре бар китф андохт ва шамшере ба миён овехт. Чун ба оина нигарист, рӯёрӯи хеш навкари наврасе дид мавзунқомат ва чеҳрахандон. Завқ бурду гуфт:
— Эй Малики дилам, аз мӯйлаби зебои худ андаке ба орият намедиҳед, то маро низ савлат аз саблат124 шавад?
Мирмалик аз лутфи гарму завқнок хушҳол гашта, сартарош даъват кард. Вай аз халтачаи махсус чанд мӯйлаби сохта берун оварда, чену барчин намуд ва зебандаашро болои лаби Нигина часпонд ва қиёфаи ӯ тамоман тағйир ёфт. Суханаш ҳам дигаргуна садо дод:
— Ман дигар на кабутарам, на кабки дарӣ ва на оҳуи кӯҳӣ! Гурдофарид ман! Маро асп биёред, ба ҷанги Чингиз меравам!
— Эй гиромитар аз ҷонам, ту акнун оҳуи айёр шудӣ! Яъне, оҳуи мардафкан ту! Бикӯш, то пурамал бошӣ, на пуралам. Асло аз ёд набарор, ки ҷавонмард дарёсту бахил чун ҷӯй, моҳӣ аз дарё талаб, на аз ҷӯй!
Ҳозир ҳамроҳи чанд сарбоз ба соҳил мебароеду аспсавор аз шаҳр берун меравед. Бовар дорам, ки ҳеҷ кас туро намешиносад ва бегазанд то Маҳрам мерасед. Он ҷо ҷавонзане бо кӯдакаш дар ароба шуморо интизор. Кӯдакро гарм ба оғӯш гирифта, беозор то Исфара мерасонию ба дасти бародархондаам Сайфуддин месупорӣ. Ту он ҷо мемонию ҳар сухани шоирро хоҳарвор эҳтиром мекунӣ. Гапи вай гапи ман аст.
— Мирмӯҳсин чӣ?! Вай дар Кулангир мемонад?!!