— Аз сарсонию парешонӣ Худо нигаҳ дорад, эй фарзанди азиз! Ҳар кӣ сари таслим фуруд орад, фармонбардору забонбаста мешавад, лекин тадбири мо тасҳил139 аст, на таслим! Борҳо ба ту гуфтаам: хуррам касест, ки аз вай номи нек ҷовидон монад. Ин гуфтор мағзи ҳаёти ман асту баҳри он мекӯшам, ки баъд аз сари мо қиссаи ману ту мӯниси дили ҷаҳониён шавад!
Бингар, чӣ борони латиф меборад… Оби раҳмат аст борони наврӯзӣ, ки бар рухи ҳар касе расад, ҳарфи сабзе бар гӯшаш расонад. Ин обест, ки оташи дилу сӯзи синаи мо паст гардонад, то пеши маҳраму бегона насӯзем…
Эй фарзанди азиз, гар намедонӣ, бидон, ки маҳз аз қатраи борони найсон ба даруни садаф марворид пайдо мешавад. Марвориди ману ту Мирмӯҳсини дилбанди мост, ки бино ба қавли худат ҳолиё ҳамроҳи модар ва амактағояш Сайфуддини шоир дар Исфара асту зиёрати Маккаи мукаррама хоҳанд рафт. Агар онҳоро дарёфтан хоҳӣ, дуо мекунам, ки сафарат бегазанд ва камхатар шавад.
— Хуҷандро тарк гӯям, қалъаи обию сафинаҳои ҷангӣ, тиру аслиҳа, боқимонда захираи ғизо чӣ мешавад? Зимоми ёрони вафодори хеш ба кӣ месупорам? Ҳамшаҳриён чӣ мегӯянд? Маро нанг меояд аз он, ки имрӯзиёну пасовандон шаҳриёри шерлақабро шағоли буздил хонанд, сусткамару носипосу бетавфиқу ноӯҳдабаро ҳисобанд ва бо писханду нафрат ёд оранд! Оё танҳоиву ломаконӣ низору нажанд нест?! Муқовиматро то нафаси охирин давом дода, ба мардӣ кушта шудан аз шармандаю лаънатзада гаштан оё беҳтар нест?!
— Кӣ гуфт, ки тани танҳо меравӣ? Ҳама сафинаю ганҷина, лавозимоти ҷангию захираи хӯрокворӣ бо худ гирифта, хасе ба муғул намонда, пешопеши ҳазораи ҷонфидои худ арсаи ҷанг иваз мекунед! Ин аст маънии тасҳил, ки ҳарбиёни хирадпеша мусолиҳа мегӯянду тадбирест барои сабук гардондани душворӣ. Яъне дар Хуҷанд давом додани моҷаро бо муғул дигар манфиате надорад. Ту вазифаи худ бо сарбаландӣ иҷро кардӣ. Баҳри озодию ободии Хуҷанду хуҷандиён ҷон бар каф гирифта, мисли Сайҳун хурӯшон шудӣ, ки роздони тавонбахши туст ва аз ин баъд дарёи Сир мешавад, то асрори ҷавонмардию қаҳрамонии туро дар қаъри худ ниҳон дорад ва ба ворисонат расонад…
Минбаъд ин ҷо истодани шумоёнро маслиҳат намедиҳам. Зеро агар якравию гарданшахӣ кунед, Чингиз бо лашкари бешумори худ фишору тазйиқ аз ин батар кунад ва ҳар гоҳе бесилоҳу бенавою бечора монед, шуморо сахт бисоваду бикушаду шаҳрро бисӯзаду мардумро ғорат кунаду қатли ом ва манзараи Хуҷанд аз Бухорою Самарқанд бадтар садчанд шавад. Ва тавре ки худат гуфтӣ, ба лонаи чуғз табдил ёбад. Ту ҳаминро мехоҳӣ?
Мирмалик ба нишони инкор сар ҷунбонд, аммо ҳарфе ба забон наовард. Ҳазрати Бузургвор дасти видоъ ба китфи шаҳриёр ниҳод ва каломи хайрбод гуфт:
— Эй фарзанди азиз, ки бо ибораи «лонаи ҷуғз» қуфли муамморо кушодӣ, худ хуб медонӣ, ки дар олам аз об покизатар чизе набошад, вале агар муддати мадид ба як ҷой қарор гирад, гандида шавад. Мисли Сайҳун пок бошу хурӯшон, то шукӯҳу шавкату ҳашамат ва бузургии шерзилванди Хуҷанд ба умқи дилҳо ҷорӣ шавад ва дар чашми оламиён ҷовидона лангар андозад.
Хайр, фарзанди азизам. Худо медонад, ки мо бори дигар ҳамдигарро мебинем ё не?! Охирин панди маро, охирин насиҳат ва маслиҳати маро бо гӯши дил шунав: умр сармояест гузарон ва номаълум, эй фарзанди гиромӣ. Ҳар ҷо, ки бошӣ, сарсабзу сарбаланд бош ва ҳар лаҳза ба мардум роҳат расон. Ту ҳаргиз танҳою ломакон нестӣ! Хуҷанд маъвои дили ту ва хуҷандӣ номбардори асили туст, эй фарзанди дилбанд.
Хайр, ман ба мулоқоти Чингизхон меравам. Ҳозо явмун ъасибун!140 Ин рӯзи душвор асту хоҳ бинавозад, хоҳ бикушонад, барои ҳифзи Хуҷандам сеҳри сухан сипар мекунам, то балою мусибат ба роҳат мубаддал гардад ва ҳеҷ вақт Хуҷанд лонаи чуғз нашавад. Валлоҳу аълам бис-с-савоб ва илоҳи-л-марҷаъ ва-л-маъоб. Ва ҳува асдоҳу-л-қоиман ва ҳува аълам. Ал боқӣ ва-д-доим ҳува Аллоҳу азза ва ҷалла141. Омин.
* * *
Шайх Маслиҳатдин вурроаи сафеди оҳарӣ — ҷомаи хосаи сӯфиёна бар дӯш андохту ба заврақ нишаст ва ҷон дар хатар ниҳода, ҳамроҳи Шайхи бухороӣ ба соҳили рости Сайҳун гузашт. Ончунон боэҳтиёт ба замин фуромад, ки кафши пояш заррае лойолуд нашуд.
— Подшоҳони мо чун кӯдакони хурдсоланд, — лаб ба сухан кушод Зангӣ Бобо, ки мехост, ҳамсафарашро аз хулқу атвори Чингизхон пешакӣ огоҳонад. — Агар ба онҳо ҳарфи муболиғат ба оҳанги хушомад гӯед, аз эшон табъи дил бахраманд мешавед. Аммо шоҳи муғул одами дигар ва аз олами дигар аст… Фаровонсуханӣ ва тамаллуқро намепарастад…
Бузургвори Хуҷанд лаҳзае аз роҳгардӣ истода, ба рӯйи Пири чӯпонҳо бо назари илтифот нигарист ва байте аз Фирдавсӣ хонд:
Шайхи Бухоро муҷримона сар ҷунбонд ва бо шоҳбайти Муизӣ ҷавоб гардонд:
Шайх Маслиҳатдин базавқ хандид ва пурсид:
— Магар шоҳи оламхоҳи муғулро хаймаву хиргоҳ нест? Чаро саропарда намезанад ва лашкариёнаш ба лаби об чун лулиён фуруд омадаанд?