— Панде, ки дар соҳили Сайҳун садо надод, акнун бишнав, эй ғунчаи мастураи бобо: дарёдил бош, лек мисли Сайҳун ором ҷорӣ шав! Рақсидану болидани духтарон дар тантанаҳои наврӯзӣ суннати дилписанди ойини мардумист ва мутобиқ ба ойини мусулмонист. Аммо чархидану завқидану бехуд шудан пешаи шайтонист. Алҳазар аз ҷунуни иблиси маккор!
Ин бигуфту фармуд, ки кӯзае кӯҳна биёранду ба дасти Нигина диҳанд.
— Эй ғунчаи мастураи бобо, маслиҳат ин аст, ки кӯза дар даст болои бом барою то қадри тавонистан онро болои сарат баланд бардор ва се бор гирд гардонда, бо тамоми қувват ба замин ҳаво деҳ!
Амри Пири бузургвор бечунучаро иҷро шуд ва зарфи сафолӣ ба замин бархӯрда, пора-пора гашт.
— Кӯзашиканӣ яке аз пиндорҳои фаромӯшшудаи Наврӯзи ниёкон аст, — шарҳ дод Пири донишманд. — Ғараз аз ин амал шикастани тилисм, рафъи бало ва дафъи чашми бад аст. Нигина кӯзаро шикасту шикасти тилисм оғоз шуд. Аз ин баъд Нигина монанди одамони хокӣ гап мезанад, на мисли париёни бодӣ. Агар ҳар сол дар айёми наврӯзӣ як кӯзаи сафолӣ бишканад ва адади кӯза ба ҳафт расонад, аз банду тилисм осоре намонад.
Фаҳмидӣ, эй ғунчаи мастураи бобо?
Якуякбора тарзи гуфтори Нигина тағйир ёфту бо лаҳни шево ҷавоб дод:
— Фаҳмидам, эй Бобокалони меҳрубон. Ҳар чӣ фармоед, ҳамеша ба ҷону дил иҷро мекунам!
— Ин тавр бошад, бархезу пеши амакдухтаронат рав, ки ғарқи хоби нозанд. Маслиҳат ин аст, ки дигар духтарон ҳам хона ба хона шаванд ва деги суманак ба ихтиёри момоҳо гузоранд. Азеро пагоҳ аз вақти саҳур — пеш аз дамидани субҳ шодию тараби Наврӯзи бузург оғоз меёбад.
* * *
Ҳақиқатан ҳам чашми рӯз накафида, холаи Бибисолеҳа духтаронро бо тараннуми байти наврӯзӣ аз хоб бедор кард:
Ҳама саросема дасту рӯй шуста, ба кӯча давиданд. Дар чорроҳаи Мардони Панҷшанбе даҳҳо аробаи дучархаи соябондори идона зиннатёфта корвон шуда, пешопеши анбӯҳи духтарону бачаҳою мардону занони либоси идона дар бар ва хони анво дар сар сӯйи идгоҳ раҳсипор буданд. Ҳар як кадбону таоми махсус пухтаашро бо худ мебурд, то як гӯшаи суфраи наврӯзиро ободу ороста гардонад.
Бибисолеҳа низ дар сар бастае дошт аз мағзу санҷид ва зардолую чормағзи Ворух, ки махсус оварда буд ва чун корвони шодӣ ба идгоҳ расид, дастовезашро ба модари Мирмалик — холаи Моҳсимо, ки дастордори хон ва парастори нон буд, супорид. Хонсолорони чобукдаст ва ходимони покизакор бо маслиҳати ин кадбонуи маъракаоро моидаҳои хелмахелу рангоранг — нонҳои ширмолу обӣ, фатирҳои гирдаю холзада, кулчаҳои равғанину қаламаи варақин, самбӯсаю чалпаку чаппотӣ, мағзу мавизу чормағзу санҷид, зардолуқоқи мирсанҷалию қандак, бинигорию хурмоӣ ва таомҳои маросимӣ — суманаку кочӣ, кашку дӯлда, зӯрмиҷ ва бағрою гипоро ҷобаҷо мегузоштанд.
— Суст нашавед, аммо шитоб ҳам накунед! — мегуфт Моҳсимо ҳар замон ба хонсолорон. — Бикӯшед, то дастархони наврӯзии мо аз дигар гузару маҳаллаҳо беҳтарин бошад, дар радаи ҳафт хони маъруфи Хуҷанд ҷой гирад.
Баъде ки суфраи калон аз анвои хӯрданӣ лабрез гашт, парастори хон фармуд, ки ҳафт шохча аз ҳафт дарахти мевадеҳ биёранд. Дастёрон даррав аз зардолуву бодом, ангуру олу, туту чормағзу анҷир ба андозаи як ваҷабӣ навдаи тар оварданд. Холаи Моҳсимо ҳафт шохаро ба шакли ҷойгиршавии ситораи ҳафтдодарон рӯйи хон ниҳода, ба паҳлӯи ҳар кадом муште аз меваи он гузошту чашмаш ба Нигина афтид, ки ҳар амали ӯро бодиққат назора мекард. Бо лаҳни кӯдакона гуфт:
— Ту барин хушрӯча шуд-а!?
Нигина базавқ хандид ва пурсид:
– Ҳафт «шин» оё ҳамин ҳафт шоха аст?
— Не, хони наврӯзиро бо ҳафт шохчаи тару ҳафт меваи хушк оро додан одати бӯвокалонҳои мост. Чунки аз замонҳои қадим рақами 7 барои пешгузаштаҳои мо муқаддас ҳисоб мешуд. Масалан, ҳафт хазина доштан барои подшоҳон ойини давлатдорӣ буду ҳар кадоме ҳафт қасри шоҳаншоҳӣ доштанд. Гурзи подшоҳӣ аз филизи ҳафтҷӯш, яъне аз омехтаи тиллою нуқраю қалъагӣ ва мису оҳану сурбу биринҷӣ гудохта мешуд. Шоҳон ба маликаи худ дар иди Наврӯз гули ҳафтранг ҳадя мекарданд.
— Барои чӣ ҳашт нею ҳафт?
— Барои он ки ба пиндори ниёгони мо замин мисли ҳафт қабати осмон ҳафт қисмат буда, ҳар кадом ба як ситораи Ҳафтдодарон мансуб аст. Яъне, ҳафт шохаю ҳафт мева рамзи ҳафт иқлими ҷаҳон аст…
Нигина шарҳи душворнамо, вале осонфаҳмро бо даҳони боз шунида, тамошоро бо шавқи дучанд идома дод. Фаҳмид, ки ҳафт «син»-себу санҷид, сиркою сабзӣ, самбӯсаю сипанду сир асту ҳафт «шин» — ширу шакар, шаробу шарбат, шамъу шонаю шиннӣ. Ин чизҳоро ба ду тарафи дастархон алоҳида-алоҳида гузошта, Моҳсимо бо тавозӯъ пеши Бибинурӣ омад:
— Отунбуча, акнун расму таомули худамонро баҷо оред ва ба хони наврӯзӣ ҳафтгонаи хуҷандӣ гузоред.
Дастордор аз дасти ҷавонзане косаи ордро гирифта, мобайни дастархон гузошту ба Бибинурӣ нигарист.
— Дуо кунед, Отунбуча!
— Парвардигоро, ҷумла бандагонатро аз ҷурму гуноҳ пок намо ва осиёби зиндагиро бешикаст гардон!
Ҳама баробар «Омин» гуфта, даст ба рӯй кашиданд.
Моҳсимо косаи биринҷро паҳлӯи орд ниҳод.
— Парвардигоро, ҷумла бандагонатро рӯзу рӯзии сершумор насиб гардон!