— Барояш боз як китоб овардаму атриёт…
— Чӣ хел атриёт?!
— Хушбӯйтарин атри олам. «Мушки Хуҷанд». Аз беҳтарин гулҳои парвардааш хоҳаракам Гулсимо бо маслиҳати модар тайёр када, тӯҳфа фиристод. Ваю Саодату Нигина дугонаи қиёматӣ шудагӣ. Саодат китоб дод… Лекин… Кабутари мастура гуфтеду ҳайрон шудам… Тӯҳфаҳоро чӣ хел супорам, тағо?
— Падараш ояд, ба ӯ медиҳӣ. Нигина акнун ба ҳар кас чеҳра наменамояд.
— Эй бобо, Нигинара мо дигар аҳ намебинем?!
— Худо медонад. Дар Ворух ҳама тақводор, ба қоидаю қонуни духтардорӣ сахт риоят мекунанд. Ана, падараш меояд, ҳар саволе доред, аз ӯ пурсед…
Ҷавонон дарҳол аз ҷой хестанду Абдулсайид бо Мирмалик дӯстона, аммо бо Сабзалӣ ҳамчу ошно мулоқот кард. Абдулмаҷид бошад, ҳар дуро ба як чашм нигаристу чун шиносҳои дерин даст ба дасту китф ба китф расонд ва шоирона нидо кард:
Дарвозаи ҳавлии андарунӣ ғичиррас овоз бароварда, кушода шуду Неъмат хурҷини пурбор сари китф дар ғуломгардиш намудор гардид. Нигоҳи Мирмалик аз паси ӯ ба дарвозаи нимроғ лағжид. Он ҷо суроби духтаракеро дида, тӯҳфаи дугонаҳо ёдаш расид ва бо овози баланд аз Абдулсайид пурсид:
— Амак, хоҳарам Гулсимою дугонааш Саодат аз Хуҷанд барои Нигина китобу алачизе тӯҳфа фиристодагӣ. Ба шумо диҳам ё ба Неъмат?
Мардон ба лабкушоӣ фурсат наёфта, овози ширини Нигина гӯшнавоз садо дод:
— Акоҷон, ба амонат хиёнат накарда, ба дасти соҳибаш супоред.
Ҷасорати Нигина на густохӣ, балки ҳозирҷавобии навбатӣ пазируфта шуд ва бо ишораи Шайх Бурҳониддин ҷияни чашминтизораш масофаи байни кату дарвозаро як қадам карда, тӯҳфаҳоро ба кабутари мастура дастрас намуд.
– Ҳазор раҳмат, акоҷон! — нимовоз гуфт духтараки пардапӯш. — Ин дафъа биёед, дугонаҳоямро ҳамроҳ биёред.
Мирмалик кӯтоҳакак «хуб» гуфту бо чеҳраи арақшор қафо баргашт ва чашм аз нигоҳи тағо гурезонда, ба Абдулмаҷид нигарист:
— Аспсавор меравем ё пиёда?
— Пиёда серӯза роҳ, — ҷавобро мухтасар кард Шайх Бурҳониддин. — Аспҳоро бароред!
Баъде ки деҳистон дар қафо монду кӯҳистон сар шуд, Абдулмаҷид қуфли хомӯширо шикаст.
— Вақте бори аввал шуморо дидам, дудодарон гумон карда будам. Лекин аз лафзи Сабзалӣ фаҳмидам, ки хуҷандӣ нею бегона аст…
— Чизе гуфтосед? Сабзалӣ ҳаргиз бегона нест! — хитоб кард Мирмалик. — Вай додархонди ман!
— Рост мегӯяд Мирмалик. Ӯ ҳам мара ай додари ҷонӣ беҳтарай!
— Хуб кардед, ки бо ҳам бародар шудед.
Мо, ворухиҳо, дӯсти ҷонӣ, ҳамсояю рафиқи наздики худро «додар» мегӯем. Лекин… ҳар дуи шумо, ки қаблан ҳамсоя набудед, чӣ хел ҳамдигарро ёфтед ва бародар шудед?
Аз оҳанги пурсиши Абдулмаҷид додархондҳо фаҳмиданд, ки вай то ҷавоби шофӣ нашунавад, ором намегирад. Бо меҳр ба чеҳри якдигар нигариста, ба посух пардохтанд. Бо навбат сухан ронда ва гуфтори ҳамдигарро пурра гардонда, ҳам роҳрову ҳам рӯзро кӯтоҳ карданд. Шоири кунҷков ҷавоби бародаронро бо рағбати том шунида, достони ибратомӯзро барои ба риштаи назм кашидан фасл ба фасл матраҳ намуд.
…Мирмалик то понздаҳсолагӣ бештари вақти худро дар Кулангир мегузаронд, ки яке аз мавзеъҳои ободу хуррами беруни шаҳри Хуҷанд ба ҳисоб рафта, ҷойи тобистоннишин ва боғу роғи меросии оли Мирабдулло буд. Ҳанӯз дар аҳди Исмоили Сомонӣ ба ивази хизмати содиқона як қитъа замини обӣ ба домоди дӯстдоштаи амир ҳамчун иқтоъ инъом гардида, баъди узви сулола ва амалдор шудан фарохӯри мақому мартабааш ҳудуди мулки ӯ даҳ карат афзуд ва барои ба мерос гузоштан ҳуқуқи комил пайдо кард. Аз дудмони аҷдодӣ — маҳаллаи Мирзоён, ки дар маркази шаҳри Хуҷанд ҷойгир буд, то мулки меросӣ пайроҳаи миёнбуре вуҷуд дошт дарозиаш ду санг зиёдтар. Агар ин масофаро ба ченаки борҳо санҷидаи Мирмалик гардонем, аз ҳавлӣ то боғ расо биступанҷ ҳазору понсад қадам, яъне ҳабдаҳ чақрим роҳ буду вай ҳар рӯз бо рағбати том ба боғ рафта, бозгашт ба шаҳр меомад.
Кулангирро Мирмалик беҳтарин деҳаи олам меҳисобид. Зеро маҳз дар ин макони таборак вай бори нахуст ба дидори рӯйи гарми падараш Мирраҳмат мушарраф гардид. Он вақт хеле кӯчак буду нав ба панҷсолагӣ қадам гузошта, аммо то ҳол падари хешро надидаву намешинохт. Ҳол он ки ҳамроҳ дар як ҳавлӣ мезистанду модараш ҳар замон либоси нав, қанду мева ё бозичаеро ба дасташ дода, «дадоҷонат оварданд» мегуфт. Ва Мирмалик дарҳол мепурсид, ки «дадоҷонам канӣ?» Модар механдиду «он кас Кулангир рафтагӣ» мегуфт ва аз рӯяш мебӯсид.
Албатта, он вақт Мирмалик намедонист, ки тибқи таомули сулолавӣ писаракро то синни чорсолагӣ модар тарбият мекунаду ба падараш нишон намедиҳанд. Вай ин урфу одатро намедонист, аммо ташнаю гуруснаи дидори падар гоҳ-гоҳ пинҳону ошкоро мегирист. Оқибати гиряҳо ханда шуду рӯзе модар як тахт либосҳои навро пешаш гузошта, бо лабханд гуфт:
— Дадоҷонат тӯҳфа оварданд.
— Худашон оварданд?
– Ҳа.
— Канӣ дадоҷонам?!
— Бегоҳ мебинӣ, бачаҷон. Турнақатор ба Кулангир меравем, дадобинон мекунем!