Нигинаи покдил, ки бо нияти мухлисӣ ба аспрези Исфара омада буд, довталаби дилнигаронро дилгармтарин ҳаводори дилсӯз ва дилдӯз шуд, бо дилёбиву дилнавозӣ дасту остин барфишонда, барои дастёб шудани ҷавони пирӯзбахт ҷон коҳонд ва фирӯзрӯзро фоли нек, оғози бахту иқболи дилафрӯз пиндошта, дилбаставу дилхеста ба ароба савор шуд, аммо дилхаста сӯйи Ворух роҳ пеш гирифт. Зеро аз теғи нигоҳи падар хиҷолат мекашиду аз теғи забони Назокат метарсид. Хавфу раҷо аз он дошт, ки дар пушти кӯҳи баланд якумр дилбанд мемонад. Яъне банди дили бедори кабутари навболро касе кушода наметавонад.
Хушбахтона, мушкилкушо баробари ба Ворух расидан аз худ дарак дод. Бибинурӣ суханҳои дилошӯб ва дилҳароси Нигинаро дар бораи диловари аспрези Исфара бо дили соф шунида, мағзи гапро аз пӯстпора дарҳол ҷудо кард ва табъи дили духтар лаб ба насиҳат кушод:
— Хоҳӣ, ки ба муроди дил расӣ ва хушбахт шавӣ, дил қавӣ дор ва асло сустӣ накун, эй мурғдили оча! Агар бех суст шавад, шоху барг дар як мижазанӣ пажмурда мегардад. Мебинам, ки туро хун ба ҷӯш омада, дар унуфони камолот қарор дорӣ. Азбаски дар бӯстони балоғат тозабаргӣ, дар синаи қалбат асло ғамро ниҳон надор! Фаромӯш накун, ки дили раҳмгин пайваста ғамгин аст. Зиндагӣ шодӣ асту шодӣ кардан ҳунар!
Аз сухани гарму нарми кампири хушлаҳҷаи хирадрутбати хуҷандӣ, ки аллакай кулли занону духтарони Ворухро беғараз маслиҳатгар шуда буд, Нигинаро ойинаи замир андак равшан гардид, аммо аз замин чашм наканда, нимғурма овоз баровард:
— Ба мулки дилам роҳи дуруст кушодед, эй очаҷони хуҷандӣ. Баъди аз Исфара омадан маро он дили пешина бо худ нест… Тарсам аз он аст, ки модар маро барои дили гумшуда сахт сарзаниш мекунад…
— Агар ҳолат чунин аст, туро сукут раво набошад, эй духтари оча! Алҳол маслиҳат ин бошад, ки аввал ба падар рози дил кушой, ки устои зирак, марди оқил ва падари меҳрубон аст…
— Сирри дил аввал ба модар нагӯям?!
– Ҳолӣ не, ҷони оча! Агар хоҳӣ, ки орзу дар дилат фурӯ нашиканад, саросема нашав. Ҳама медонем, ки дили модар бузург асту моломоли меҳр нисбат ба духтар. Вале на ҳама медонанд, ки ин дили бузург саршор аз тарсу ҳарос аст нисбат ба тақдири духтар. Агар модар дил бохтану дил гум кардани духтарашро фаҳмад, аз тарси қаҳру ғазаби падар ҳама кори аз дасташ омадаро мекунад, то сир пӯшида монаду духтар ба балои азим гирифтор нашавад. Яъне бо ҳазор шеваю усул дили туро меёбаду дарҳол пеши обро мебандад, то домани касе тар нагардад…
Маънии суханҳои маро фаҳмидӣ, ҷони оча?
Нигина дарҳол ҷавоб нагардонда, аз равзана хаёломез ба кӯҳи Тешазадагӣ нигарист. Қиссаи ишқи Фарҳоду Парихон ёдаш омад, ки маҳз аз дасти падар муҳаббати думбурида шуд. Дилаш таҳ кашиду ба лаби нозукаш ларза афтод:
— Агар падар суханро дарҳол қайчӣ занаду гӯяд, ки «Раву дар хона иму ҷим шин, ошиқӣ кори ту нест!» он гоҳ чӣ мешавад? Оё об аз сар хушк намешавад?!
Очанурӣ мулойим хандид:
— Агар бе ҳеҷ муқаддима, бараҳнаю пӯстканда гап занӣ, арраҷавоби арзанда мешунавӣ, гӯсолаи оча! Фарқи духтарак аз писарак ҳамин, ки гапи ширин дорад, нозу ароз дорад, лабханду оби чашм дорад…
— Агар ҳамроҳ равем, намешавад?
— Не, духтари оча! Агар ба ҷойи ту ман гап занам, шубҳаю гумон пайдо мешавад, ки кампираки ҳафтодусесола духтарчаи сенздаҳсоларо бероҳа карданист…
Агар хоҳӣ, ки орзую ҳавасат ғӯраи сармозада нею ҳалвои ширин гардад, бо лутфу ҳарфи ширин ҳамсӯҳбати падар шав, ки яқин, дастафшонию пойкӯбиҳои туро кайҳо дидаасту шояд интизорат бошад. Зеро нозпарвари падар ҳастию мекӯшад, ки ҳаргиз дилат озоре наёбад…
Хез, духтари оча, пеши падар рав! Оқилон гуфтаанд, ки «кас нахорад пушти ман, ҷуз нохуни ангушти ман!» Ханда дар лаб, бебок рав. Асло фаромӯш накун: ҳар духтаре, ки ба дили падар роҳ ёбад ва доманашро маҳкам дорад, Худо ӯро ба мақсад мерасонад! Зеро модар бо ҳама бузургӣ назди падар муштипар аст, ҳақ надорад, ки сухани ӯро гардонад ва ҳад надорад, ки аз хати кашидааш берун по ниҳад…
Нигинаи дилзада аз суханҳои талхнамо, вале ширинтаъм чашми ҳайрат кушодаю ангушти ҳайрат газида, муддате дар лаби ҷӯйи равон нишасту тарҳи сӯҳбатро ба риштаи хаёл кашид ва дудила сӯйи устохона равона шуд.
Усто Абдулсайид, ки бо ҳавсалаи том васса метарошид, аз ташрифи ногаҳонии духтар безобита шуда, хотирпарешон аз ҷой хест.
— Биё духтарҷон, ҳама ҷо тинҷӣ?
— Парешон нашавед, додоҷун, ҳама тинҷу осуда.
— Ин хел ки бошад, хуш омадӣ, духтарҷон!
— Хушбахт бошед, додоҷун. Ман ҳамту… шумоя хабаргирӣ омадам.
— Хуб кардӣ, духтарҷон, фарзанди нағз ҳамеша аз ҳоли падар хабар мегирад.
— Меҳри падарфарзандӣ мана пеши шумо овард, додоҷун! Бовар кунед, гапҳои нағзу ширинатона ҷудо ҳам ёд кардагӣ ман, овозатона шунавам, дилам гум мезанад…
— Наход?
— Ба Худо қасам, ки рост мегӯям, додоҷун. Қариб ду сол мешавад, ки бо ман дуруст гап намезанед, ҳушу ёдатон ба додаракам банд, — овози Нигина худ аз худ ларзид ва қатраи ашк аз чашмаш чакид. — Ман ҳам фарзанди шумо, додоҷун!