Дашти Моҳпарӣ лаҳзае сукут варзид ва оҳиста таркид: аз давраи меҳмонҳо марди тануманди яктаҳи беостин дар тан ва камони садманӣ дар даст бо таҳаввур аз ҷой хест. Ин далерию ҷасорати аз ҳад зиёдро нимаи мардум бо таҳайюр ва чапакзанию ҳуштаккашӣ таҳният гуфтанд. Аммо кулли исфарангиҳо ва дигар ашхоси огоҳ довталабро шинохтанд ва пай бурданд, ки Аҳмади тоҷир ганҷи шойгон ба бегона доданӣ нест ва ин нақшаро пешакӣ тарҳрезӣ карда, навкари кироя Холмати Чочиро зархарид овардааст, ки ҳақиқатан ҳам камонвари чирадаст буда, бегумон шодиёна ба даст меорад.
Абдулмаҷид бо танаффур даст афшонда, бо чашми умед Абдулсайидро нигарист:
— Оё говҷигаре бошад, ки ин гови сиёҳро мағлуб гардонад?
– Ҳаст! — дилпурона садо баровард Назокат. — Ман ҳеҷ вақт намемунам, ки пули додою амакбобои мана одами бегуна гирад. Илло-билло ки рудаю ишкамбаша нохун катӣ чок мекунам!
— Офарин, гурбашери амак! — баланд хандид Абдулсайид. — Хубаш, худат ба майдон баро!
— Ман чува мебурумадиям?! — ҳазлро нафаҳмида, сахт барошуфт Назокат. — Ба ҷойи ман акои Мирмалик камунҷанг мекунад, ин гови сиёҳа ба хок яксун мекунад!
Ин лаҳза Мирмалик дар соягӯшае ба саманди дилбанди худ машварат дошту ҳис кард, ки ёру дӯстон, ҳамшаҳриҳо ва мухлисони қадиму ҷадидаш бо хоҳишу умеду боварӣ сӯяш менигаранд. Зеро дар дабиристон миёни ҳамсабақон дар тирандозӣ ҳамто надошту азбаски тираш қариб хато намехӯрд, қадарандоз мегуфтандаш. Бозувони Рустамона, ки дошту тири камонаш ба дуриҳои дур мепарид, қодирандоз меҳисобидандаш… Мантиқан, аз ҳарифи имрӯза пешдасту бартар аст. Вале… оё мурғи Ҳумо ба китфаш менишаста бошад?
Бо чунин андешаҳо гирдогирди аспрезро аз мадди назар гузаронда, ба аробаи назди даромадгоҳ чашмаш афтиду Абдулсайид ва Абдулмаҷидро шинохт. Ҳамоно панди тағояш дар буни гӯшаш садо дод, ки қабл аз дуо гуфта буд: «Таваккал нар асту андеша мода, ҷиянам. Дар лаҳзае, ки ҷавонмардӣ мебояд, андешамандӣ нашояд!»
Табассум дар чеҳраи Мирмалик гул карду панди падар ёдаш омад: «Афзалият аз ҳариф далели фавқият аст, яъне нишонаи бартарист. Фавқият бошад, далели ғолибият аст, писарам!».
Дигар ҳоҷати истихора намонд. Мирмалик далеру чобук аз ҷой хест. Камон аз ҷӯла бароварду тирдон ба китф овехт ва бебок қадам ниҳода, ба майдон даромад. Ӯро дарҳол шинохтанд ва нек истиқбол карданд. Хуҷандию ворухиҳо яксара ба по хеста, кӯлоҳ ба боло ҳаво дода, гӯё ки аллакай ғолиб омада бошад, баробар «Мир-ма-лик! Мир-ма-лик!!» мегуфтанд. Нигинаю амакдухтаронаш низ баробар қанотак зада, пешу қафо сар аз болопӯши ароба берун оварданд.
Аз чунин пазириш Холмати Сиёҳ лаҳзае карахт гашту қаҳролуд шуд. Вале сир бой надоду аз аспи ғурур поён нафуромада, бо овози димоғӣ дӯғу даранг кард:
— Эй ҷавон, ту ба зиёрати ман омадӣ ё ба муқобили ман?
— На инашу на ваяш! Бо даъвати мунодӣ омадам, то бахт озмоям.
— Тушбераро хом шумурдӣ, эй ҷавон! Ҷое, ки ман бошам, бахт ба фармони ман аст!
— Бахт кӯр аст, адолат бино…
— Суханбозӣ макун, эй ҷавон. Бо ман сарбасар шудани ту ҳоло барвақт аст. Ҳанӯз аз даҳонат бӯйи шир меояд…
— Бӯйи шир беҳтар аст аз туршии хамир!
Холмати Сиёҳ аз ғазаб сиёҳтар шуда, як тоб хӯрду аз дигар дари сухан даромад:
— Эй ҷавон, росташро гӯй: маро шинохтӣ?
— Аз тарҳи суханат фаҳмидосиям, ки хоҷа нестӣ, зердастӣ.
— Маро Холмати қодирдаст мегӯянд! Беҳтарин камонсозу камондори Чоч манам!! Тири камони садмании ман рахна дар санги хоро меканад! Тори камони маро ҳеҷ кас кашида наметавонад!
— Маро ба насабу қасаби ту коре набошад ва аз камони ту ғаму озоре нарасад. Расоям гапбозӣ накун, ки гуфтаанд:
Холмати Сиёҳ боз ба худ печиду хост, бо мушту лагад уштулум оғоз кунад. Лекин аз ғазаби мардум тарсида, ғазаб ба таъна гардонд:
— Эй ҷавон, ту худат кийӣ, ки ин қадар ҳавои даҳан мекунӣ?! Ту дар пеши ман як пашшайӣ!!
— Эй рангобзард! Душманат гар пашша бошад, камтар аз филаш мадон!
— Ту дар ду олам фил намешавӣ, эй ҷавон! Фил манам ва ғолиб манам!! Ту навакак дар аспдавонӣ ғалаба кардӣ, обрӯй ва иззат ёфтӣ. Барои кӯдак ҳамин қадараш басу зиёдатӣ! Бисёр махоҳ ва обрӯй макоҳ! Аспсаворӣ дигару камонварӣ дигар аст. Бо ман муқовимат накун ва беҳуда зӯр назан, ки миёнат бишканад!
— Ту ҳам ёзӣ-ёзӣ бисёр накун, ки гарданат нашиканад. Оқибати ғурур ва питӣ-питӣ сари пасту нотавонист!
— Гар намедонӣ, бидон, эй ҷавон: Ораши Камонвар ҷадди волои ман аст!
— Чалов накун! Ораши забардаст ҷадди худпараст нест! Агар тири аз Ому паррондаи вай ба Марв расида бошад, муҳол аст, ки тири ту ба сари теппа барояд…
– Ҳозир ман ба ту тирпаррониро нишон медиҳам! Ҳозир ман ба ту исбот мекунам, ки вориси Ораш манам!! Ҳозир мебинем, кӣ дар камонварӣ сахткаш аст?!
Холмат бо ғурур ва нописандии аввала тир ба камон гузошта, як чашмашро нимпӯш карда, бо қаҳру ситеза хурӯсро ба нишон гирифт. Хаданги чорпари ӯ башаст парида, ба катак расид, аммо ба шифт бархӯрд…