— Хомӯш! — бонг зад Хоразмшоҳ. — Мо аллакай як бор бо маслиҳати шайх амал карда, сабру таҳаммул карда, фиреб хӯрдем. Дасти шикастаю ҷони мурдаю хуни рехтаи зойирони хоразмӣ бар гардани шайх аст!! Мо дигар интизор намешавем ва кори имрӯз ба фардо намегузорем! Ин соат айни вақт аст. Моро бояд тадбир андешид зудтар, ки муҳимот таъхир напазирад ва хуни ноҳақ рехта нашавад!
Шайхулисломи рангпарида худро ором дошта натавонист:
— Эй бузургворшоҳи олам, хабари хуни ноҳақ саҳеҳ нест… Ҳуҷҷати дақиқ ба ростии ин сухан чист? Гувоҳи зинда бар ин қавл кист?
— Чӣ?!! Мо мастем ё шайх??!
— Нусхаи ин шумхабар субҳи барвақт ба Худованди олам, Маликаи муаззама расида буд. Таҳқиқ нишон дод, ки ҳоҷиёни моро на сипоҳиёни халифа, балки исмоилиҳо озор додаанд…
Баъзе вакилдорон оҳи сабук кашиданд, аммо Хоразмшоҳ ваҷоҳаташро тағйир надода, нафасе сукут варзид ва ҷилави сухан дигар сӯ кашид:
— Шайх аз ин хабару таҳқиқ мин айн44 огаҳӣ ёфт?
– Ҳамроҳи Маликаи олам субҳона хӯрдем ва…
— Чӣ?!! Эй мардум, фаҳмидед?! Шайх аз маҷлиси шоҳ гурехта, ба сӯҳбати малика рафтааст! Ё наузанбиллоҳ!
— Худованди олам маро оҷилан даъват карданд…
Хоразмшоҳ, ки тез-тез миҷа зада, ба чеҳраи анорранги Маҷдуддин менигарист, якбора рӯй турш карду ба хашм дод зад:
— Бас! Худоё, ин чӣ гап? Бархез аз пеши ман! Фарёд ба кӣ гӯям ва дармон аз кӣ ҷӯям?! То кунун бар дигарон тамасхур мезадам, акнун ба ман тамасхур мекунанд… Соқӣ!!
Хоразмшоҳ ҷоми шароб дар даст бо чашми хунполо шайхулисломро нигаристу ёдаш омад як сӯҳбати таърихӣ бо модараш:
…Се рӯз қабл аз ҷулус45 Қутбиддини валиаҳд дар хилватхона танҳо нишаста, перомуни ҳоли мулк ва ояндаи давлатдорӣ андеша меронд, ки модараш бесадо ворид шуд ва баъди салом ҳол пурсид. Фарзанди қобил мухтасаран шарҳ дод, ки оид ба мулкдорӣ ва таҷдиди он нақшаю муҳимоти бисёре ихтиёр кардаасту пас аз тааммул ва тааммуқ ҳар он чӣ боиси маслиҳат бошад, мушаххасан ба модар хоҳад гуфт.
Турконхотун сари фарзанди ба подшоҳӣ расидаро модарона бӯсиду бо мулоимат гуфт:
— Раъйи шумо олист ва рӯшану маъқул, эй нури чашму чароғи модар! Ҳар чӣ мехоҳед, муборак аст. Аммо… як масъала ҳаст, ки таъхир напазирад…
— Бифармоед, эй модари меҳрубон.
— Мо ҳама бар дину миллати обои хешем ва бузургон фармудаанд, ки дину давлат тавъам аст. Ин нуқтаи муҳимро шумо ҳам, эй фарзонафарзанди модар, хуб медонед. Модари шумо кушоиши корро дар он мебинад, ки дар навбати аввал, бидуни таъхир, шайхулисломро муқаррар ва муайян бикунем, то бо фатвои эшон ҳар амру иқдоми шумо аз ибтидо хушоянд ва мӯътамад шавад.
— Фикратон айни муддаои мост, эй моми меҳрубон! Вале алҳол фардеро намебинам, ки ин маснади олиро шоиста бошад…
— Агар бо назари нек бингарем, фарди арзандаро метавон дарёфт!
— Кӣ бошад ӯ?
– Ӯро Шарофиддин ном ва Маҷдуддин насаб асту мартабааш — аллома! Ҷадди некмаҳзари ӯ бо ҷаъди аълои мо ҳамнишин буданд. Вай мардест мӯътабар, фозилу хирадманд, некрӯй ва хушбӯй…
Он рӯз Қутбиддин бо андаке шубҳа боэҳтиёт ба чашми модар нигоҳи жарф андохта буд. Зеро калимаи охирин ба гӯшаш на онқадар гуворо расиду таҳдор аз худ пурсид: «Чаро модар калимаи «хушбӯй» пурназокат талаффуз кард?» Ва худ ба худ чунин посух гардонда буд: «Модар хуб медонад, ки атриёт маро бисёр хуш меояду аз бӯйи бад сахт нохуш мешавам. Бинобар ин калимаи «хушбӯй»-ро хушоҳанг ба забон овард»…
Оре, он замон шоҳзодаи ҷавон бо хулосаи осон рашку шубҳаро бартараф карда буд. Аммо имрӯз, вақте ки шоҳаншоҳи ҷаҳон асту Санҷару Искандари сонӣ ва оламу одами бисёре дидаву қиссаҳои зиёде шунидааст, калимаи «хушбӯй» ва маҳз ин мардро ба мансаби олӣ пешниҳод кардани модарро ба тарзи дигар маънидод кард. Мастомаст ба хулосае омад, ки солиёни дароз миёни модараш ва шайхулислом дӯстию улфатӣ дигаргуна идома дорад. Агар чунин намебуд, шайх маҷлиси подшоҳро сарфи назар карда, ба сӯҳбати модари шоҳ намерафт…
Хоразмшоҳ чашми хунполо аз чашми пурсаволи шайхулислом дур афканду оҳи сӯзони дил бо шароби сард фурӯ нишонд ва аз байни дандон садо баланд кард:
— Аз маҷлиси мо гурехтани шайх мавзӯи сӯҳбати алоҳида. Баъди сафари Бағдод ба ин муаммо бармегардем. Лекин масъалаи имрӯза лотаъхир. Хӯш, кӣ чӣ пешниҳод дорад?
Ин дафъа аввалин шуда, Шамсуддини Калободӣ овоз баланд кард:
— Сагро аҷалаш ояд, ба домани соҳибаш даҳан меандозад. Худи араб мегӯяд, ки «зараба калбун наҷисун!» Халифаи бераҳмро бераҳмона бояд кӯфт!
Хоразмшоҳ бо аломати таҳсин сар ҷунбонду Зиёуддини Марвазӣ навбати сухан гирифт.
— Медонистем, ки халифаи малъун ба хоразмиён сафои зиёда надошт ва тахми адоват мекошт. Акнун ки ба хоразмиён ҷафои зиёдат раво дидааст, беамон бикӯбем, то мисаш барояд!
Муҷиралмулк Тоҷиддин лаб ба дуои бад кушод:
— Рӯйи бадхоҳи Хоразм чу пушти паланг бод! Илоҳо, аз боди хазон шохи умраш бишканад! Эй шоҳаншоҳи олам, фақат шумо қудрат доред, ки ин касофатро аз сари мусулмонҳо дур андозед. Ман тайёр, ки худи ҳозир бо шамшери бараҳна ба сари халифа тозам!
— Шитоб накунед, ҳазрат! — ба мубоҳиса пайваст котибулиншо. — Мегӯянд, ки ин зимистон барфу сармо бағоят афзун мешавад.
Хоразмшоҳ билфавр зид баромад: