— Барфу сармо садди роҳи мо набуд ва намешавад! Бағдод сармо надорад ва араб чӣ будани барфро намедонад. Дил қавӣ доред ва ба ҳарбу зарб тайёр шавед!
— Яъламуллоҳ46, эй шоҳаншоҳи олам, — овози шайхулислом аз ҳарвақта зайифтар садо дод. — Сармо мешавад ё гармо — Худо медонад. Ҳарбу зарб мешавад ё не — инро ҳам довари ҳақ медонад. Мо ҳамеша ба он мекӯшем, ки кӯдак чу лаб аз шири модар бишӯяд, нахуст исми шарифи шумо гӯяд ва ба шумо фатҳу нусрат ҷӯяд ва гӯяд: Янсуракаллоҳ,47 эй тоҷвари гетӣ! Вале ба хилофат хуҷум карданро нораво ва хато медонам. Ин кор мисли ба теша осмон тарошидан муҳол асту хатарнок! Оқилон ба коре, ки эҳтимоли хатар дошта бошад, машғул нашудаанд…
Хоразмшоҳ дандон ба дандон совида, гуфтори насиҳатомези шайхулисломро то охир шуниду бо кароҳат эрод гирифт:
— Мо мутааҷҷибем ба суханҳои шайх, ки кӯдакро ба итоати шоҳ мехонад, аммо худ итоати шоҳ надорад, ба ҳар усул фармони моро инкор мекунад. Ҳама вакилдорон «самъан ва тоъатан» мегӯянду шайх амри моро хато меҳисобад. Росташро гӯй, ту дар хизмати кистӣ? Фармонбардори мо ё лаганбардори рақиби мо?
— Ман бандаи Худо ва фармонниюши шумоям, эй шоҳаншоҳи олам. То зиндаам, нофармонии шумо намекунам. Ба лаҳни модарбузурги муаззам мегӯям: Садақаллоҳу мин амили солеҳан фалинафсиҳи ва ман асоа фаалайҳо!
— Бас! Ман арабӣ менадонам! Ба хоразмӣ бигӯ, ки чӣ гуфтӣ?
— Худованди азза ва ҷалл мефармояд: ҳар кӣ некӣ кунад, барои худ некӣ хостааст ва ҳар кӣ бадӣ варзад, бад ба вай баргардад!
— Хомӯш!!! — Хоразмшоҳ ончунон баланд бонг зад, ки ҳама вакилдорон аз ҳайбаташ чун барги бед ларзида, ба лаб кулӯх молиданду бо тараҳҳум шайхулисломро нигаристанд. — Ман ба мусулмонҳо некӣ мекунам, зеро халифаи бадро аз байн мебардорам. Ман, ки шоҳаншоҳи давлати Хоразмшоҳиёни кабир ҳастам, сипоҳиёнро фармон медиҳам: барои ҷангидан алайҳи халифа Носир омода бошед! Теғро ба манфиати ислом кор фармоед. Аз ҷонибдори халифаи золим ҳар киро ёбед, ҷо ба ҷо кушед!
Ман пагоҳ ба роҳ мебароям. Агар халифаро зинда нагираму ба сад хорӣ то Ғӯрганҷ набиёрам, Санҷару Сикандар наям!
Шайхулислом, ки аз муомилаи дағалу алфози қабеҳи подшоҳи маст бо хиҷолату маломат сар ба зер афканда, мисли садаи солор сокит меистод, ҳарчанд зӯр зад, худро ором дошта натавонист:
— Эй бузургворшоҳи Хоразм ва адолатпаноҳи муслимин, Худованди олам мартабаи халифаи исломро гиромӣ медорад. Бо амри Худованд ҳеҷ душман бар вай ғолиб наояд. Модарро маранҷонед, то Эзид шуморо наранҷонад…
– Ҳой, шайхи палид, хомӯш шав! Инак, кӣ будани ту ба мо маълум шуд! — шӯълаи ғазаб ва рашк дар оташхонаи дили подшоҳ зад ва бо ваҳшат фарёд зад: — Доруға!!48 Доред ин палидро. Гумоштаи халифа Носир аст ин мунофиқ!! Модарамро бо фанду фиреб бероҳа карду акнун маро аз роҳ заданист. Бандед ӯро!!!
Вакилдорон ангушт ба дандон газиданду котибулиншо шитобон, аммо ҳаросон назди шайхулислом омад ва бехгӯшӣ гуфт:
— Ё шайхи кабир, хоҳед, ки ҷонатон халос шавад, пеши пои подшоҳ сар монеду тавба кунед ва гӯед, ки «Аз Худо шавкати шоҳаншоҳи Хоразм ва шикасти халифа Носир талаб дорам!»
– Ҳаргиз чунин нагӯям! — солор посух гардонд Маҷдуддин. — Дилу имон қавӣ бошад, дарду ғам зайиф шавад. Калиди мо ба қулфи тавба рост намеояд! Охир гуноҳе накарда, чаро тавба гӯям?! Шоҳ аз ҳавзи шароб берун барояд ва ба чашму дилаш сухан дарояд, он гоҳ рӯйи ману кафи пойи ту мегӯям…
Ҷумлаи охирин то гӯши Хоразмшоҳ расиду мастона қоҳ-қоҳ хандид ва бо оҳанги масхара хитоб кард:
— Шунидед? Шайхи палид «рӯйи ману кафи поят» мегӯяд! Ҳа-ҳа-ҳа! Шайхи шарманда аз кори зишташ пушаймон шудааст! Дер шуд, эй донои нодон! Ягон узру тавба қабул намешавад! Жожи жанда махой!! Ҳа-ҳа-ҳа!
Шайхулислом ба қаҳқаҳаи майолуда эътиборе надода, аммо эҳтироми тарафайнро нигоҳ дошта, бо тамкини хос гуфт:
— Агар иҷозати олӣ бошад, чанд ҷумла арза дорам…
— Каломи вопасин мехоҳӣ гуфтан? Марҳабан!
— Алҳамдулиллоҳ, ки Эзиди таъоло ҳама бандаҳои мусулмонро тоати амиралмӯъминин фармудааст ва ҳар он чӣ гуфтем, аз рӯйи ҳимояти ислом ва ғайрати дин ҷойиз донистем. Мо, ки алмудом камари бандагӣ бар миён бастаем, ба дунё дилкашолӣ надорем. Мӯътақидем, ки дар дунёи фонӣ роҳи гузари мо оқибат ба марг аст. Аз рӯзгори Каюмарс то ба имрӯз ҳеҷ касро аз марг маоф накардаанду саду ҳаштод подшоҳи номвар низ ақиби якдигар рафтаанд. Мо ба ҳукми тақдир розием, вале агар шоҳаншоҳи ҷалилушшаън савоб бинад, хатои мо бубахшад ва шайхулисломро ба инсоф ҳукм бигзорад…
Хоразмшоҳ, ки ақли хираву авзои парешон дошт, аз хитобаи садри ислом фақат як калима шунавид ва бонги дурушт бар вай зад:
— Ту дигар шайхулислом нестӣ! Ҳа-ҳа-ҳа! Ту пирхарӣ!! Пирхаре, ки ба мурдан маҳкум шудааст. Ҳа-ҳа-ҳа! Туро дар ҷувол андохта, тарзе бикушем, ки худат қисса карда будӣ…
Хоразмшоҳ рухсораи суп-сурх оташгирифта ва арақшор бо дасторчаи оҳарӣ пок карду доруға ва миршабҳои ба хидмат расидаро фармуд, ки ҷуволи пашмин биёранду шайхро ба дохилаш андозанд ва даҳони ҷуволро бо ресмон банданду то мурданаш бикӯбанд.
Нафаре барои ҷувол тохту ҳамроҳи ӯ Пири муаммари Хоразм, шайхулшайхи олимартаба, поягузори тариқати кубравия ҳазрати Наҷмуддини Кубро ба толор қадам ранҷа намуд.