Бо як дидан аён буд, ки Хоразмшоҳ одаме бар дигар андоза шудааст — басо ҳалиму меҳрубон, хоксору зиндадил ва хушсухану порсо! Ба рақсу шеъру нуқлу май ва базми ҷамшедӣ ягон маротиба ишора накарду дар ҷазираи дарё қалъа сохтани Мимрмаликро маъқул дониста, бештар сипоҳиёнро бо навозиш рӯҳбаланд месохт. Дар ин байн фурсат ёфта, ҳамроҳи мунаҷҷим ахтари толеъ санҷиду саҳеҳ гардонд, то қирони саъдайн дар Хуҷанд — наздик шудани ду ситораи замон некӣ биёрад ва кори саршуда ба хайр анҷомад.

Рафтор ва муносибати Хоразмшоҳ бо аҳли машварати Хуҷанд низ аз маҷлису маъракаҳои қаблӣ куллан фарқ дошт.

Бо табъи хушу табассуми фарох ва риояи аркони каломи подшоҳӣ ҳадафи машваратро ба ҳозирин маълум кард:

— Бар Шумо равшан бод, ки баъди муҳориба бо Ҷӯҷӣ фориғдил будам. Зеро бовар доштам, ки шикаст хӯрдану шармандавор фирор кардани фарзандаш ба Чингиз дарси ибрат мешавад ва минбаъд дониста по мегузорад. Он замон баъзе мушовирон мегуфтанд, ки ба кори Чингиз чандон вазн набояд ниҳод. Ин фикри хатост. Мо набояд фаромӯш кунем, ки Чингиз қавидаст буда, лашкари бисёр дорад. Кишвари Чинро забт кардаасту кайҳост, ки ба молу мулки мо чашм ало намудааст. Ин ҳолат моро водор месозад, ҳушёру бедор бошем ва тадбир бо ақлу хирад андешем. Зеро то чӣ андоза зӯр ё нотавон будани лашкари Чингизро ташреҳ кардани мо ғайриимкон асту ҳама қудрату тавоноӣ ва иҷобат дар дасти Парвардигори олам қарор дорад…

Аввалин тадбири савоби мо мушоварати имрӯза асту масоили худро тибқи маслиҳат ва машварат бо доноёни минтақа ҳаллу фасл мекунем.

Аркони давлату сипоҳ ва мулуки шаҳру вилоятҳои атроф аз муомилаи неки шоҳи тозарӯ масрур гардида, бо дили гарм ва рағбати баланд барои дафъи ҳуҷуми эҳтимолии лашкари Чингиз ба чорасозӣ пардохтанд.

Олими шӯҳратманди Хоразм, яке аз муқаррабони дарбор Шаҳобиддини Хевагӣ, ки барои даромадан ба назди шоҳ ҳамеша рухсат дошту ҳар суханаш аз ҷониби аълоҳазрат ба эътибор гирифта мешуд, пешниҳод кард, ки зиёда аз чорсад ҳазор қушуни мавҷударо дар соҳили Сайҳун сафу ҷамъ овардаю фурсатро аз даст надода, барқвор ба сари лашкари ноогоҳу нимтайёри муғул ногаҳон ҳуҷум овардан шоҳаншоҳи оламро пирӯзӣ меорад.

Ин пешниҳодро Шоҳзода Ҷалолиддин комилан маъқул донист ва афзуд:

— Агар Чингиз пешдастӣ кунад ва ба хоки Хоразм ҳамла орад, аз марҳилаи аввал муқобилияти шадид нишон надода, баъзе шаҳру навоҳии сарҳадиро ба ихтиёраш гузошта, то Хуҷанд оқиб нишинем. Сипас бо лашкари муттаҳиди чорсадҳазорнафара аз соҳили Сайҳун ба душман ҳамла орем ва сараш кӯбему дудаш барорем!

Садри Бухоро ҳар ду таклифро хуш пазируфт ва илова намуд, ки ҳадафи асосии камин нишастан дар соҳили дарёи Сайҳун аз ҷангу хунрезию вайронӣ эмин доштани Хуросону Хоразм асту волиёну сипоҳиёну солорони ин музофотҳо набояд фориғболӣ кунанд ва аз ҳарвақта бештар фаъол ва мададгор бошанд.

Сипаҳбуде аз Хуросон пас аз арзи миннатдорӣ гуфт, ки агар душман зӯрӣ кунаду дашту дамани Мовароуннаҳрро ишғол намояд, дар кӯҳистони мо ҳеҷ кор аз дасташ намеояд. Чунки бероҳаю пайроҳаи кӯҳу дара ва ағбаҳои маҳалро намедонад ва саргаранг гашта, аз тири камону сангу тарма нобуд мешавад.

Ҳокими Самарқанд таклиф кард, ки гирдогирди шаҳрҳои калон мисли бораи Бухоро девори баланд бунёд гардад.

Сипаҳсолоре то Ғазна оқиб нишаста, сипас ба ҳуҷуми қатъӣ гузаштанро маслиҳат доду дигаре бо ними лашкар аз мулки Ҳинд ба Чин ва аз он ҷо ба диёри муғул зарба заданро хотиррасон кард. Дар радифи дигарон Мирмалик низ ба мубоҳиса пайвасту дар ҷазираҳои Сайҳун ва Ҷайҳун қалъаҳои дастнорас сохтан ва аз киштиҳои ҷангӣ ба тухми лашкари Чингиз қирон оварданро муҳимоти ҷангӣ ҳисобид ва хулоса баровард, ки «об ғалаба меорад!»

Қабл аз каломи ҷамъбастии Хоразмшоҳ бо дархости Шаҳобиддини Хевагӣ Пири муаммари маҳфил Бадеуддини Нурӣ ибрози андеша кард ва пас аз арзи сипосу ситоиши суннатӣ гуфт:

— Баъди несту нобуд шудани Кучлук мо осуда нафас кашидем ва шукр гуфтем, ки забони хасми ислом кӯтоҳ ва решаи душмани мусулмонҳо бурида шуд. Аммо як пораи сол гузашт ё не, чархи гардони таърих чеҳраи тирафоми Чингиз ба арсаи подшоҳӣ баровард, ки дар макру тазвир бо Иблис ҳамнишин ва дар қатлу хунрезӣ бо Заҳҳок ҳаммаром аст. Аввалин коре, ки кард, таълифи ёса ва ёсо буд, яъне барои муғулҳо расму ойини нав ҷорӣ карду қоидаву қонуни ҳатмӣ баровард, ки ҳамқавмонаш нукта ба нукта иҷро намоянд. Ёса ва ёсо дар «Ёсоқ» ҷамъбандӣ шуда, қонунномаи муғулҳост, тавре «Қуръон» раҳнамои мост…

Перейти на страницу:

Похожие книги