Эй Хоразмшоҳ, ту ки тойиб81 ва мустағфир82 ҳастӣ, маро ғаффор магир! Ман фалокати Утрор ҳаргиз иғмоз83 намекунам ва ҳаройина хунбаҳои тоҷирон ва алалхусус кини гумоштаи худ Ухун аз ту мехоҳам ва меситонам!! Худованди замину осмон, офаридгори тоҷику туркон воқиф аст, ки азму талоши ман дар ситондани хунбаҳо ҳақ аст! Халқи олам медонад, ки сабабгори ин фалокат ман нестам. Ҳар тӯфону ҳодисот ва куштору қатли ом, ки бо инқизои мӯҳлат ба амал ояд, гуноҳи ту дониста хоҳад шуд…
Фарзандони ман ва фарзандони шаҳидони Утрор ва тамоми ҳамтаборон ба ҳарбу зарб ва интиқом ситондан шитоб доранд. Ман онҳоро бо душворӣ нигоҳ дошта истодаам. Хоҳӣ ки ҷурми бузург авф гардад ва узри гуноҳ пазируфта шавад, ақли солим кор фармою рӯбоҳи маккори Утрор ба дасти шери нари хунхоҳ супор!! Ту ғайри таслиму ризо дигар чора надорӣ, зеро дар олами ислом пуштибоне надорӣ! Халифаи Бағдод дар мактуби худ маро ҳомии ислом ҳисобида, ба ҳокими Хуҷанд таҳсин мехонаду ба ту нафрин! Вай маро ба лашкаркашӣ ҳидоят карда, менависад, ки агар ҷанги мо оғоз ёбад, ҳамаро алорағми ту ба ҷиҳод мехезонад!
Маро моми ман Темучин ном кардааст. Аммо замона маро аз қом84 қоон85 сохту Чингиз лақаб дод, ки ба лафзи ту, эй шоҳи сартавул, маънояш «Марги ту» мешавад! Яъне замона маро — қоони муғулро вазифа ниҳодааст, ки туро — шоҳи Хоразмро бимиронам!!
Агар ба хунбаҳо розӣ нашавӣ, охирсухани ман ҳамагӣ як калима аст: ҷанг!!!
Агар гуфтание дорӣ, сафири арҷманди мо Бағро ибни Кафраҷ дар хидмати туст…»
Ҷалолиддин мутолиаро тамом карда, нафаси сард кашиду саволомез падарро нигарист. Маълум шуд, ки вай маътали нигоҳи писар будаасту ҳадаҳа пурсид:
— Ман чӣ кор кунам?! Чӣ бояд кард?!
— Эй падари меҳрубон, фикри маро пурсидани шумо, ки исботи идроки олии шумост, сарамро ба осмон расонду меҳру садоқати фарзандиро бемунтаҳо гардонд! Бовар дорам, ки бо хираду фазли падарписарӣ ҳама банди бастаи адӯ кушода мешавад! Сухан ҳар чӣ гӯед, ман бандаи ниюшандаам. Шумо донотаред!
— Аз шодии дидани рӯйи чун ту фарзанди доною рамузфаҳм, иншоаллоҳ, ҳама мушкилоти гетӣ ҳал хоҳад шуд.
— Саломат бошед, эй падарҷони ҷони ман! — Ҷалолиддин басо хушком шуд аз он, ки падараш ба номи Худованди ҷону хирад такя намуд. — Худои азза ва ҷалла бар забону дасти шумо ханҷари қотеъ додааст, то моро ба фатҳу нусрат ҳидоят кунед.
— Мулкро бо фикри дурусту ройи равшан нигоҳ доштан кори осон нест, писарам! Сари ин масъалаи чигил андешаю мулоҳизаи мушаххас дорам, аммо намедонам, ки туро маъқул мешавад ё не? Ғайр аз ин, барои ман муҳим он аст, ки ту чӣ пешниҳод дорӣ?
— Нахустин пешниҳоде, ки дар нӯки забонам давр мезанад, як байт шеъри набераатон Камоли Исмоил аст:
— Офарин бар туву писари шоират, эй шоҳписарам! Аз хун даст шустан фикри маъқул аст, вале мо набояд тафриту ифрот кунем, яъне аз ҳад нагузарему кӯтаҳӣ ҳам накунем. Чӣ мешавад, агар таклифи Шаҳобиддини Хевагиро корбаст карда, бо чорсад ҳазор марди муҳорибе, ки дар таки даст дорем, ба мулки муғул ҳуҷум кунем?
— Аллакай вазъият тағйир ёфтаасту ҳамлаи мо ногаҳонӣ намешавад, падарҷон! Мо Чингизро ғафлатгир карда наметавонем. Зеро фарзандони ҷангталабаш ҳама лашкари худ ба по хезондаанду ба сари мо ҳуҷум кардан мехоҳанд. Аз бархӯрди ду лашкар қиёмат дар ҷаҳон меафтад. Хуни муғул Сайҳун мешаваду хуни сартавул Ҷайҳун…
— Дарвоқеъ, маро «шоҳи сартавул» гуфтани ин шоҳи биёбон чӣ маънӣ дорад?
— То ҷое медонам, як ахтаршиноси мағрибӣ, номаш Батлимиюс ё Патолемей дар асари ҷуғрофияш навишта, ки замонҳои хеле қадим қабилае бо номи яксарт атрофи руди Яксарт — ана ҳамин дарёи Сайҳун зиндагӣ мекардаанду касбашон тиҷорат будааст. Калимаи сарт ба забони ҳинду тааллуқ дораду маънояш ба тоҷикӣ бозаргон… Муғулҳо тоҷики сартоб, яъне саркашу нофармони гардантахтаро «сарт» мегӯянду турки саҳрогардро «авул». Хоразмиҳои қадим шахсони аз Эрон омадаро сарт мегуфтанд. Шоҳи сартавул подшоҳи тоҷику турк аст…
— Гапи беҷо набудаасту ман ҳақорат гумон бурда, аз шеъри Рӯдакӣ як байти ҷавобӣ тайёр кардаам:
Хайр, бало ба паси Чингизу лафзи дағалаш! Ту, ки пешниҳоди Хевагиро рад кардӣ, акнун фикри худатро гӯй: тадбири кори он харпадар чун кунем?
— Бо зӯри ақлу хирад вайро саркӯб ва хомӯш гардонем.
— Чӣ хел?!!
— Чингиз худро шер хондаасту Ғойирхонро рӯбоҳ… Дар асл гург аст Чингиз! Гурги қавичанголи тангчашм. Гурге, ки ташнаи хун асту беист уллос мекашад. Як ҷуръа хуни рӯбоҳ кофист, ки хомӯш шавад…
— Ман ҳам борҳо дар кори Ғойир андеша кардам. Оқибат ба чунин хулоса омадам, ки агар ҷиян бо ду дасти адаб тағои худро ба душман барои куштан диҳад, дурушт асту ғализу нописанд ва ноҷавонмардӣ! То ба имрӯз Қоф то Қоф ҷаҳон пур аз хамосаи ҷавонмардию кишваркушоиҳои ман аст. Агар аз дӯғу даранги Чингиз тарсида, тағоям Ғойирхонро ба душман диҳам, шӯҳраи олам ба буздилӣ мешавам, шоҳи тарсу лақаб мегирам… Аз эдун шармандагӣ ҳазор карат авлотар аст размандагӣ!