Идомаи сухани Хоразмшоҳ тахмини умумро тасдиқ кард. Вай бо нӯги ангуштони дасти чап риши кӯтоҳи базебашро шона зада, хаёломез ҷониби Утрор нигаристу ҳар калимаро чида-чида бо салобати хос гуфт:
— Мо бар ин қарор расидем, ки хоҳиши қоони муғул қонеъ гардонем ва Ғойири қосит ба ихтиёри Чингизи хунхоҳ супорем.
Ҳама оҳи сабук кашида, «Чашми бад нарасад!» гӯён бо нидои таҳсин шоҳ ва сафирро таҳният гуфтанд. Хоразмшоҳ, ки бори бағоят гарон аз китф партофта буд, хеле сабукрӯҳ гашту дида нозук сохта, аввал Ҷалолиддин, сипас сафирро нигарист ва пурсид:
— Эй Бағро, боз ягон даъво доред?
Бағро ибни Кафраҷ баъд аз такаллуфи расмӣ ва арзи дуо бо таъзими эҳтиром гуфт:
— Мо шукр мегӯем, ки адолат таҷовуз нашуд. Шуморо, эй шоҳаншоҳи муаззам, офарин мехонем, ки адли подшоҳӣ дар сатҳи олӣ баҷо овардед ва ноқисро фидои комил кардед.
Дигар ягон иддио нест моро! Фақат… корвоне, ки зада шуд…
Хоразмшоҳ дасти рост боло намуда, ба сафир имкони сухан гуфтан надод:
— Чингизи мумсики зарпараст мехоҳад, ки бори ночизи корвони касофатборро баргардонем?
— Не, эй шоҳаншоҳи муаззам! Баръакс, қоони баландҳиммати мо бори ду ҳазор шутур аз матоъ ва қумоши нафис, инчунин ҳамаи панҷсад уштур тиллоро ба Шумо ҳадя мекунад!
— Наход як қошуқ хуни Ғойир ин қадар гаронбаҳо бошад?!
— Ин ҳадя барои Ғойир не…
— Барои кӣ??!
– Ин… ковин аст…
— Чӣ? Эй Бағро, ин лафзи муғул чӣ маъно дорад?
— Лафзи муғул не, ковин ё кобин лафзи порсии қадим. Марди араб маҳр мегӯяд, — сафир аз ваҷоҳати шоҳ тарсид ва дигар заҳрае надошт, ки гап занад.
Хоразмшоҳ вайро маҷбуран ба сӯҳбат кашид:
— Натарс, эй Бағро! Фаҳмидам, ки ковин чист. Акнун бигӯ, ки барои кист?
— Барои арӯси олам… Қоони бузург гуфтанд, ки арӯси ҷаҳонро низ бо худ бубарем…
— Кушоду равшан гап зан, эй Бағро. Арӯси ҷаҳон кист?!
— Нигина…
— Чӣ?!! — Хоразмшоҳ башаст аз тахт хеста, бо тамоми қувват пой бар фарш кӯфт. — Ин Чингиз ақлашро хӯрдааст магар?! Ё девона шудааст??! Як бор талабгор шуду ҷавоби рад гирифт. Боз чӣ мехоҳад? Зиҳӣ дағалӣ!! Зиҳӣ бешарафӣ!!! Зиҳӣ беномусӣ!!!
Ҳоҷиб! Элчиро маҳкам доред!! Дасту пояш бандеду пеши поям партоед!!!
Хоразмшоҳ ончунон ошуфтаю парешон шуду шӯриду колиду ҷӯшиду хурӯшид, ки аз даҳонаш кафк баромаду аз чашмаш дуд! Ҷаҳон пеши чашмаш торик шуд ва номаи Чингизро аз дасти муншӣ рабуда, мисли дарранда лахт-лахт дарронда, ба сари элчии дастбастаи зери пояш хобида пошиду бо тамоми овоз наъра зад:
— Пеши пойи ман номаи Чингизи беҳаё сад пора бод! Пеши пойи ман сафири беадаб сарканда бод!! Кушед инро!!!
То Ҷалолиддин ба худ омад, ки чор муҳофизи наррадеви шоҳаншоҳи олам барқвор ҷаҳида, ончунон ба тезӣ ханҷар заданд, ки сафири бечора на узр гуфта тавонисту на тавба ба забон овард…
Сафири ҷалил ва сарҳанги бузурги Чингизхон, ки лаҳзае пеш аз лутфи ноинтизори шоҳаншоҳ меболид, акнун аз ғазаби ногаҳонии шоҳаншоҳ менолид…
Муддате нолид ва бо азоби алим ҷон ба ҷаббор супорид…
* * *
Шаҳриёри Хуҷанд, бехабар аз охирин рӯйдодҳои фоҷиабори Хуҷанд, дар лаби чашмаи Деҳмой ба оби соф рози дил мегуфт ва дурдонаи муҳаббат месуфт. Вай раҳораҳ бо язаки камсухан шеваи бародарӣ пайваста, кӣ будани меҳмони нозуки Хоразмшоҳро донисту гумон кард, ки шоҳаншоҳи олам кабутари ҳарамро махсус барои нишоти Мирмалик даъват кардааст, то базмро тасфонад ва қаҳрамони размро шод гардонад. Шодондил гашта, фаршу арши таҳонаи Деҳмой — ишратгоҳи хурраму хилвати подшоҳону амирони қадиму ҷадидро бо гулу раёҳин оростаю пероста, шелон87 аз шоҳии Чин густарид. Онро аз меваҷоти рангоранг, шаҳду нӯши гуворо ва ширу шакари ноб пур гардонда, асбоби зиёфат ончунон музайян кард, ки чашми ҳар бинанда ба дидан сер мешуд.
Хотирҷамъ аз таҳона берун баромаду гирду атрофро покиза, лаби чашмаро пургулу сабза дид ва зери лаб «Ёр омаду ёри дилнавоз омад, пеши дили хаста чорасоз омад!» замзама намуда, чашминтизор нишаст. Лаҳзаҳои дидор ва мулоқотро хаёлан тасаввур карду хост боби нави достони ошиқонаро дар сафҳаи дил пешакӣ бинависад. Аммо… «Сухан санҷида гӯй ва ягон ҳарфи зиёдатӣ ба забон набиёр, то шоҳ малӯл нашавад» гуфтани Султон Ҷалолиддин ба хотираш расид ва дилаш таҳ кашид. Фаҳмид, ки сирре дар ин гуфтор ниҳон аст, аммо на одӣ, балки подшоҳӣ! Агар сирре набошад, чаро омадани Нигинаро аз Мирмалик то лаҳзаи охирин пинҳон доштанду раққосаро на дар Хуҷанд, балки дар Деҳмой фуруд овардан мехоҳанд?!