Пашша дар хоб марде заъйиф, залил ва фурумоя аст, ки кори ночиз ва ҳақир анҷом медиҳад. Аз пеши подшоҳ берун паридани пашша далолат бар он аст, ки сӯйи ҳар касе парида бошад, ӯ заъйи- фу нотавон мегардад.
— Фаҳмидам, ки товус моли ман мешаваду пашша ба Чингиз мечаспад! — бо ҷӯшу хурӯши кӯдакона шавқун бардоштанд падарам. — Нокому нотавон мешавад муғули бадбахт! Лекин… пашша шудани товус чӣ таъбир дорад?
— Ба пашша табдил ёфтани товусро таъбир чунин аст, ки он раққоса дигар мисли товус нахиромад, зеро даврони рақсу самоъ интиҳо ёфта, замони васлу ҷимоъ фаро расидааст.
Суханҳои хобгузорро шунида, падарам ҷаҳида аз ҷойхоб хестанд, маро бӯсиданд ва қоҳ-қоҳ хандида, шеър бофтанд:
Хурсандии шоҳаншоҳи оламро дида, табиби шоиртабъ Сайиди Ашраф ҳам табъи дили эшон сухан гуфт:
— Аз хобу хаёли парешон асаби инсон хастаю хароб мешаваду аз таъбири хуш изтироби дил мефизояд. Барои эътидол шароб беҳтарин давост:
Байти шароболуда падарамро маст карду бода хостанд. Илтимосу зораю илтиҷоям асар накард. Такаббуру якравию саркашӣ боло гирифту ҳатто бо оҳанги масхара шеър бофтанд:
— Кор бо шодию шеърбофӣ анҷом ёфт?
– Ҳазор афсӯс, ки не… Ҳоло падарам масти аласт хоб… Рӯз аз шаб фарқ карда наметавонанд…
То дирӯз мо шоду масрур будему душманон оҷизу мақсур91. Зеро падарам маслиҳату насиҳате, ки аз Пири бузургвори замон шуниданд, дар мағзи ҳушу гӯш ҷой дода, ростравӣ шиори худ гардонда, тарки молояънӣ92 карда, аз шаробхорӣ тамоман дасту дил шуста буданд, ҷиддан ба рӯҳоният пайвастан мехостанд. Ҳоло бошад…
Намедонам, оқибати кор чӣ мешуда бошад?!
Мирмалик шунида буд, ки таъбири нопадид шудани товус аз даст рафтани мол аст. Инро нею аз баҳри тасаллои дили солори хеш сухани дӯшиза гуфтан мехост, вале марди ношустарӯ, чиркинлибос, ришу мӯяш расидаю натарошида ва хастаҳоле саросемавор ба саропарда даромаду назди Султон Ҷалолиддин зону зада, замини хидмат бибӯсид ва бо овози хирросӣ гуфт:
— Ба шоҳаншоҳи олам маълум бод, ки фиристода ба дашти муғул ниҳон — омад!
Аз ин муомила Мирмалик чизе нафаҳмид. Вале Султон Ҷалолиддин марди ҳақирро бо меҳрубонӣ ба по рост карду ба мулозим фармуд, то ӯро хуш пазируфтаю хуб меҳмондорӣ карда, пас аз гармоба либоси тоза пӯшонда, чоштгоҳ рост ба хаймаи подшоҳӣ биёрад. Ба Мирмалик дастур дод, ки барои сарони сипоҳ ва амирон панҷоҳ хилъату ҳафт ҷомаҳои фохира омода намуда, боз фармоиш диҳад, ки кошонаи Маҳастӣ барои ташрифи меҳмонҳои олимақом бо асбобу анҷоми шоҳона фавран ҷиҳозонида шавад.
Фармони ногаҳонӣ ва гуфтори пурмуаммои валиаҳд шаҳриёри Хуҷандро ба шигифт овард ва тахмин зад, ки мобайни падару писар дар паси парда гуфтугӯе шудааст. Вале таҳпурсӣ накарду одоби хидмати расмӣ дар сатҳи зарурӣ баҷо оварда, аз пайи иҷрои супориш ба дорулҳукумат равон шуд.
* * *
Шоҳзода мулозим ва дарбонҳоро таъкид намуд, ки сахт қоим ва муқим истода, ҳеҷ касро ба дарун роҳ надиҳанд. Худаш бо эҳтиёти тамом, аммо бе тарсу ларз ба хилватгоҳи подшоҳӣ ворид гардид, то падарро аз хоби гарон бедор намуда, вайро аз омадани шахси мӯътамади подшоҳ, ки ба урдаи Чингиз махсус барои ҷосусӣ фиристода шуда буд, билфавр огоҳ намояд.
Хоразмшоҳи сармаст бо душворӣ чашм кушоду фарзанди азизро дида, ғашу ғурбат накард ва бо лабханди гунаҳфарсо пич-пич кард:
— Хайр аст?
— Фиристода аз пеши Чингиз омадааст.
— Канӣ?!
— Агар иҷозати Шумо шавад, худро ба ифоқа оварда, чоштгоҳ биёяд…
— Раво бошад… Акнун лаҳзае дигар бо фориғдилӣ баросоям.
— Эй падари меҳрубон…
— Хомӯш! Медонам, чӣ гуфтан мехоҳӣ. Аммо ман аз ҷой нахезам, то амри Анварӣ иҷро нашавад!
— Амри шумо аз ҳама амру фармонҳо бартар аст, эй падари меҳрубон. Фақат… намедонам, ки Анварӣ чӣ гуфта?
— Анварӣ мефармояд:
Соқиё, бодаи сабӯҳ биёр!
Донаи доми ҳар футӯҳ биёр!!
Шоҳзода бо ишораи абрӯ надимро ба ҳаракат андохту ба падар ду навиди дигар расонд:
— Дамир Маликро фармудам, ки барои ҳадяи тӯёна панҷоҳ ташрифоти фохира тайёр кунаду ҳафт ҷомаи шоҳӣ ва кошонаи Маҳастӣ барои зисти Нигина мутобиқ созад…
— Офарин, писарам. Ҳамаи тадбирот ба хубӣ сомон додӣ дар кори падар! Бар ту ягон айб нест ва эътирозе надорам. Валекин Худо чунин хост магар, ки сабукбор шудам. Худат ба он кошона раву табъи дили ман ороста гардон. Агар зарурат пайдо шавад, туро пайдо мекунам…
* * *
Фиристода дар вақти муқарраршуда ба хаймаи заррин ворид шуд ва мусоҳибаи махфӣ бе гапу ҳарфи зиёдатӣ оғоз ёфт.