Хоразмшоҳ, ки лаҳзае пеш сабӯҳӣ зада, сархуш буду дили хуррам дошт, танҳо монд ва побанди хаёл гашт. Чеҳраи қоони муғул пеши назараш омад ва аз ҳайбати бад ҳаросе ба дилаш роҳ ёфт. Сипас перомуни чанд ибораю калимаҳои таҳдидомези мактуби Чингиз андеша ронду ошуфтахотир шуд. Қоонро нафринкунон чун аз ҷой хест, ошуфтагӣ аз димоғ бар сараш гузашту мисли гирдбод атрофи чароғи ақлашро печонд. Тори асабаш таранг гашту соқиро фарёд кард, то бода гардонаду аз нашъаи шароби ҷамил малӯлӣ ва хаёли бад аз дил берун андозад.
Пас аз қадаҳи аввал андак сурхӣ ба рӯяш дамид ва «Пеш биёр ҳар чӣ дорӣ аз шаробу кабоб!» гуфту чашму абрӯи Нигина ба назараш намуд. Лаҳзаи висолро тасаввур карда, қадаҳе барои арӯси товусхиром нӯшид ва бо иштиҳои қозгир порае кабоб ба даҳон андохт, ки бағоят хушлаззат буд. Қадаҳе дигар ба сар кашиду порае дигар аз гӯшти мулоим газиду боиштиёқ хойида, лаб ба таҳсин кушод:
— Агар хӯриш хуб бошад, майро гувориш бисёр шавад ва хастагӣ аз тан берун андозад. Имрӯза шароби басо гуворою кабоб лаззатнок аст!
– Ҳамеша комраво бошед, эй шоҳаншоҳи муаззам! Шароби кӯҳнаву гӯшти нав ҳамеша фораму гуворо бошад. Хушхӯру зудҳазм ва ширин аст гӯшти харгӯш…
— Чӣ гуфтӣ?! — гӯштпора аз дасти шоҳ афтид. — Ин кабоб аз гӯшти қуян??!
— Бале, тару тоза! Ҳамин пагоҳӣ шикор шудааст…
Хоразмшоҳ ҷом бар сари соқӣ заду гӯштрезаҳои даҳонаш бударо ба замин туф кард ва то ҷон дошт, баланд дод гуфт:
– Қоч!!!!
Надиму солору табибу нигаҳбонҳо дартоз омаданд ва диданд, ки подшоҳро як нима рухаш зарду дигар нима сурх гашта, аз ҳаяҷони дам ва хафақон ба худ мепечад. Бо амри табиб вайро дарҳол рӯйболо хобонда, оби сард нӯшонданду дасту пойҳояшро маҳкам доштанд, то мавҷи эҳсос ва шӯру валвалаи қалбаш фурӯ нишинад. Зуд ба Султон Ҷалолиддин кас фиристоданду вақте омад, табиб бехгӯшӣ фаҳмонд, ки шоҳаншоҳи олам дучори ваҳла шудааст — ягон чизи нофорамро дидан ё шунидан ҳамон дар вуҷуди инсон тарсу бими ногаҳонӣ пайдо мешавад…
Шоҳзода ғайр аз табиб дигаронро рухсат доду соате ба оромӣ гузашт. Дар ин муддат Сайиди Ашраф бо овози пичирросӣ фаҳмонд, ки ваҳла бемории зудгузар асту вақте дар сари одам фикру хаёли хому каҷу пуч бисёр шаваду шодӣ бо ғаш омезад, дил ба танг меояд. Агар шахс худро аз олами хаёлоти ваҳмангез гурезонда тавонад, зуд шифо меёбад. Табобати ваҳла бо дорую дармон илоҷ надорад ва барои аз майнаи бемор афшондани суханрезаи бисёр муҳити амалро, яъне маҷрои дарёи орзую ҳавасро ҳар чӣ зудтар тағйир мебояд дод…
Хоразмшоҳ чун чашми оламбин бикушод, шоҳписари хеш бар сари болин дид. Аввал «Ҳуҷаста бош, ки ҳастӣ сазовори шоҳаншоҳӣ!» гуфту баъд ба ёди Нигина баланд фарёд кашид:
— Нигинаро пайғом деҳ, то чуноне ки ҳаст, тозон ба канори ман ояд!
Ҷалолиддин хост аз ҷой бархезад, аммо шоҳи табзада кафи ҳасрату надомат ба ҳам молида ва аз бахти нагун, толеи дун ва дунёи буқаламун нолида, дасти фарзанд маҳкам дошту гиряолуд хитоб кард:
— Исто! Ҳозир дар ҳафт осмон як ситора надорам! Шайх бор аз хар афтонд, шоҳ дубора ба хар ниҳод. Нигинаро набиёр, ки моро замона замон намедиҳаду Чингиз амон! Эҳтиёт шав, писарам, аз Чингиз хатар андар хатар хезад! Гурез писарам, ҳар ки аз хатар гурезад, ба шодӣ даровезад! Гурез! Не, исто! Гӯй ки бода биёранд!!
Ҷалолиддин боз аз ҷой хестанӣ шуд, вале падар дудаста домони ӯро дошта, аблаҳвор хандиду даҳонашро калон кушода, пароканда сухан гуфтан идома дод:
— Аз пеши ман наҷунб, писарам! Мешунавӣ, Чингиз меояд! Гӯй ки ба ман май оранд. Не, маёранд! Натарс, Чингиз не вай, Ҳоқонӣ будааст! Овозашро мешунавӣ? Ба ман шеър мехонад шоири пир: «Ваҳшате дорӣ, бирав, бо ваҳши саҳро унс гир!» Фаҳмидӣ? Ҳарфи шоирро ҳарфи девона напиндор! Ҳоқонӣ маро аз Хуҷанд меронад! «Дар Хуҷанд инсу ҷинс бисёр» мегӯяд. «Дар хама ҷо инсу ҷинсу деву парӣ ба фармони ту буду дар Хуҷанд чаппа шуд, қуян шав!» мегӯянд… оъ… Қуяни Чингиз канӣ?! Як пояшро ман хӯрдам, ту нахӯр! Гурез!! Чингиз омад!! Қуян омад!!! Гурез!! Гурез!!! Ту…
Хоразмшоҳро табаш баланду ҳолаш табоҳ гашт, табларза гирифту забон аз даруни ком раҳо карда, сахт газиду вайло кард. Беист забон мехойид ва менолид. Шоҳзодаю табиб дасту пой ва сару ҷоғашро маҳкам дошта, бо азоби алим ором намуданд…
Боз соате ба оромӣ паси сар шуд. Сайиди Ашраф аз чанд гиёҳ маҳлули обакӣ тайёр карду бо пахта ба даҳону бинии Хоразмшоҳ чакконда ва лабу забонашро пок карда, нафаскашию нафасбарориро мӯътадил гардонд ва бо садои пасту маҳзун гуфт:
— Ваҳла ва саръ ҳар ду бемории асаб асту оғози молихулиё. Ин касалии димоғӣ боиси хаёлоти ваҳмангез мегардад. Мариз хаёлӣ ва савдоӣ шуда, хуни сиёҳи шахшӯл мағзи сари хаёлангезашро мехӯрад. Ин ҳолатро олимон тилисми ҳайрати авқом мегӯянду табибони қадим каранҷу меномиданд…
Иқомат дар ин ваҳшатсаро лаҳза ба лаҳза хавфу хатар мефизояду дарди бузург бар вай муставлӣ мегардад. Шоҳаншоҳи муаззамро ин ҷо ҳаловат дар миён, аммо саломат бар канор асту ҳар чӣ зудтар ба макони дигар интиқол диҳем, зиён камтар ва бардошти бори гарон сабуктар мешавад…