Руҷӯи шоир таровиши эҳсоси шоираро дучанд афзуд:
Саъдиро дигар тоқат намонд ва дасти шоираи маҳҷабин ба даст гирифту ҷониби заврақ бурд, то шабҳангоми ширмаҳтоб сайри Сайҳун кунанд.
Сайфуддину Раъно ба заврақи дигар нишастанду ба самти дигар бел заданд…
Шамсиддину Шакархонум ва Шарофиддину Соҷида низ заврақсавор шуданд…
* * *
Андалебҳои хушнаво ба чаро рафтанд, вале Мирмаликро нишот накоҳид ва нашъа напарид. Зеро чаҳор булбул гул дар кафу маъшуқа ба коми дил рафтанд.
Оҳи сабук кашиду ба Нигина гуфт:
— То ба ин лаҳза дилхавотир будам, ки маҳфили Исток зиёфат мешавад ё офат ё мухолафат?! Шукри Яздони пок, ки дилеву пиёлае нашикаст… Дилшодам, ҳарчанд ки асир гаштам…
— Чӣ?! Чӣ хел асир?
— То зиёфат ҳоким будам, вале ҳоло… зулфи мушкинро асиру холи сиёҳро ғуломи ҳалқабаргӯшам! Бифармо, эй оҳуи шерсавор…
Нигина қоҳ-қоҳ хандиду абрӯ ҷунбонд:
— То зиёфат дар тоҷи шоҳаншоҳи олам нигини рахшон менамудам ва ангуштнамои халқ будам, акнун Маликро нигин бар ангуштарини дил шудам. Маро ба ангушти ғайрат оваред ва бар дафтари муҳаббат мӯҳри меҳр аз ранги дил гузоред…
Лафзи пурмуҳаббатро шунида, шаҳриёр шоҳинвор гардан ёзонду бо меҳри дучандон ҷониби сардафтари бонувон назар афканд. Чун назари зебои базм ва дебои разм якҷо шуд, оташаки ноаёне шӯълавар гардид: ҳавои мардӣ ба Мирмалик ғалаба карду шавқи нишот дар дили Нигина ҷунбид. Рухсораи гулрангаш, ки мисли моҳи шаби чаҳордаҳ банур метофт, аз лабханди малеҳо шукуфон гашт. Мирмалик хандаи маъшуқаро ишорати ошиқона пиндошту моилтар ва ошиқтар гашта, парвонавор сӯяш парид ва аз забони ширин ба чил лаҳн сухан гуфта, шавқи вайро ба тамошо бедор сохт:
— Ту ҳаргиз тамошои Сайҳун кардаӣ?
— Не.
— Рафтем ба сайри дарё…
Дар заврақ паҳлӯи ҳам ончунон ҷафс нишастанд, ки аз байнашон тори мӯй намегузашт. Маҳбуба дар дасти чапи маҳбуб ангуштаре заррин дид нигинаш ёқути сурхи бадахшонӣ, бағоят софу дурахшон.
— То кунун чунин ёқуте надидаам! — гуфт бо ҳавас Нигина.
— Гӯшворе бо чунин ёқут туро бахшам, агар маро ба мурод расонӣ…
— Муроди шаҳриёр чӣ бошад?
— Як шоҳписар! Шоҳписаре мехоҳам, ки асилзодаи пок, гавҳари ориёӣ бошад!
Нигина назаре жарф ба чашми Мирмалик андохт ва андешанок гуфт:
— Мардон дар хуррамӣ сухан ба ҳар оҳанг мегӯянд, аммо дар ҳушёрӣ пушаймон мешаванд ба дил ранҷ ва шиканҷ меоранд…
— Агар ту ба дили ман азизтар, наздиктар, накӯтар ва беҳтару маъқултар аз ҳама бонувони олам набудӣ, ин рози муқаддас ҳаргиз ошкор нагуфтаме! — гуфт Мирмалик ва оҳанги руҷӯъ кард. — Чӣ бошад, агар нигоҳи мушфиқона ба қалби орзупарвар намоӣ ва маро ба мақсад расонӣ? Азеро чун маро писар нест, номи ман дар хоку гил афтад…
— Эй шаҳриёр, агар ором нашаведу қарор нагиред, метарсам, ки заврақ чаппа гардаду нияту орзуҳоямон ғарқ шавад!
— Натарс, тани латиф ба оғӯши ман супор, то ҳамеша аз об хушк барорамат!
— Аз нигоҳи мардуми кунҷков метарсам, ки моро мобайни дарё ҳамоғӯш дида, масхараю мазаммат кунанд. Ба худ оед, шаҳриёр…
— Эй Нигина, лоақал дасти худ ба дастам деҳ, то бимолам ва биболам!
— Метарсам, ки сабру тоқат аз дасти шаҳриёр мераваду кафтари кафи даст моҳии зери дарё мешавад…
— Чӣ некӯ аст суханҳои ту! Чӣ хушбӯй ва зебо мӯи ту!
— Мӯи дароз кирои ситоиш набошад. Зеро аввалин чизе, ки аз инсон фурӯ резад, мӯ бошад…
Тоқати Мирмалик тоқ шуду бели заврақронӣ ба ҳоли худ гузошта, хост дилбари ҳозирҷавоб ва айёраи ширинзабон ба оғӯш кашад. Нигина ҳар ду даст ба сандуқи синаи шаҳриёр тиргак карда, хост худро муҳофизат намояд. Вале зӯраш нарасиду беҳол даст афшонд ва… бозубанди хаволгашта даруни об афтонд. Ҳар ду саросема парӯ гашта, онро доштанӣ шуданд, аммо натавонистанд — бозубанди қадима ба қаъри дарё фурӯ рафт.
— Оббо! — гуфт Мирмалик. — Кори нағз нашуд. Лекин, зиқ нашав, даҳчанд беҳтарашро мебахшам.
Нигина аммо заррае зиқ нашуд. Баръакс, худро якуякбора сабук ҳис кард. Зеро банде аз дилаш кушода гашту боре аз китфаш фурӯ афтид. Худ ба худ майлу пайвандаш ба Мирмалик афзуд ва ба шодӣ нидо кард:
– Ғарқ гаштани бозубанд хости Худованд асту соҳибаш онро бозпас ситонд.
— Соҳибаш кӣ бошад?
— Дар дохили бозубанд нохуни шоҳи париён буд ёдгор аз Маҳастӣ! Ин бозубанд маро бандаи рақс гардонду ба мардум роҳат мебахшидам. Чун бозубанд зери об рафт, ҳис кардам, ки дил аз банд раҳид. Акнун маро вақти роҳат расид, эй шаҳриёр:
Нигина вақте шеър мехонд, рӯймол аз сараш афтоду мӯйи анбаросо парешон гашт. Нафастанг шуд магар, ки гиребони пироҳан кушоду пас аз хатми шеър гиряолуд гуфт: