— Сабқати имрӯза озмуни муқаррарии урфӣ не, балки имтиҳони махсуси ҷавонмардӣ асту маҳз бо маслиҳати Пири равшанзамир ва борикназари тариқати мо Ҳазрати Шайх Маслиҳатдини Хуҷандӣ баргузор мешавад. Бо таъбири эшон дӯстон гоҳи зарурат озмун мекунанд ва зӯри худро дар айёми саломат бо мусобиқаи бародарона месанҷанд, то дар рӯзи сахтию мусибат фарёдрас ва мададгори ҳамдигар бошанд.
Ишораи Пирам ба «рӯзи сахтию мусибат» беасос нест. Ҳамаамон хуб медонем, ки замона нотинҷ асту аз ҷониби Хоразм ба диёри мо боди мухолиф мевазад ва ба тӯфон табдил ёфтани он аз эҳтимол дур нест. Агар сухан бепарда гӯем, подшоҳи Хоразм Султон Муҳаммади сонӣ баъди дувоздаҳ соли ҳукмронӣ даъвои ҷаҳонситонӣ дорад. Вай ғуриёнро шикаст дода, Хуросонро пурра ба даст оварда, атобакони форсу диловарони Ироқро мутеъ гардонда, Ҳироту Ғазнинро ба худ тобеъ намуда, Самарқанду Бухорою Ҷандро ба коми оташ кашида, акнун ба диёри азизи мо чашми тамаъ дӯхтаасту Хуҷанду Фарғонаю Исфараю Истаравшану дигар маҳалҳои Суғдзаминро зери тасарруфи худ даровардан мехоҳад.
Аз ҷониби шимол низ боди сард хабарҳои хунук меорад. Барои ташкил кардани давлати бузург ва ягонаи муғул камар бастани Темучин ном пачақбинӣ бо лақаби Чингизхон хеле ташвишангез аст. Ин марди абедониш ва кофири мутлақ лашкаркаши маккору золиму бераҳм асту мегӯянд, ки бар рағми хоразмшоҳиён дандон тез кардааст. Агар ин ду подшоҳ ба ҳам ситезанд, дунё ба харобазор табдил меёбад.
Пири равшанзамири мо, ки оқибати ин фоҷиаро медонанд, таъмини бехатарии марзу бумро муҳимтарин масъалаи доғи рӯз меҳисобанд. Эшон маслиҳат доданд, ки дар сабқати имрӯза ҳар саворе агар хоҳад ва тавонад, беистихора асп тозонад, бехато тир андохтану чустию чолокӣ ва родмардӣ омӯзад, то ба дифои зодбум хештанро омода созад.
Бо ҳидояти Пири Бузургвор мо барои ғолибон илова бар шутуру гӯсфандҳои парворӣ боз ду тӯҳфаи олишон овардаем. Шаҳсавори чобуктарин ва камонвари беҳтарин — ғолиби мутлақи сабқати имрӯза, ки бо қуввату муборизаи шерона ҳамаро тасхир мекунад, ду анори мумтоз мукофот мегирад. Яке анори Зумуррад, ки аз лаълу фурӯзаю лоҷуварди Лаккони Исфара сохта шуда, ба қадри хироҷи яксолаи шаҳри мо арзиш дорад. Нори дуюм анори Ёсин аст аз боғи Унҷӣ, ки Ҳазрати Бадеуддини Нурӣ дар давоми чил рӯз ба ҳар донаи он қудрати чил сураи Ёсин аз дили Қуръони шариф ҷойгузин кардаанд ва ҳар касе онро хӯрад, умрбод бемор нашавад, захми тиру шамшер бар баданаш таъсир накунад.
Ҳоким ду анори мунаввар болои ду каф ниҳода, барои тамошои мардум баланд бардошт: яке чун хуршеди навтулӯъ дурахшон буду дигаре ба сони офтоби ғурубанда сурхи арғувонӣ.
Духтарони аробанишин монанди тамошогарони саҳронишин моту мабҳут гашта, аз ҷоизаҳои сеҳрнок чашм канда наметавонистанд, ки ҳокими баруманд дар ҷойи исташ беист давр гашта, ба ҳамагон манзури назар мекард.
Мӯйсафеди нуроние, ки дар сар дастори мӯҳташам ва дар бар қабои сабзранг дошт, аз айвони садрнишин ба паҳлӯи ҳоким фуромад ва даст ба дуо бардошт:
— Эй халоиқ! Ба номи Парвардигори бахшояндаи меҳрубон дуо мекунем, ки ҳар довталаби асилро нусрат надиму бахт рафиқ, дил беғаму раъият ҳамдам, фирӯзӣ ёру Худо мададгор бошад.
Омин ё Раббулъоламин!
Ҳама баробар даст ба рӯй кашиданд ва сабқат расман оғоз ёфт.
Духтарон низ баробари дигарон омин карданду бо як овоз «Илоҳо, Мирмалик ғолиб барояд!» гуфтанд. Назорат иловатан пурсид:
— Ин мӯйсафеди хушлибос кӣ бошад?
– Қозикалони Тамохуш Шайх Муҳаммад, бародари бародархонди мо Усто Мулло ҳамин шахси мӯътабаранд, — бо оҳанги тафохур посух гардонд Абдулсайид.
– Ҳар ду писари эшон — Шаҳобиддину Аҳмад шоири баркамоланд ва ҷӯраҳои ҷонии мананд! — Абдулмаҷид даст ба сандуқи сина зада, оҳанги гуфтори аввалиро идома бахшид. Вале дарҳол тарзи гуфтор дигар кард: — Гап тамом! Ба майдон нигаред, мусобиқа сар шуд!
Бо нишондоди мири мусобиқа надимон ба ҷойҳои зарурӣ нишона гузоштанд ва доварон иштирокчиёни даври аввали мусобиқаи аспдавониро ба дувоздаҳ гурӯҳи ҳафтнафара тақсим карданд. Чун гурӯҳи нахустин болои ишорахат саф кашид, сардовар бори дигар қойидаҳои сабқатро хотиррасон кард. Дуҳулзан зарба ба нақора задан ҳамон ҳафт савора ба аспи худ баробар маҳмез заданд ва сабқат оғоз карданд.
Баъди соате аз ҳар гурӯҳе якнафарӣ — ҷамъ дувоздаҳ ғолиби дави аввал муайян гардиду ҳар кадоме як гӯсфанди бахта мукофот гирифта, барои ширкат дар дави дуюм ҳуқуқ пайдо намуд. Дигарон тамошобини муваққатӣ шуданд. Сабзалӣ яке аз онҳо буд…
Сардовар ғолибонро гирди худ ҷамъ овард барои қуръакашӣ ва ташкили шаш гурӯҳи дунафарӣ. Ба ин мақсад номи шаш касро алоҳида-алоҳида дар коғазпорае навишту ҳар кадомеро лӯлапеч намуда, ба халтаи ҳозиркардаи надим андохт ва ӯро фармуд чун элак битакад. Сипас ба шаш ғолиби дигар гуфт, ки аз халта яктоӣ лӯлакоғаз гиранд ва ҳарифи худро худашон муайян кунанд.