— Ин шеърро дар боздиди охирин Сайфуддин ба шумо бахшидагӣ? — мароқ зоҳир кард Нигина.
— Не, ягон сол пештар. Ҳини мулоқоти охирин вай ҳавоси парешон дошт, дилозурда буд.
— Чаро?
— Бародари беморашро аз Самарқанд ба Исфара мебурд. Шаҳобуддин бо душворӣ нафас мекашид…
— Худо Шаҳобиддинро дар паноҳи худ нигаҳ дорад, ки хеши мост…
— Вай… магар араб аст? — аз ҳаяҷон забон хойид Нигина.
— Ду сол пеш хонаи ҳамсояамон меҳмонӣ омада буд. Аз пушти девор баръало шунидам, ки бо лаҳҷаи қурайшӣ равон ҳарф мезад. Ҳатто як шеъри арабӣ хонд!
— Шояд ин фикри Фотима дуруст бошад, зеро Сайфиддин дар як қасидааш байти соядоре гуфтааст, — Зиёуддин лаҳзае буни гӯш хорида, бо душворӣ мисраъҳои ҳасбиҳолии ҳамсабақашро ба забон овард:
Фотима ғолибона ҳамроҳонашро нигаристу бо нимтаъзим ба устод барои дастгирӣ арзи сипос кард. Аммо шоир бо заҳрханд гуфт:
— Араб будани ҷадди чаҳоруми Сайфуддин ва ба Салмони Порсӣ часпидани шаҷараи Зиёуддин он қадар муҳим нест. Муҳим он аст, ки Сайфуддин Исфарангию Зиёуддин Хуҷандӣ асту чунин хоҳад монд:
* * *
Таҳсил дар мадраса барои Нигина душворӣ надошт. Зеро аз Бибинурӣ сабақи комил ва дониши зиёд омӯхта буду пайваста мекӯшид, ки ба илми муҷаррад қаноат накарда, баробари Қуръону Ҳафтяку Чоркитоб девон ва осори адибону фозилонро мутолиа намояд. Садри Байтулхуҷанда Зиёуддину Фариди котибро амак хонду чун фурсат меёфт, бо қадами пӯянда ба кошонаи Маҳастӣ мешитофт ва бо азми ҷӯянда дар китобхонаи пурганҷ соатҳо ғарқи мутолиа мешуд. Агар нафаре аз дар дарояд, бо умед менигарист, ки шояд Сайфуддин аз Исфара омада бошад…
Раҳпоӣ се моҳ зиёдтар тӯл кашиду Нигинаро ҳавои диёр ва меҳри падару модар аз замир сар зад. Худ ба худ шикастаҳол гашту дар дилаш шавқи таҳсил ва рағбати омӯзиш мисли чароғи хирасӯз бенур шуд.
Барои маслиҳат пеши Бобокалони Бузургаш омад. Шайх Маслиҳатдин вайро бодиққат шунид ва хандид:
— Сад рӯзи расо интизори ин лаҳза будам, эй духти мастураи бобо! Ту аз Ворух баромадию як байт шеър маро пеши назар омада буд:
Чун туро дар Хуҷанд дидам, маънии байт комилан равшан гашт. Фаҳмидам, ки Парвардигори олам моро қудрате додааст, то қуввати ҷодуро несту нобуд гардонем. Зеро баробари ба Хуҷанд омадани ту кушода шудани мадрасаи нав ҳаргиз тасодуфӣ нест ва ту барои он толибилм шудӣ, ки тилисм ҳаргиз мадори сарпанҷа задан бо илм надорад! Яъне ҳар рӯзи хониш ресмони ҷодуро як ришта фарсуда мекунаду азбаски аз ҷодухона дур ҳастӣ, аҷузкампир туро надидаву бӯятро нашамида, тадриҷан шикастаҷон мегардад. Яъне туро қуввати рӯҳонӣ ҳар қадар афзояд, тилисмро қуввати шайтонӣ ҳамон қадар кам шуда, баъди ҳафт моҳ гусехта мешавад. Он гоҳ мо туро маслиҳат медиҳем, ки бо хотири ҷамъ ба Ворух баргардӣ.
Бо таъсири сӯҳбати рӯҳафзо Нигина рӯҳбаланд гашт. Қавл дод, ки чор моҳи боқимонда низ таҳсилро бо раъйи рост идома бахшида, таҳсини устодонро сазовор мегардад, то тилисму ҷоду тамоман нобуд шавад.
Бо чунин азму ният фикри Ворух рафтанро аз сар дур андохту машғулияте кофт, то худро андармон созад. Бисоти аз хона овардаашро тит карда, чашмаш ба китоби докапеч афтид, ки нахустин ҳадяи Мирмалик буд. Бо дили гумзада «Чоргоҳи Маҳастӣ»-ро кушоду аз бӯяш машом муаттар сохт, аммо нахонда, фақат варақгардон кард. Вай азёд медонист, ки гоҳи якум ҳамагӣ сӣ рубоӣ дораду гоҳи дуюм шасту ҳафт ва ин навиштаҳо давраи ҷавонии шоираро дарбар мегиранд. Панҷоҳу шаш чаҳорпояи гоҳи сеюм ганҷавӣ асту фарогири зиндагии пуршӯри Маҳастӣ дар Ганҷа. Панҷоҳу ду рубоиёти гоҳи чаҳорум бошад, дар Балху Марв эҷод гардида, саршор аз латофату ҳурмат нисбати Умари Хайём аст…
Дар дили Нигина хоҳише пайдо шуд, ки рубоиҳои ин ду шоири маҳбубро бо ҳам муқоиса кунад. Вале ҳарчанд кофт, дар ҳуҷра китоби Хайёмро наёфт. Лоҷарам, «Чоргоҳи Маҳастӣ» дар бағал, ҷониби кошонаи Маҳастӣ роҳ пеш гирифт.