— Ман ҳам чанд гапу калоча шунидам, — бо эҳтиёт атрофро нигариста, овозашро як парда паст намуд Иброҳимхоҷа. — Мегӯянд, ки имсол дар иди зардолуи Исфара подшоҳи олам Султон Муҳаммади Хоразмшоҳ иштирок мекардааст!
— Султон не, писараш… Шаҳзода Ҷалолиддин имрӯз ба Исфара меомадааст! Мегӯянд, ки вай дар Фарғона ҳокими қарохониҳоро сари зону шинондаасту ба ин муносибат дар Исфара базми подшоҳӣ мешудааст…
– Ҳамааш фаҳмо! — гуфт бо оҳанги ҷамъбаст Шайх Бурҳониддин ва ҳамроҳонашро ҳадаҳа кард: — Зуд бошед, аз тамошо дер намонем. Шоҳзода, ки ояд, Мирмалик ҳам меояд!
Шоҳзода Ҷалолиддин ва аҳли рикобаш аз ҷониби Лаккон, ки дарвозаи Фарғона аст, ба Исфара ворид шуданду чун ба маҳаллаи Устомулло расиданд, созандаҳо таблу санҷ заданду карраною испедмӯҳраро бод бардамиданд ва аз танини осмонрас аспҳои хастагашта ҳушёр шуда, бо чашми изтироб атрофро нигаристанд. Лек бар ивази сипоҳиёни ҷавшанпӯши ханҷарбадаст гулдухтарони парниёнпӯши дар даст нону намакро дида, савораю савориҳо ором гирифтанду масрур ва мағрур ба атрофу акноф чашм давонданд. Пазироӣ зуд анҷом ёфту ҳамагон ҷониби қалъаи ҳокимнишин равона шуданд, ки дар маҳаллаи Сари Баландӣ воқеъ буд. Тамоми роҳ дуҳулзан пеш-пеш рафта, бар табира даввол мезаду аз ҳафтсола то ҳафтодсола Шоҳзода Ҷалолиддини аввалмақомро бо тавозӯъ «Хайра мақдам!» мегуфтанд. Шайх Бурҳониддину ҳамсараш, Нигинаю падару амакаш низ дар қатори пешвозгирандаҳо истода, бо чашмони муштоқ Мирмаликро мекофтанд, ки яке аз чил савораи гирди Шоҳзода буд, аммо ҳатто дар гӯшаи хаёлаш набуд, ки тағояш бо дигар наздиконаш даҳ қадам дуртар чорчашма вайро меҷӯянд.
Охирин сарбоз ба куҳандиз даромадан ҳамон дарвозаи бузург пӯшида шуду мардуми зиёд ва аксари мизбонҳо берун монданд. Аз ворухиён фақат Иброҳимхоҷаи кадхудо ба дарун роҳ ёфту дар кунҷе рост истода, мушоҳида кард, ки меҳмони гиромӣ ва нозукро рӯйи шоҳкати зери маҷнунбеди кокулпарешон болои чор рахт кӯрпачаи шоҳӣ шинонданд. Аз ду ҷониб болишҳои мулойими зеҳзаррин ниҳода, имкон фароҳам оварданд, то бе малоли хотир каҷпаҳлӯ зада, бо ҳаловати том чойи санҷидӣ бинӯшад ва кӯфти роҳ барорад. Канизакони озодаву ғуломони тозалибос бешавқуну мағал, аммо чусту чолок ҳаракат карда, ба Шоҳзодаю ҳамроҳонаш, ки аксарашон ашрофу амирзодаю сипаҳбуди ҷоннисор буданд, дар косаҳои заррин кангар оварданд ва бо лафзи пурназокат фаҳмонданд, ки ин таоми дармонбахш беҳтарин даво барои дафъи хастагӣ асту онро аз сиёҳалафи кӯҳи Ғизолон ва беҳтарин райҳони соҳили Исфараруд пухтаанд.
Баъди таом барои истироҳат андаке вақт ҷудо гардид ва кадхудо дарҳол ба ҷустуҷӯйи Мирмалик сар кард. Бо табассуми сохта дар байни сипоҳиёни солор оҳиста қадам гузоштаю беист ибораи «Ягон хизмат ҳаст?» нӯки забон оварда, оқибат чеҳраи ошноро дид. Қадам бебоктар ниҳоду «Ассалом, Мирмалик!» гуфт ва дар интизори посух карахт истод. Мирмалик лаҳзае ба чеҳраи кадхудо синча карду шинохт ва «Иброҳимхоҷа шумоед?!» гӯён, оғӯши пурмеҳр калон кушода, аввал аз саломатии тағо пурсид.
– Ҳазрати Шайх Бурҳониддин ҳамин ҷо… дар берун…
Мирмалик дигар ҳарфе нагуфта, зуд назди Шоҳзода рафту қомати баланд хам намуда, хушхабар ба гӯши муборак расонд. Ҷалолиддин хушҳол гашт, вале Мирмаликро рухсат надод, ки дарҳол берун давад, балки сухане бехгӯшӣ гуфт. Мирмалик одоби таъзим баҷо оварда, бо тавозӯъ қафо гашту лаб ба гӯши кадхудо наздик расонд:
— Ба шумо рухсат шуд, ки аз қалъа берун бароед ва тағоямро хотирҷамъ намоед. Пас аз як-ду пиёла чой мо низ бадар мешавем ва лаб-лаби ҷӯйбор сайри зардолу карда, ба мастабаи Зумурадшоҳ меравем, ки базмгоҳи асосӣ он ҷо будааст. Иншоаллоҳ, дар берун дида ба дидор мерасад. Ишораи маро интизор бошед…
Муждаи кадхудоро шунида, Нигина оҳи сабук кашид, ки оқибат дурри мақсуд ба каф меояду Мирмаликро мебинад. Азбаски Бибинурӣ ҳам ташнаи дидори ҷигарбанди шоҳсавораш буд, ҳар ду монанди дигар занону духтарони фаранҷидор ва чодарбасар аз мардҳо ҷудо, дар мазраи сабзи лаби ҷӯ нишастанд. Дари қалъа кушода шудан ҳамон аз ҳар канора садои карнай ва нақора баланд гашту аз оғози Иди зардолу башорат дода, ҳамаро ба ҷунбиш овард. Меҳмони олиқадр пешопешу аҳли рикоб аз дунбол бо роҳбаладии боғбони машҳури диёр Ғиёсиддини Нозӯр аз тарафи офтобшинам ба боғи Чилмева даромаданд. Ин саробӯстон дар шафати маҳаллаи Сари Баландӣ қад-қади ҷуйи Мулдон доман паҳн карда буду аз зардолую шафтолую себу муруд то чормағзу санҷиду бодом, мувофиқи номаш, чил навъ шаҳдмеваи шакаррез дошт. Фақат аз як худи зардолу дар ин боғи шоҳона даҳ намуди ширинтаринаш — қандаку хурмоӣ, дарафшаку бинигорӣ, ширпайванду маҳтобӣ, ҷавпазаку мирсанҷалӣ ва худрезаку ҷавзоӣ паҳлуи ҳам руста, ба якдигар рангу тароват бахшида, ҳар роҳгузарро ширинком мекарданд.