— Худованди Хоразми бузург, шоҳаншоҳи муаззам ва осмон- қадри замон, ҷаҳондори музаффари масъуд ва кишваркушой, каҳф-ул-фуқаро, мулоз-ул-ғурабо, мураббиюл фузало, муҳиб-ул-атқиё ва анбиё, аълоҳазрати ҳумоюнӣ Қутбиддин Санҷари замон ва Искандари сонӣ Муҳаммади Хоразмшоҳ ташриф мефармоянд!
Садои карнаю сурнай ва таблу дуҳул аз равоқҳои толори муаззам бо оҳанги нишотафзо ба якборагӣ танин андохт ва аҳли маҷлис дастафшон ба таҳсину таҳнияти шоҳи Ҷалили Хоразм бонги хушҳолӣ заданд.
Дари дутабақа ва тиллокории воридгоҳи ҷониби шарқ бесадо кушода шуд ва як села гулдухтарони хушлибосу хубчеҳра ва ҳамқадубаст, ки чун себи сурхи хубонӣ шабеҳи якдигар буданд ва гулу раёҳин дар даст доштанд, дар ду тарафи пойандози бахмалӣ, ки аз остона то пояи тахт густурда шуда буд, саф кашиданд. Ва чун суроби Қутбиддиншоҳ намудор гардид, хурӯшу ғирев ва ғулғула то ба Сурайё расид.
Шоҳи ғолиб ҳақиқатан ҳам хуршедсимо ва хуршедтоб буду фарри эзидӣ дошт. Вай ба расми аҷдодӣ калонсув — кулоҳи хоразмӣ бар сар ниҳода, ҷомаи ҳарир пӯшида ва камарбанди зарварақи абрешимӣ бар миён баста, бо виқору тамкин ба маҷлисгоҳ ворид шуд. Вай қадам мемонду гулдухтарон ба русуми шоҳони Аҷам зери пояш барги гулу райҳон нисор мекарданд.
Вақте шоҳ ба пеши тахти мӯҳташам расид, навозандаҳо баробар зарбу оҳанг қатъ карданд ва духтарон чун мавҷи гул бадар рафтанд. Хоразмшоҳ бо такаббури аҷдодӣ салом гуфту бароҳат бар курсии мулк нишаст. Дар толор чунон хомӯшие ба амал омад, ки агар кас бодиққат гӯш андозад, таппиши дили подшоҳро баръало шунида метавонист. Ва ӯ ҳаяҷону изтироби қалбашро бо ибораи «Ё раббӣ, анта раҷоӣ! — Парвардигоро, ту умеди ман ҳастӣ!» фурӯ нишонда, бо номи Худованди ҷону хирад салису равон сухан оғоз намуд. Аз ҳарфу ҳиҷои нахустин ба он мекӯшид, то каломи мавзун ботамкин ва санҷида ба забон орад, зеро хуб медонист, ки сухани подшоҳон сабуку реза набояд бошад.
Пас аз ситоиши пайғамбарон ва шоҳони бузурги олам ҳозиринро фаровон дуруду салом гуфт ва афзуд:
— Парвардгори оламро сипос ва шукри беҳад мегӯям, ки ниёи мо падар бар падар садри Хоразм буданд ва мо қадам бар қадам бо оини шоҳони пешин меравем. Фатҳу зафар ҳамеша ёри мост. Хоразми Кабир ба давлати муқтадир мубаддал гардид. Мулки мо аз баҳри Хазар то халиҷи Порс ва кӯҳи Ҳиндукуш доман паҳн кардааст! Давлати мо таъна бар Мисру Ҳинду Чин мезанад!! Ахиран мо бо подшоҳи қарахито муҳориба карда, Гӯрмоли ғаюрро саркӯб кардему ҷаҳонро аз тухми куффор пок гардондем. Шоирон фатҳнома навиштанду моро Искандари Сонӣ унвон ниҳоданд. Мо шукргузорем, ки ҷойгузини Санҷар ва Искандар шудаем ва орифон Залиллоҳ25 мегӯянд. Шумо ифтихор кунед, ки чунин сарвар доред! Фатҳнома ба ҳама шаҳру навоҳӣ фиристед, то хушхабар дар ҷаҳон пароканда шавад. Ҳама меҳтарони кишвар огоҳ созед, то хутба таври сазовор бихонанд ва бо унвони Искандарӣ сикка бизананд.
Шумо ҳама фарзандон ва бародарони манед. Минбаъд низ якҷоя бо Шумо зидди душман ҳарб мекунам. Ҳоло ба самъи Шумо мерасонам, ки мо қарор кардем дар ин рӯзи муборак ҳар яки Шуморо бо хилъату инъоми подшоҳӣ сарфароз гардонем.
Аҳли толорро ин каломи меҳрубонӣ баробар аз ҷой хезонд ва чун дар сафи намоз баробар таъзим баҷо оварда, бо нерӯи тоза давоми сухани Шоҳаншоҳи кабирро бо мароқи том шуниданд.
— Лашкариён сутуни салтанат мебошанд ва мо қарор додем, ки ба шарафи ғалабаи бузург ба ҳар сипоҳӣ сад динори хоразмӣ тӯҳфа намоем ва ба муддати як сол аз раъияти Хоразм ушри чизе нахоҳем.
Роҳи подшоҳон ҳамеша равшан аз чароғи дили фарзонагон ва оқилу доноён аст. Дар ин ҷода низ мо пайрави содиқи ҷадду обои хешем. Агар олими пурдон Исмоили Ҷузҷонӣ ба Қутбиддин Муҳаммади аввал даҳҷилдаи «Захираи хоразмшоҳӣ» бахшид, Имом Фахриддини Розӣ ба Қутбиддин Муҳаммади сонӣ «Ҷомеъ-ул-улум» ҳадя кард! Аз имрӯз эътиборан Боғи Ҳазорбед комилан ба ихтиёри аҳли қалам мегузорем. Бовар дорем, ки адибон чун «Захираи Хоразмшоҳӣ» асарҳои пурарзиш ба мо ҳадя меоранд.
Вобаста ба ин масъала як нуктаи муҳим ва нозукро мехоҳам ба таври махсус таъкид созам. Аз қадимулайём дар марзу буми Хоразм туркон ва тоҷикон мисли ду бародар буданду ҳастанд ва мо низ ба онҳо муносибати мусовӣ бояд дошта бошем. Ҳам дар базм ва ҳам дар разм аз маҳорату иқтидори онҳо тарафайн баҳрабардор гардем, ҳам улба ва ҳам улбо26 бетафриқа бо ҳам бубинем.
Мо идомабахши фатҳу нусрати Хоразмшоҳони бузургем ва сари Гӯрмол ба хок молидем, тахту бахташро шикастем, аммо аждаҳои наве сар бардоштааст, ки номаш Темучин, лақабаш Чингиз аст. Ин бутпараст дар пеши мо ҳақир аст, лекин моро мебояд ҳар лаҳза омодаи ҳарб бошем. Хоҳиши замирӣ ба шумо ин аст, ки бо мо дурустпаймон бошед, то бо тадриҷ ва тадбир хоки душман ба бод афканем!
Ҳама бо нидоҳои «Зиҳӣ шоҳаншоҳи олам!», «Комёб бодо Санҷари сонӣ!», «Ҷовидон бодо Искандари сонӣ!» аз ҷой бархестанд. Гаронмоягон ва номдорони хиттаи Хоразм аз ҳар сӯи толор бари домони Султон Муҳаммад Заллиллоҳро бӯсида, зару гавҳар ба пеши пояш фурӯ рехтанд ва бо шоҳӣ бар вай салом карданд.
Шайх Маҷдуддин порае аз Қуръони азимушшаън қироат намуд ва Шоҳаншоҳи кабирро дуои нек кард: