Хоразмшоҳ шеъри тару тоза ва устодонаро шуниду бовар кард, ки Сайфуддини Исфарангӣ метавонад дурри гаронбаҳо бадеҳатан суфтаю пурҷило гардонад. Ӯро сано хонду ситоиш кард, фармуд, то хилъати хос диҳанд ва бар сараш кӯлоҳи маликӣ ниҳанд. Сипас ба паҳлуи худ шинонду гуфт:
— Шод бош, эй Сайфи Исфаранг, ки туро бар басити мулки Хоразмшоҳиёни Кабир назир нест. Шоире муборакнафас, ки дархурди шавкати мо бошад, падид омад! Аҳлан ва марҳабан, эй малик-ул-калом!!
Ҷалолиддини некурӯй, ҷаъдмӯй ва ҷиддисимо, ки алмудом абрувони гиреҳбаста дошту ҳафтае як бор бо душворӣ табассум мекард, хандон-хандон лаб аз садафдандон бардошт:
— Шумо ҳам шод бошед, эй падари меҳрубон! Ман ҳам шодам, ки дар паҳлуи Санҷари замон ҷойгузини Умари Хайёмро мебинам! Акнун вақти он расида, ки Маҳастии замонро ба Шумо пешкаш намоям…
— Куҷост ӯ?
— Вай дар паҳлуи модари азизи хонадони мо нишастааст. Ин кавкаби рахшони Исфара дуюмин ҳадяи фарзандии мо ба Искандари замон аст! Иҷозат диҳед, дар ҳузури ҳама бузургони давлат ва надимони ҳазрати ҳумоюнӣ, ки дар базми ҷамшедӣ мураттабанд, кабутари ҳарам ҳунари хеш ба шумо манзур гардонад…
— Раво бошад, эй шоҳписари падар. То мо хушему ишрати мо хуш аст, ҷаҳон хуш бошад!
Устод Комгор дарҳол ғижжак ба даст гирифту нолаи ушшоқ аз фарш то арш расид. Салими Ҳобон — найнавози машҳури Хуросон ба вай ҷӯр шуд. Дигар мусиқорҳо чангу барбату даф ва рубобу шоҳруд ба наво оварданд. Овози хуш аз кому даҳону лаби шаҳдрези Шакархонум ба толор танин андохт. Нигина чун ҳавои ушшоқи «Хуросон» гирифт, бо лаби чун ғунча шукуфта аз парда хесту ба саҳна баромад, даст бароварду ниқоб бидарид. Гӯиё моҳи тобон аз паси абр берун шуд! Домани аз барги гул поктарро сабук афшонду сӯйи Хоразмшоҳ нигоҳи гарм афканда, дасти адаб ба сина ниҳода, дилбарона таъзим кард ва баъде ки мутрибон ба якдигар бо меҳр даромехтанд, бо ноз ба ҷилва омаду аз нуру кавкаби рахшон атроф мунаввар гардонд. Дар базмгоҳ гилеми ҳазорнақше буд ғаниматӣ аз кохи шоҳони сосонӣ, ки ҳаштод бар ҳаштод газ32 андоза дошт. Нигина миёнашро хам додаву ҳалқа андар ҳалқа зада, хиромон давр гашту бо кафши аз гулбарг маҳинтар болои гилем баромад ва ончунон гарм ҷавлон рафт, ки гӯё дар найистони дили бинандаҳо оташ андохт. Дарзамон фарёду хурӯш аз ниҳоди умум баромад ва толор ларзид. Хурду бузург баробар офарин хонданду зери пояш гавҳарҳо фишонданд.
Набераи маҳбуби Хоразмшоҳ ва дӯсти беғарази Нигина, шоири дилбеқарор Камоли Исмоил чун ҳамеша инони ихтиёр аз даст дода, бо шавқу шӯри ҷавонӣ садо кард: